Башҳои ин мавзӯъ: Таснифи нармбаданхо. Синфи шикампойхо. Синфи нармбаданхои дупалла (дутабака). Синфи сарпойхо.
Ин тип ба якчанд синф ҷудо мешавад: зиреҳдорон, безиреҳон, шикампойҳо, нармбаданҳои дупалла ва сарпойҳо. Аз номашон маълум аст, ки баъзе намудҳояшон зиреҳ (ё гӯшмоҳӣ) дошта, дигар гурӯҳашон онро надоранд. Як намуди синфи зиреҳакдорон хитон буда, гӯшмоҳии он ба лавҳа монанд аст. Намудҳои синфи безиреҳон ба кирм монанд буда, онҳо дар зери қум ё лойқа ҳаёт ба сар мебаранд ё дар зери об мехазанд. Сода будани намудҳои ин ду синф гувоҳи он аст, ки пешгузаштаҳои типи нармбаданҳо ва ҳалқакирмҳо организме будааст, ки ба паҳнкирмҳо шабоҳат доштааст.
Синфи шикампойҳо
Баръакси дигар нармбаданҳо, гӯшмоҳияшон ба монанди спирал тобхӯрда аст (ба расми 79 нигаред). Аз ҳамин сабаб, таносуби дутарафа дар сохти дарунӣ барҳам хӯрда, аксарияти узвҳо дар як тарафи бадан ҷойгиранд ва онҳо тоқанд. Ин синф қариб 100 ҳазор намуд дошта, аксарияташон дар ҷуқуриҳои оби уқёнусҳо, соҳилҳои он, баҳрҳо, обҳои ширин, куҳҳо,ғорҳо биёбонҳои серсанг вомехӯранд. Андозаи гӯшмоҳӣ аз 1 -2 мм то 40 – 50 мм аст. Шакл ва ранги гӯшмоҳӣ гуногун аст. Гӯшмоҳии онҳо аҳамияти саноатӣ дорад.
Намояндаҳои ин синф тӯқумшуллуқи токхӯр, лесакҳо, тӯқумшуллуқи ҳавзӣ, тӯқумшуллуки гӯшмоҳитобхӯрда мебошанд (расми 79).

Гӯшмоҳии онҳо бутун буда, дар баъзе намояндагони ин синф (лесакҳо) гӯшмоҳӣ барҳам хӯрдааст. Қисми зиёди тарафи шикамро пойи мушакӣ ташкил медиҳад, номи синфи шикампойҳо низ аз ҳамин гирифта шудааст. Чашми онҳо дар баъзеашон дар асоси мӯйлабҳо (ҳасосакҳо), масалан, дар тӯқумшуллуки ҳавзӣ, дар дигар намудҳояшон дар қуллаи мӯйлабҳо (тӯқумшуллуқи токхӯр, лесакҳо) ҷойгир аст.
Агар нармбадан ду ҷуфт мӯйлаб дошта бошад, чашмаш дар ҷуфти якуми мӯйлаб ҷой мегирад. Узви бӯйиши нармбаданҳо хуб инкишоф ёфтааст. Ҷараёни ҳаётиашон ба ҳарорати муҳити зист вобастагӣ дорад. Лесакҳои гуногун, ҳавзгардаки муқаррарӣ ва ғайраҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд. Тӯқумшуллуқи ҳавзиро дар сангҳои соҳили обанборҳо, рустаниҳои обӣ ба осонӣ дидан мумкин аст. Дар шароити хушкӣ бошад, дар вақти саёҳат ба табиат лесакҳои саҳроӣ, боғӣ ва ғайраҳоро дидан мумкин аст. Онҳо гӯшмоҳӣ надоранд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 намуди лесакҳо вомехӯранд, ки баъзе намудҳои онҳо ба зироатҳои наврустаи сабзавотӣ ва полезӣ зарари калон мерасонанд.
Синфи нармбаданҳои дупалла (дутабақа)
Ин синф 20 ҳазор намуд дошта, онҳо фақат дар об зиндагӣ мекунанд. Аммо баъзе намудҳояшон дар муҳити беобӣ мудати дароз зиндагӣ карда метавонанд. Онҳо аз дигар нармбаданҳо бо чунин хусусияташон фарқ мекунанд: сар надоранд, гӯшмоҳиашон дутабақа буда, ба воститаи бандаки эластикӣ пайваст шудааст, ғалсама ба лавҳа шабоҳат дорад, пой шакли фонаро дорад, дар баъзеашон, масалан, устритса пой мавҷуд нест. Онҳо обро полоида, зарраҳои хӯрокии дар об бударо фурӯ мебаранд ва дар тоза кардани об нақши муҳим мебозанд. Намояндаҳои ин синф бедандонак, перловитса, устритса, мидия ва ғайраҳо буда, дар рӯдҳо, ҳавзҳо ва баҳрҳо вомехӯранд. Бадани онҳо бо гӯшмоҳии дупалла иҳота шудааст.
Онҳо сар, чашм, забонча, ғадуди луоббаро надоранд. Хӯрок якбора ба даҳон ворид шуда, аз он ба сурхрӯда ва меъда меравад. Аз нармбаданҳои дупаллаи сустҳаракат аз ҳама калонаш тридакана буда, дарозии гӯшмоҳияш 140 см, вазнаш то 250 кг аст (ба расми 80 нигаред). Ин намуд дар уқёнуси Ҳинд вомехӯрад.
Дар Тоҷикистон 5 намуди нармбаданҳои дупалла маълум буда, калонтарини онҳо бедандонак мебошад, ки дар дарёи Сир ва Ому вомехӯрад.

