Бахшҳои ин мавзӯъ: Сохти узвхои дохилии нармбаданхо. Гизогири. Нафасгири. Системаи хозима. Системаи гардиши хун. Узви ихрочи нармбаданхо. Системаи асаби нармбаданхо. Узви хис. Афзоиш.
Ғизогирӣ
Бисёр нармбаданҳо рустаниҳоро истеъмол мекунанд. Масалан, тӯқумшуллуки ҳавзӣ бо чандин қатор дандончаҳои сахт ва тези забон (радулла) барг ва пояи рустаниҳои обиро харошида мегирад, обсабзҳоро аз ашёи зери об ҷамъ мекунад. Инчунин боқимондаҳои моддаҳои дигари органикиро ҳам мехӯрад. Бедандонак ва перловитса бошанд, хеле суст заррачаҳои органикӣ ва микроорганизмҳоеро, ки тавассути ҷараёни об ба ковокии мантия дохил мешаванд, ба сифати хӯрок истифода мебаранд. Ғалсамаҳо ва парраҳои даҳон ин туъмаҳоро дошта, ба даҳон равон мекунанд. Об ба яке аз найчаҳои кӯтоҳ (найчаи даромад), ки дар қафои бадан аз гӯшаҳои мантия ҳосил мешавад, даромада, бо дигар найча (найчаи баромад) хориҷ мешавад. Тавассути ҷунбидани мижгонҳои дар ғалсама, мантия ва парраҳои даҳон буда ҷараёни об дар ковокии мантия беист иваз мешавад. Нармбаданҳои ин тавр хӯрокхӯрандаро нармбаданҳои полоянда меноманд. Калмар, ҳаштпой ва каракатсия дарандаанд. Онҳо харчанг, моҳӣ, нармбадан ва дигар ҳайвонҳои баҳриро мехӯранд. Калмар ва каракатитса туъмаи худро таъқиб карда медоранд. Ҳаштпойҳои дар байни харсангҳои қаъри об пинҳоншуда туъмаро мепоянд. Туъмаи калонро ба воситаи забончаи дандонакдор майда карда, сипас онро фурӯ мебаранд.
Заррачаҳои калони хӯрок ба меъдаи онҳо барои он рафта наметавонанд, ки сурхрӯдаи нармбаданҳои сарпой тавассути майнаи сар мегузарад.
Нафасгирӣ
Бедандонак, перловитса ва дигар нармбаданҳое, ки дар об зиндагӣ мекунанд, оксигени дар об ҳалшударо тавассути ғалсама нафас мегиранд. Нармбаданҳои хушкигард (тӯқумшуллуки токхӯр, лесак) оксигени ҳаворо нафас мегиранд. Вазифаи узви нафасгириро дар ин нармбаданҳо шуш иҷро мекунад. Шуш қисми махсуси мантия буда, девори он пур аз рагҳои хунгард мебошад. Ҳаво ба шуш тавассути сӯрохии нафасгирӣ медарояд. Тӯқумшуллуки ҳавзӣ ва дигар нармбаданҳои обӣ низ ҳамин тавр нафас мегиранд. Онҳо гоҳ-гоҳ ба рӯйи об баромада, тавассути кушодашавии сӯрохии нафаскашӣ ҳаворо дар шуш захира карда, ба зери об мераванд.
Системаи ҳозима
Дар нармбаданҳо якумин бор ғадуди ҳозима – ҷигар пайдо шудааст. Дар гулӯ узви хӯрокмайдакунӣ – забонча (радула) мавҷуд аст (расми 77а).
Системаи гардиши хун
Системаи гардиши хуни нармбаданҳо кушода аст. Ба истиснои нармбаданҳои сарпой, яъне хун на фақат дар рагҳо, балки дар байни узвҳо ҳам ҳаракат мекунад. Онҳо дил доранд. Дил аз як меъдача ва ду пешдил иборат аст. Аз меъдачаи дил хун тавассути рагҳо дар тамоми узвҳои бадан тақсим мешавад. Хун оксигенро ба узвҳои бадан дода, бо гази карбон бой мешавад ва аз узвҳо ба воситаи рагҳо омада дар пешдил мерезад. Мубодилаи газҳо дар капиллярҳои (мӯйрагҳои) ғалсама ба амал меояд (расми 77).

