Сохти дохилии паҳнкирмҳо

Сохти дохилии пахнкирмхо. Системаи ҳозима. Системаи нафаскашӣ. Системаи ихроҷ. Системаи асаб. Афзоиш.


Бадани паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда аз берун бо ҳуҷайраҳои дарози мижгондор пӯшида шудааст. Чуқуртар аз он нахҳои мушак ҷойгиранд, онҳо дар бадани кирм ба таври кӯндаланг хобидаанд.

Дар вақти кашиш хӯрдани кирм мушакҳои кӯндаланг борик ва дароз мешаванд. Дар зери ин мушакҳо нахҳои мушакҳои барқад ё мутавозӣ ҷойгиранд. Аз кашиш хӯрдани онҳо бадани кирм ғафс ва кӯтоҳ мешавад. Ба ғайр аз ин мушакҳо дар бадани паҳнкирмҳо нахҳои мушакие ҳам вуҷуд доранд, ки онҳо тарафи пуштро бо шикам пайваст мекунанд (ба расми 59 нигаред).

Дар зери нахҳои мушакӣ қабати мулоими аз ҳуҷайраҳои паренхимӣ иборатбуда ҷойгир аст. Паренхима (қабати аз ҳуҷайраҳои майда иборатбуда) ҷойи холигии байни узвҳои даруни баданро пур мекунад. Мушакҳо ва паренхима аз қабати мобайнӣ – мезодерма пайдо мешаванд.

Системаи узвҳои дохилии паҳнкирмҳо хеле мураккаб шудааст (расми 62).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Системаи узвҳои дохилии паҳнкирмҳо дар мисоли планария
Расми 62. Системаи узвҳои дохилии паҳнкирмҳо дар мисоли планария

Системаи хозимаи пахнкирмхо

Системаи ҳозима. Бисёр паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда ва баъзе намудҳои муфтхӯрашон (макандаҳо) рӯдаи ба шохаҳо тақсимшуда даранд, ки он тавассути сӯрохии даҳон ба берун кушода мешавад.

Девори рӯда аз як қабат ҳуҷайраҳо иборат аст. Ҳуҷайраҳо заррачаҳои хӯроки фурӯбурдаро ҳазм карда, дар тамоми ҳуҷайраҳои бадан паҳн мешаванд. Боқимондаи хӯроки ҳазмнашуда аз ҳуҷайраҳо ба ковокии рӯда дохил шуда, аз он тавассути сӯрохии даҳон ба берун бароварда мешавад. Дар паҳнкирмҳо рӯдаи қафо ва сӯрохии мақъад дида намешавад.

Хӯрокҳазмкунӣ, одатан, дар ковокии рӯда бо таъсири шираи ҳозима, ки онро ғадудҳои ҳуҷайрагӣ ҷудо мекунанд, ба амал меояд. Баъзе кирмҳои муфтхӯр, масалан, тасмакирми паҳн рӯда надоранд. Онҳо моддаҳои ғизоии дар рӯдаи «хӯҷаинашон» ҳазмшударо тавассути тамоми бадан ҷаббида мегиранд.


Системаи нафаскашии пахнкирмхо

Системаи нафаскашӣ. Паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда оксигени дар об ҳалшударо тавассути рӯйпӯши баданашон нафас мегиранд. Дохилшавии оксиген ба организм ва хориҷ кардани гази карбон (ба берун) тавассути пӯст ба амал меояд.

Паҳнкирмҳои муфтхӯр бошанд, дар муҳити беоксиген зиндагӣ мекунанд. Нафасгирии онҳо бе иштироки оксиген гузашта, он дар натиҷаи табдилёбӣ ва таҷзияшавии моддаҳои мураккаби органикӣ ба моддаҳои нисбатан содатар ба амал меояд. Дар ин ҳолат энергияи барои фаъолияти ҳаётгузаронӣ зарур ҷудо мешавад ва мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳамин тариқ, паҳнкирмҳои муфтхӯр системаи нафаскашӣ ва системаи гардиши хун надоранд.


Системаи ихрочи пахнкирмхо

Системаи ихроҷ. Системаи ихроҷи мустақил дар ола- ми ҳайвонот нахустин бор дар паҳнкирмҳо пайдо шудааст. Моддаҳое, ки дар рафти фаъолияти ҳаётгузаронӣ дар узвҳои бадан ҳосил мешаванд ва барои организм дигар лозим нестанд, тавассути найчаҳои шохронда ба берун бароварда мешаванд.

Найчаҳои ихроҷ аз ҳуҷайраҳои махсуси ситорашакл, ки бандчаи мижгонакҳо доранд, оғоз меёбанд (ба расми 62 нигаред). Мижгонакҳо доимо дар ҳаракат буда, барои ҷоришавии маҳсулоти моеи ҷудошуда аз ҳуҷайраҳои ситорамонанд ба найчаҳо мусоидат мекунанд. Найчаҳои борик дар як ё ду найчаи ғафстар якҷоя шуда, тавассути сӯрохиҳои хурди ихроҷ ба берун кушода мешаванд.


Системаи асаби пахнкирмхо

Системаи асаб. Системаи асаби паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда аз ҳуҷайраҳои асабии якҷояшуда майнаи сар, торҳои асаби барқади бадан ва нахҳои кӯндаланги асаб иборат аст (ба расми 62 нигаред). Нӯги асаб ба узвҳои ҳис ва дигар қисмҳои бадан рафта мерасад.

Системаи асаби паҳнкирмҳои муфтхӯр бошад, суст тараққӣ кардааст. Узвҳои ҳисси онҳо аз ҳуҷайраҳои алоҳидаи ҳискунандае, ки дар пӯст ҷойгиранд, иборат аст. Чашм фақат дар кирминаи паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда дида мешавад.


Афзоиши паҳнкирмҳо

Афзоиш. Дар бадани паҳнкирмҳо наслдон ё моя (узве, ки дар он нутфа аст) ва тухмдон (узве, ки дар он тухмҳуҷайра инкишоф меёбад) дида мешавад (ба расми 62 нигаред). Ҳамин тариқ, як фард дар як вақт ҳам узви ҷинсии нарина ва ҳам узви ҷинсии модина дорад. Ин гуна ҳайвонро ҳайвони дуҷинса ё хунсо меноманд. Паҳнкирми озод зиндагикунанда (планария) пила мемонад, ки дар дохилаш аз 4 то 45 тухми бордоршуда мавҷуд аст. Планарияҳои майдаи аз тухм инкишофёфта тавассути кафидани девори пила ба берун мебароянд. Дар паҳнкирмҳои муфтхӯр узвҳои афзоиш хеле нағз тараққӣ кардаанд. Онҳо тухми хеле зиёд мегузоранд, инкишофашон ҳам хеле мураккаб шудааст.


Саволҳо

  1. Ҳазмкунии хӯрок дар бадани паҳнкирмҳои озод зин- дагикунанда чӣ тавр аст?
  2. Бо кадом сабаб дар паҳнкирмҳои муфтхӯр системаи ҳозима нест шудааст?
  3. Дар паҳнкирмҳо нафасгирӣ ва ихроҷи моддаҳо чӣ тавр ба амал меояд?
  4. Системаи асаби паҳнкирмҳо аз системаи асаби рӯдаковокҳо чӣ фарқ дорад?
  5. Афзоиши паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда чӣ тавр мегузарад?
ҚаблӣТипи Паҳнкирмҳо – Типи Пахнкирмхо
БаъдӣОмӯзиши блогсозӣ. Блог чист? Тарзи сохтани блог

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед