Типи Паҳнкирмҳо – Типи Пахнкирмхо

Бадани паҳнкирмҳо, баръакси рӯдаковокҳо сеқабата буда, таносуби дутарафа дорад. Аз бадани онҳо агар як хати барқади симметрӣ гузаронем, онро ба ду қисми баробар тақсим кардан мумкин аст. Сохти баданашон нисбат ба рӯдаковокҳо мураккабтар мебошад. Шакли бадани паҳнкирмҳо ба барг ё тасма монанд буда, паҳн аст. Номи тип ҳам аз ҳамин ҷо гирифта шудааст.

Пӯст ва қабати мушакҳои дар зери он хобидаро, ки дар якҷоягӣ шакли халтаро доранд, халтаи пӯстию мушакӣ меноманд ва он вазифаи ба ҳаракат овардани танаро иҷро мекунад. Халтаи пӯстию мушакӣ аз мушакҳои ҳалқашакл, моил ва барқад иборат аст (расми 59). Андозаи баданашон аз 0.5 мм то 20 м мебошад. Қабати рӯйпӯши берунии бадани паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда мижгонакдор буда, намояндагони муфтхӯрашон чунин рӯйпӯшро надоранд.

Намуди умумии планария ва буриши кӯндалангии он
Расми 59. Намуди умумии планария ва буриши кӯндалангии он

Системаи асабашон аз маҷмӯи ҳуҷайраҳои асаб (ё гиреҳҳои майнаи сар) ва танаи асаби барқади бадан, ки ба воситаи нахҳои кӯндаланг ба ҳам пайвастанд, иборат аст. Ин гуна системаи асаб ба панҷара монанд аст.

Паҳнкирмҳо ҳайвони дуҷинса ё хунсо (гермофрадит) мебошанд. Яъне дар бадани як кирм ҳам узви ҷинсии нарина ва ҳам узви ҷинсии модина инкишоф меёбад.

Агар дар рӯдаковокҳо дар раванди инкишоф аз тухмҳуҷайраи бордоршуда ду қабат ҳуҷайра ҳосил шавад (қабати берунӣ ва дарунӣ), дар паҳнкирмҳо се қабат ҳуҷайра (берунӣ, мобайнӣ ва дарунӣ) ҳосил мешавад. Минбаъд аз ин қабатҳо дар ҳайвонҳо узвҳои мухталиф пайдо мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар паҳнкирмҳо ба ғайр аз рӯда, ковокии махсуси бадан ҳам ташаккул ёфтааст. Холигии байни узвҳои бадан бо бофтаи пайвасткунанда – паренхима пур буда, вазифаи такягоҳиро иҷро мекунад.

Баръакси рӯдаковокҳо дар паҳнкирмҳо узви ихроҷ пайдо шудааст. Дар паҳнкирмҳо қисми пеш ва қафои бадан, тарафи пушт ва шикам, паҳлуи чап ва рост нағз намоён аст. Шакл ва тарзи зиндагии паҳнкирмҳо мухталиф аст. Намояндагони ин тип дар обҳои баҳр, дарёҳо ва хушкӣ зиндагӣ карда, худашон фаъолона хӯрок меёбанд.

Намудҳои муфтхӯрашон ҳам зиёд аст. Онҳо муфтхӯри хавфноки одам ва ҳайвон мебошанд. Ҳоло дар дунё 25 ҳазор намуди паҳнкирмҳо муайян карда шудаанд. Дар ҳайвонҳои мухталифи Тоҷикистон миқдори зиёди кирмҳои муфтхӯр ёфт шудаанд. Масалан, дар ширхӯрҳо 10 намуд, дар парандаҳо 200 намуд, дар моҳиҳо 20 намуди паҳнкирмҳо маълум шудааст.

Паҳнкирмҳо аз ҷиҳати тарзи ҳаётгузаронӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: озод зиндагикунанда, яъне худашон фаъолона ғизо ҷустуҷӯ мекунанд ва муфтхӯр. Муҳити сукунати паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда обҳои шӯри баҳр, обҳои ширини кӯлҳо ва дарёҳо, хок ва сатҳи болои Замин аст. Намудҳои муфтхӯрашон дар организми ҳайвонот ва одам зиндагӣ мекунанд. Як намояндаи озодзиндагикунандаи ин тип планарияи сафед буда, ранги баданаш сафеди ширмонанд аст. Андозаи бадани ин ҳайвон 1,5 см буда, дар зери сангҳо, дарахтони дар об афтида, баргҳо ва дигар ҷисмҳои дохили ҳавзу дарёчаҳо зиндагӣ мекунад.

