Тарзи инкишофи ҳашарот

Тарзи инкишофи хашарот.


Инкишоф ва тарзи шаклдигаркунии пурра

Агар баҳор ё тобистон ба рустаниҳои салибгули саҳро ё обчакорӣ назар кунем, дар тарафи поёни барги онҳо тӯдаи тухмҳои тиллорангро дидан мумкин аст. Онҳоро шапалакҳои карамхӯр гузоштаанд (расми 97).

Расми 97. Инкишофи гамбӯски саврӣ ва шапалаки карамхӯр
Расми 97. Инкишофи гамбӯски саврӣ ва шапалаки карамхӯр

Пас аз якчанд рӯз аз тухмҳо кирмҳои майда мебароянд. Аз рӯйи шакли берунӣ онҳо ба шапалак монанд нестанд. Онҳо бадани кирмакшакл доранд. Узвҳои даҳонашон хоянда буда, дар бадан 5 ҷуфт пойи муваққатӣ доранд. Кирмакҳо барги рустаниҳои салибгулро хӯрда, тез калон мешаванд ва якчанд бор пӯст мепартоянд. Пеш аз охирин бор пӯст партофтан, хазида рафта, дар деворҳо, пояи дарахтон ҷой мегиранд. Дар ин ҷо онҳо ба зоча табдил меёбанд. Аз ҳисоби захира кардани моддаҳои ғизоӣ дар давраи кирмакӣ дар зери рӯйпӯши хитинии зоча тағйирёбии мураккаб ба амал меояд. Зочаҳои шапалаки карамхӯр ва умуман зоча хӯрок намехӯранд, ҳаракат намекунанд. Аз зочаҳои зимистонро аз сар гузаронда дар фасли баҳор шапалакҳо мебароянд (расми 97).

Модинаи шапалак баъди якчанд шабонарӯзи аз зоча баромаданаш бордор шуда, дар барги рустаниҳои салибгул тухм мемонад. Ҳамин тариқ, шапалаки карамхӯр дар инкишофи худ чор давра (фаза)-ро аз сар мегузаронад: тухм – кирмак – зоча – шапалаки болиғ. Инкишоферо, ки дар он ҳашарот чор давра (фаза)-ро аз сар мегузаронад, шаклдигаркунии пурра (комил) меноманд. Дар ин гурӯҳи ҳашарот кирмина ба фарди болиғ монанд нест.

Ба ҳашароти шаклдигаркуниашон пурра – шапалакҳо, гамбӯскҳо, пашаҳо, магасҳо, занбӯри асал ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ҷой, вақти тухммонӣ ва муҳлати инкишоф дар ҳашарот гуногун аст: гамбӯски саврӣ (расми 97) тухмашро дар хок, пашаи хонагӣ дар ҷойҳои ифлос, шапалакҳои кирми себ дар ғӯраки себ мемонанд. Инкишофи кирминаи гамбӯски саврӣ, вобаста ба ҳарорат ду – се сол ва инкишофи кирминаи пашаи хонагӣ якчанд шабонарӯз давом мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инкишофи ба тарзи шаклдигаркунии нопурра (нокомил)

Инкишофи малах, ширинча ва дигар ҳашарот бо дигар роҳ ба амал меояд. Малахи нав аз тухм баромада аз рӯйи чунин аломатҳояш ба волидайнаш монанд аст: шакли бадан, сохти узвҳои даҳонӣ, чашм, боли ибтидоӣ (расми 98). Пас аз ҳар як маротибаи пӯстпартоӣ монандии кирминаи малах ба волидайн зиёд мешавад.

Расми 98. Инкишофи нопурра
Расми 98. Инкишофи нопурра

Инкишофе, ки дар он ҳашарот се давраро (фазаро) аз сар мегузаронад (тухм, кирмина (нимфа) ва ҳашароти болиғ), шаклдигаркунии нопурра ном дорад. Дар ин шакли инкишоф зоча пайдо намешавад ва кирмина ба волидайн монанд аст.

Аҳамияти инкишоф бо шаклдигаркунӣ

Инкишоф бо роҳи шаклдигаркунӣ имконияти дар табиат боқӣ мондани ҳашаротро зиёд мекунад. Ҳашароти афзоиши шаклдигаркунии пурра дошта нисбатан бартарӣ доранд. Кирминаҳои онҳо баръакси волидайн дигар хӯрокҳоро истифода мебаранд ва дар дигар муҳит зиндагӣ карда, ғизоҳои пӯсида, реша ва барги рустаниҳои ҷавонро мехӯранд. Фардҳои болиғашон дар дарахтҳои гулдор зиндагӣ карда, шаҳди гулро мехӯранд. Кирмина ё кирмаки шапалаки карамхӯр барги карам ё барги дигар рустаниҳои салибгулро мехӯрад, вале ғизои худи шапалак шаҳди гул аст. Гуногун будани хӯроки кирмина ва фардҳои болиғи ин ё он намуди ҳашарот рақобати байни онҳоро дар табиат барои ғизо барҳам медиҳад. Гуногунии хӯрок ба ҳайвонот имконият медиҳад, ки захираи хӯрокии муҳити зистро ҳарчи хубтар истифода баранд.

Ба ғайр аз ин ҳашароте, ки шаклдигаркунии пурраро аз сар мегузаронанд, шароити номусоиди муҳити зистро метавонанд дар яке аз ин чор давра (фаза)-и инкишофашон паси сар кунанд.


Саволҳо:

  1. Инкишоф бо шаклдигаркунии пурра чӣ тавр ба амал меояд?
  2. Тафовути шаклдигаркунии нопурра аз шаклдигарку- нии пурра дар чист?
  3. Ҳашароти кадом тарзи инкишоф бартарии калон доранд ва барои чӣ?

Тестҳо:

  1. Барои шапалак кадом шакли инкишоф хос аст?

А) пурра, Б) нопурра, В) шаклашро дигар намекунад,

Г) пурра ва нопурра.

  1. Шакли дурусти шаклдигаркунии пурраро нишон диҳед:

А) тухм, кирмак, зоча, имаго (ҳашароти болиғ); Б) тухм, зоча, имаго; В) кирмак, зоча, тухм, имаго; Г) имаго, тухм, зоча, кирмак.

  1. Аз ин ҳашарот кадомаш метамарфози нопурраро аз сар мегузаронад?

А) шапалак, Б) гамбуск, В) сӯзанак, Г) малахи боғӣ.