Баъзе намудҳои ин синф – сангтарош, кирми киштӣ (ба расми 80 нигаред) тавассути гӯшаи тези гӯшмоҳӣ сангро парма карда, дар он лона ва роҳ месозанд. Кирми киштӣ ё тередо иншоотҳои чӯбини дар об бударо сӯрох карда, корношоям мекунад. Тередо аз нармбаданҳо дида, ба кирмҳо монанд мебошад. Дар пеши бадан гӯшмоҳии хурд дорад, ки паллаи он ба парма табдил ёфтааст. Тередо чӯбро парма карда, аррамайдаи онро мехӯрад. Дар узвҳои ҳозимаи онҳо бактерияҳои чӯбро ҳазмкунандаи симбиозӣ мавҷуданд. Тередо дар баҳри Азов ва баҳри Сиёҳ вомехӯрад.
Синфи сарпойҳо
Онҳо нармбаданҳои аз ҳама мукаммалшуда мебошанд. Дарандаи хеле фаъол буда, асосан, дар баҳрҳо вомехӯранд. Номи нармбаданҳои сарпой аз он гирифта шудааст, ки ҳассосакҳои аз пой ҳосилшудаашон дар сар ҷойгир шудаанд.Онҳо дар ҳаёташон як бор афзоиш карда, пас мемиранд.
Дар ҷараёни эволютсияи дуру дароз дар ин нармбаданҳо пой ба ҳассосак табдил ёфта, даҳонро иҳота кардааст. Аз пойҳо қиф низ чун узви ҳаракат пайдо шудааст. Ба воситаи қиф об аз ковокии мантияи нармбаданҳо бо фишори баланд ба қафо тела дода шуда, нармбаданҳо ба пеш мераванд. Яъне ҳаракати онҳо ба ҳаракати ракета шабоҳат дорад. Сарпойҳо ҷуссаи калон дошта, баданашон то 20 м андоза дорад. Дар қабатҳои гуногуни оби баҳру уқёнусҳо бо суръати 40 км/соат калмарҳо ва 15 км/соат осминогҳо ҳаракат мекунанд. Намояндаҳои ин синф калмар, каракатитса, ҳаштпо ва ғайраҳо мебошанд (расми 81).

Ин синф қариб 600 намуд дошта, онҳо дар Тоҷикистон дида намешаванд. Дар ҳассосакҳои онҳо ду қатор узви маканда мавҷуд аст. Дар нармбаданҳои сарпой аз сабаби дарандаи хеле фаъол буданашон, гӯшмоҳӣ барҳам хӯрда, фақат нишонааш дар зери пӯст боқӣ мондааст.
Дар нармбаданҳои сарпой нисбат ба дигар намояндагони ин тип системаи асаб хуб тараққӣ кардааст, гиреҳҳои асаб дар онҳо якҷоя шуда, майнаи сар ҳосил шудааст (ба расми 77 в нигаред). Узвҳои ҳис дар онҳо хеле нағз тараққӣ кардаанд. Чашми нармбаданҳои сарпой аз ҷиҳати мураккабӣ чашми моҳиро ба хотир меорад, аз ҷиҳати қобилияти биноӣ аз чашми одам монданӣ надоранд. Баъзе сарпойҳо, аз қабили каракатитса, осминог дар мавриди пеш омадани хатар, қобиляти дигар кардани ранги бадан ва хориҷ кардани модаи махсусро, ки ранги обро тира месозад доранд. Ба ҳамин восита худро аз хатар эмин медоранд. Онҳо узви махсуси рангҳосилкунанда доранд, ки онро халтаи рангдор меноманд.
Олимон тахмин мекунанд, ки нармбаданҳо аз ҳалқакирмҳои қадима пайдо шудаанд. Гувоҳи ин ба ҳамдигар монанд будани кирминаи нармбаданҳои шикампойи баҳрӣ ва кирминаи бисёрқилдори баҳрӣ мебошад. Ба ғайр аз ин сохти бадани баъзе нармбаданҳои одӣ ба сохти бадани ҳалқакирмҳо монанд аст.
Саволҳо
- Чӣ гуна мутобиқшавиҳои дар хушкӣ зиндагӣ кардан ба нармбаданҳои шикампой хос аст?
- Вобаста ба камфаъол будани бедандонак ва перловитса дар онҳо чӣ гуна мутобиқшавиҳо пайдо шудааст?
- Нармбаданҳои дупалла аз дигар нармбаданҳо чӣ фарқ доранд?
- Фарқи нармбаданҳои сарпой аз дигар нармтанҳо дар чист?