Сарахсшаклхои кадима ва хосил шудани ангиштсанг.
Тақрибан 300 миллион сол муқаддам дар ҳама ҷойи сатҳи замин тамоми сол ҳавои гарму серрутубат ҳукмрон буд. Бар асари боридани боронҳои гарму омадани сел дарёҳо сероб шуда, кӯлҳо ва ботлоқзаминҳо пайдо шуданд. Тумани тираи бухори об аксар вақт офтобро панаҳ мекард. Чунин шароит боиси нашъ унамои боавҷи набототи наздисоҳилӣ ва ботлоқӣ, хусусан сарахсшаклҳои қадима мешуд.
Чунки сарахсшаклон дорои решаю пояи пурқувват ва барг буда, нисбат ба ушнаҳо (азбаски онҳо решаи ҳақиқӣ надоштанд) ба ҳаёти хушкӣ мутобиқати хубтар доштанд. Дар онҳо спора хеле зиёд ҳосил мешуд ва аз ин рӯ, метавонистанд хубтар афзоиш ёбанд. Дар чунин шароити барои сарахсшаклон хеле мувофиқ, онҳо дар якҷоягӣ бо лучтухмони қадима бешазори анбӯҳи ҳайратангезро ба вуҷуд меоварданд. Аксари намояндагони сарахсҳо, чилбанду мунмунаҳои он давру замон дарахтони ҳақиқии қадбаланд буданд, ки то 40 метр қад кашида, танаи ғафс доштанд. Дар қабати рӯйизаминии ин бешазорҳо рустаниҳои дарахтии начандон калон ва алафӣ, ки ба сарахсҳо, чилбандҳо ва мунмунаҳои ҳозиразамон монанд буданд, низ боавҷ нашъунамо мекарданд.
Дар шохаҳои ин дарахтон, ки ҳоло гул надоштанд ва мева низ ҳосил намекарданд, ягон хел парандае дида намешуд. Дар бешазори торику серрутубати сарахсшаклон танҳо сӯзанакҳои азимҷусса парвоз мекарданду бас. Дар рӯйи замин бошад, ҳашарот, тортанак ва каждумҳо хазида мегаштанд.
Ин сарахсҳою чилбанду мунмунаҳои қадим боиси ба вуҷуд омадани конҳои ангиштсанг гардиданд. Онҳо тадриҷан нобуд гардида, дар ботлоқҳо, зери обу лойқа қабатқабат ҷамъ мегардиданд. Зеро онҳоро дарёҳои сероб ва ҷараёни баҳрҳо ба ҷойҳои тунукоб бурда, ба болояшон лойқа, гил, peг ва ғайраро мехобонданд. Дар чунин шароит бе иштироки оксигени ҳаво, дар зери фишори об ва қабати ҷинсҳои кӯҳӣ, ин рустаниҳои қадима дар давоми миллионҳо сол ботадриҷ ба ангиштсанг табдил меёфтанд 13.

Ҳамин тавр, гармӣ ё энергияе, ки дар вақти сӯхтани ангиштсанг хо риҷ мешавад, ин ҳамон гармӣ ё энергияе мебошад, ки рустаниҳои давраҳои ниҳоят қадим дар раванди фотосинтез дар шакли моддаҳои ор ганикӣ дар худашон ғун кардаанд ва он ҳамчун боқимондаҳои онҳо бо мурури замон ба ангиштсанг табдил ёфтааст. Пайдоиши ин энергия аз офтоб сарчашма мегирад.
Ангиштсанг яке аз сӯзишвориҳои беҳтарин ва инчунин ашёи хоми саноати кимиё ба ҳисоб меравад. Бо ангиштсанг қатораҳо, дегҳои буғдиҳанда, истгоҳҳои (стансияҳои) барқи аловӣ, заводу фабрикаҳо кор мекунанд. Аз ангиштсанг сӯзишвории газӣ, пластмасса, рангҳои анилинӣ, лакҳои гуногун, доруворӣ ва бисёр дигар маводи барои хоҷагии халқ муҳим ҳосил карда мешаванд.
Захираи ангиштсанг дар миқёси ҷаҳон хеле калон аст. Дар ҷумҳурии мо ҳам конҳои ангиштсанг мавҷуданд ва баъзеи онҳо мавриди истифода қарор доранд.
Тестҳо
1.Шакли ҳаёти сарахсҳои қадима чӣ гуна буд?
- А. Буттагӣ
- Б. Дарахтӣ
- В. Алафи бисёрсола
- Г. Алафи яксола
2.Ангиштсанг аз чӣ пайдо шудааст?
- А. Аз оҳаксанг
- Б. Аз нефт
- В. Аз рустаниҳои дарахтии қадима
- Г. Аз боқимондаи торф