Дар дарёчаҳои кӯҳии обашон хунук ва тезҷараёни Тоҷикистон дар зери сангҳо планарияҳоро низ дидан мум- кин аст. Рӯйпӯши бадани планария хеле тунук аст, аз ҳамин сабаб рӯдаи сиёҳчатоби ба шохаҳо тақсимшудааш хуб на- моён мебошад. Дар қисми сар чашм дорад ва тавассути онҳо рӯшноиро аз торикӣ фарқ мекунад. Номи планария аз тарзи ҳаракати нозукаш гирифта шудааст. Ҳаракати он ба лағжиш монанд буда, тавассути мижгонакҳои хурди ба чашм ноаёнаш ба амал меояд. Планария дар зери об дар рӯйи ҷисмҳои сахт чунон оҳиста, мураттаб ва хиромон мехазад, ки гӯё шино карда истода бошад.

Ба ғайр аз планарияи сафед, дар обҳои ширин планарияи сиёҳи бисёрчашма ва дигар планарияҳо вомехӯранд (расми 60). Паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда даранда буда, хӯрокашон ҳайвонҳои майдаҷусса ва калонҷуса, аз ҷумла харчангҳо мебошанд.

Планарияҳои оби ширин, хушкӣ ва баҳрӣ
Расми 60. Планарияҳои оби ширин, хушкӣ ва баҳрӣ

Паҳнкирмҳои озод зиндагикунанда ба воситаи рӯйпӯши бадан нафас мекашанд.

Паҳнкирмакҳои муфтхӯр дар организми моҳиҳо, парандаҳо, ширхӯрҳо ва одамон зиндагӣ мекунанд. Масалан, кирми ҷигармак дар ҳолати болиғиаш дар ҷигари гов, гӯсфанд, буз ва дигар ҳайвони алафхӯр вомехӯрад. Андозаи ин кирм қариб 3 см буда, баданаш ҳамвор ва ба барг монанд аст. Кирми ҷигармак дар дохили ҷигар тавассути макандаи шикамӣ ва даҳонӣ мечаспад. Хун ва дохили ҳуҷайраҳои ҷигари «хӯҷаин»-ро мемакад. Ба ғайр аз кирми ҷигармак муфтхӯрҳои хавфноки дигари ин тип, ки дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд, бандкирми гов, хук, тасмакирми паҳн, эхинококк ва ғайраҳо мебошанд. Бандкирми гов ва хук дар давраи болиғиашон дар рӯдаи одам муфтхӯрӣ мекунанд. Дарозии бандкирми гов зиёда аз 10 метр аст. Тасмакирми паҳн муфтхӯри бадани одам ва баъзе ширхӯрони даранда мебошад. Бадани ин кирмҳо тасмашакл буда, сараки хурд, гардани кӯтоҳи яклухт ва ҷисмашон миқдори зиёди буғумҳо дорад. Дар сарашон чангакчаҳо – макандаҳо ё фақат маканда доранд (расми 61).

Бандкирм ва қисми пеши бадани он
Расми 61. Бандкирм ва қисми пеши бадани он

Кирмҳо ба воситаи макандаҳо ба рӯ даи «хӯ ҷаин» сахт мечаспанд. Ғизои кирмҳои муфтхӯр хӯ роки ҳазмшудаи рӯдаи «хӯҷаин» буда, онро та вас сути сатҳи тамоми баданашон ҷаб бида мегиранд. Онҳо системаи ҳозима надоранд.


Саволҳо

  1. Аз рӯйи сохти беруниашон паҳнкирмҳо аз рӯдаковокҳочӣ фарқ доранд?
  2. Тарзи зисти планарияро фаҳмонед?
  3. Барои дар организми «хӯҷаин» зиндагӣ кардан, дарпаҳнкирмҳои муфтхӯр чӣ гуна мутобиқшавиҳо пайдо шудааст?
ҚаблӣАхамияти рудаковокхо
БаъдӣСохти дохилии паҳнкирмҳо

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед