Сигаи хабари.
Сиғаи хабарӣ ба вуқӯъ омадан ва ё наомадани амалро дар ҳамаи замонҳо ифода мекунад: омад, наомад, меояд, хоҳад омад, омадааст, омада истодааст.
Ба ин сиға шаклҳои замони гузашта (гуфтам, мегуфтам, гуфта будам…), баъзе шаклҳои замони ҳозира (гуфта истодам) ва ояндаи феъл (хоҳам гуфт) мансубанд.
Машқи 398. Порчаҳои шеъриро нависед ва сиғаи хабариашро муайян кунед.
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тийиб,
Бо сад ҳазор зинату ороиши аҷиб.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Бас нуру хирад давлати Сомон овард,
Фарҳанги ҷаҳонро ба Хуросон овард.
Бар беҳунарон, бебасарон, бехабарон,
Илму ҳунару ойину имон овард.
Сафар Маҳмуд
Савол ва супориш
- Калимаи бехабарон -ро аз ҷиҳати сохт ва таркиб шарҳ диҳед.
- Хабари ҷумлаҳои ҳикоягӣ бо кадом сиғаи феъл ифода меёбад?