Калима. Маънои лугави ва грамматикии калима

Калима чист? Маънои луғавӣ ва грамматикии калима

Калима воҳиди асосии забон мебошад. Бо ёрии калимаҳо мо ҷумла месозем ва фикри худро ифода мекунем.

Калима ду ҷиҳати ба ҳам алоқаманд: ҷиҳати овозӣ ва ҷиҳати маъноӣ дорад.

Маҷмӯи овозҳое, ки ин ё он маъноро ифода мекунад, калима номида мешавад. Масалан, калимаи хона аз пайвасти овозҳои х-о-н-а сохта шуда, маънои истиқоматгоҳ, ҷойи зистро ифода мекунад.

 Калимаҳоро аз ҷиҳати ифодаи маъно ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд:

1.Калимаҳое, ки маънои луғавӣ доранд ва ба савол ҷавоб мешаванд: об, замин, некӣ, муаллим, зебо, дур, ман, мо, рафтан, гуфтан, дирӯз, оҳиста. Ин гурӯҳи калимаҳо ҳиссаҳои мустақили нутқанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

2.Калимаҳое, ки маънои мустақил надоранд ва ба савол ҷавоб намешаванд: аз, ба, барои, ки, вале, зеро, чунки. Ин гурӯҳи калимаҳоро ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ меноманд.

Ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доштан ва хусусиятҳои забонии онро доштан маънои грамматикии калимаро мефаҳмонад.