Сохт ва афзоиши чилбанд (чилбуғум)

Сохт ва афзоиши чилбанд / чилбугум.


Чилбанд ё чилбуғум гиёҳи бисёрсола буда, чун сарахсшаклон рустании хеле қадима ба ҳисоб меравад. Он тақрибан 32 намудро ташкил дода, дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, ба ҷуз Австралия ва Зеландияи Нав, мерӯяд. Дар Тоҷикистон ду намуди он – чилбанди саҳроӣ ва шохронда месабзад. Баландии пояи чилбандҳо аз 80 то 100 см буда, ғафсиашон ба 2-5 миллиметр мерасад. Лекин дарозии пояи намояндагони тропикии онҳо то 10-13 метр мешавад.

Дар мисоли чилбанди саҳроӣ, бо сохт ва тарзи ҳаётгузаронии – чилбандҳо шинос мешавем. Чилбанди саҳроӣ дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон, ба ҷуз Помири Шарқӣ, нашъунамо мекунад. Вай дар ҷойҳои сернам, марғзорҳо, канори ҷӯйбор, соҳили дарё ва ё ҳамчун алафи бегона дар киштзорҳо вомехӯрад.

Чилбанди саҳроӣ решапояи шохрондаи ба бандҳо (буғумҳо) тақсимшуда дорад. Аз буғумҳои решапоя решаҳои иловагӣ ва ҳатто баъзан лӯндаҳо пайдо мешаванд, ки дар он лӯндаҳо оҳар (крахмал) захира шудааст. Решапоя то чуқурии 150 см реша меронад 12.

Аз решапоя ду навъ поя месабзад. Якеаш пояи шохнарондаи спораовар (пояи самаровар) ва дигараш пояи нашвии шохронда (бесамар).

Расми 12. Чилбанди саҳроӣ
Расми 12. Чилбанди саҳроӣ

Пояи спораовари чилбанд, ки онро инчунин пояи баҳорӣ ҳам меноманд (зеро дар аввали баҳор нумӯ мекунад), ранги сурхтоб, бӯр ё зардтоб дошта, сероб мебошад. Ин поя вазифаи спорапайдокуниро иҷро  мекунад ва баъди рехтани спораҳо зуд хушк мешавад. Пояи нашвии шохронда хлорофилл дош та, рангаш сабз аст. Дар он раванди фотосинтез мегузарад ва ин пояи нашвӣ то охири тирамоҳ нашъ унамо мекунад.

Поя ва навдаҳои чилбанд аз бандҳо ё буғумҳо иборатанд. Аз ин сабаб онҳо номи чилбандро гирифтаанд. Дар ҳар як банди поя ва навдаи чилбанд аз 6 то 12 баргчаҳои пулакчамонанд мавҷуданд.

Дар нимаи фасли баҳор спораҳои пухтарасида аз хӯшаи спорадор берун рехта, тавассути шамол паҳн мешаванд. Спораҳо ба шароити мусоид афтода, ба сабзиш шурӯъ мекунанд. Аз спораи сабзидаистода, ба монанди сарахсҳо, сараввал паҳнаки майда инкишоф меёбад. Паҳнак, ки навниҳоли чилбанд ба ҳисоб меравад, бо ризоидҳои худ ба хок часпида, мустақилона месабзад. Дар навниҳоли чилбанд узви ҷинсии мардона – антеридия бо нутфа ва архегония (узви ҷинсии занона) бо ҳуҷайратухм ташаккул меёбанд. Баробари пухта расидани нутфаҳо, антери дия кушода шуда, нутфаҳо аз он берун мешаванд. Нутфаҳо дар об шино карда (дар вақти борон, шабнами пагоҳирӯзӣ), ба архегония омада мерасанд. Яке аз нутфаҳо ба архегония ворид гардида, ҳуҷайратухми онро бордор мекунад. Аз ҳуҷайратухми бордоршуда зигота (ҷанин) инкишоф меёбад. Сараввал, ҷанин аз навниҳол ғизо гирифта, баъди пайдо шудани решаи пурқувват ба хок чуқуртар дохил шуда, ба ҳаёти мустақилона шурӯъ мекунад ва ба чилбанди баркамол табдил меёбад.

Чилбанд гиёҳи доругии хеле қадима аст. Дар тибби Юнони Қадим онро барои табобати бемориҳои пӯст истифода мебурданд. Мардуми тоҷик бошад, чилбандро аз қадимулайём барои табобати исҳоли хунин, захми меъда, хунпартоӣ, илтиҳоби шуш ва ғайраҳо истифода мебаранд.

Абӯалӣ ибни Сино бо гиёҳи чилбанд беморонро аз захму ҷароҳат, обхӯрӣ, хунравӣ, исҳоли хунин табобат мекард.


Тестҳо

1.Дар Тоҷикистон чанд намуди чилбанд месабзад, номбар кунед.

  • А. Як намуд (чилбанди саҳроӣ)
  • Б. Ду намуд (чилбанди саҳроӣ ва шохронда)
  • В. Се намуд (чилбанди саҳроӣ, шохронда ва марғзорӣ)
  • Г. Дар Тоҷикистон намерӯяд

2.Кадом олим, табиби тоҷик бо гиёҳи чилбанд беморонро аз захму ҷароҳат, обхӯрӣ, хунравӣ, исҳоли хунин табобат мекард?

  • А. Абӯрайҳони Берунӣ
  • Б. Абӯмансури Муваффақ
  • В. Абӯалӣ ибни Сино
  • Г. Закариёи Розӣ
ҚаблӣСарахс. Сохт, ҳаёт ва аҳамияти сарахсҳо
БаъдӣСарахсшаклҳои қадима ва ҳосил шудани ангиштсанг