Узви ихроҷи нармбаданҳо
Узви ихроҷи нармбаданҳо як ҷуфт гурда мебошад. Девори гурда пур аз рагҳои хунгард буда, маҳсулоти нолозимӣ тавассути онҳо ба маҷрои гурда дохил шуда, аз он берун мешаванд.
Системаи асаби нармбаданҳо
Системаи асаби нармбаданҳо сода буда, ба зинапоя монанд аст, аммо дар намудҳои мукаммалшудаашон ҳуҷайраҳои асаб дар ҷойҳои алоҳидаи бадан (сар, паҳлуҳо, пой) марказонида шуда, ба воситаи нахҳои асаб бо ҳамдигар пайваст шудаанд (расми 77 б). Системаи асаб дар нармбаданҳои сарпой хуб ва дар нармбаданҳои дупалла суст инкишоф ёфтааст (расми 77 б).
Узви ҳис
Узви ҳис дар бисёр намудҳо суст тараққӣ кардааст, гарчанде ки онҳо чашм, узви шомма доранд.
Афзоиш
Дар байни нармбаданҳо намудҳои ҳам хунсо ва ҳам ҷудоҷинса дида мешаванд. Масалан, тӯқумшуллуки ҳавзӣ ва тӯқумшуллуки гӯшмоҳитобхӯрда хунсоянд. Аз тухмҳои гузоштаи онҳо, ки қобили инкишоф буда, байни ҳамдигар бо моддаи мулоим ширеш шудаанд ва баъзан аз луоб озоданд нармбаданҳои майда мебароянд. Бедандонакҳо ва дигар намудҳо ҷудоҷинсаанд. Бордоршавии тухм дар онҳо дар ковокии мантияи модина мегузарад.
Нарина нутфаро дар об мепартояд, ки он тавассути об ба ковокии мантияи модина рафта, онро бордор мекунад. Аз тухмҳои бордоршуда кирмина мебарояд. Инкишофи минбаъдаи он дар бадани моҳӣ мегузарад. Ҳамин ки моҳӣ аз назди бедандонаки кирминадор гузашт, вай кирминаҳоро бо шиддати зиёд бо ёрии найча (сифон) ба тарафи моҳӣ ҳавола медиҳад. Кирминаҳо ба воситаи риштаи часпаки худ дар ин ё он узви моҳӣ часпида, 1–2 моҳ муфтхӯрона зиндагӣ мекунанд.
Мутобиқшавӣ ба чунин тарзи зиндагӣ ба бедандонак имконият медиҳад, ки вай дар давраи кирминагӣ дар таби- ат паҳн шавад. Ин хусусият инчунин ба он вобаста аст, ки бедандонакҳо дар давраи болиғӣ хеле суст ҳаракат мекунанд.
Саволҳо
- Нармбаданҳо аз ҳайвонҳои пеш аз ин шиносшудаатон бо кадом аломатҳояшон фарқ мекунанд?
- Нармбаданҳо чӣ тавр ҳаракат мекунанд?
- Нармбаданҳои даранда аз нармтанҳои рустанихӯр чӣ фарқ доранд?
- Кадом усулҳои хӯрокхӯрӣ дар нармбаданҳо тараққӣ кардаанд?
- Нармбаданҳо чӣ тавр нафас мегиранд?
- Афзоиши нармбаданҳоро шарҳ диҳед.
Тестҳо
- Кадоме аз ин нармбадани тезҳаракаттар аст?
А) тӯқумшуллуки ҳавзӣ; Б) тӯқумшуллуки гӯшмоҳитобхӯрда; В) бедандонак; Г) калмар.
- Нармбаданеро ишора кунед, ки ба воситаи полоидани об ғизо гирад.
А) тӯқумшуллуки ҳавзӣ; Б) бедандонак; В) каракатсия; Г) калмар.
- Инкишофи кирминаи бедандонак дар куҷо мегузарад?
А) дар об; Б) дар лойқаи зери об; В) дар дохили танаи модар; Г) дар танаи моҳиҳо.