Шеърхо дар бораи ЯТИМ

Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Дар ин саҳифа шеър дар васфи Ятим ва ятими, шеър дар бораи Ятим оварда мешавад.

Шеърхо дар бораи ЯТИМ

Падармурдаро соя бар сар фикан,
Ғубораш бияфшону хораш бикан.

Надонӣ, чӣ будаш фурӯ монда сахт,
Бувад тоза бе бех ҳаргиз дарахт?!

Давоми матн пас аз блоки реклама

Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Ятим ар бигиряд, кӣ нозаш харад?
В-агар хашм гирад, кӣ бораш барад?

Ало, то нагиряд, ки арши азим,
Биларзад ҳаме, гар бигиряд ятим.

Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,
Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок.

Агар сояи худ бирафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам.

Агар бар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Кунун душманон гар барандам асир,
Набошад кас аз дӯстонам насир*,

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.

Яке хори пои ятиме биканд,
Ба хоб-андараш дид Садри Хуҷанд.

Ҳаме гуфту дар равзаҳо мечамид,
К-аз он хор бар ман чӣ гулҳо дамид.

Саъдии Шерозӣ

Иншо дар бораи ЯТИМ >>

Ҳар ки хандонад ятими хастаро (иншо)

Барои аз мақолаҳои нави мо хабардор шудан