Бахшҳои ин мавзӯъ: Типи нармбаданхо (зоология). Тавсифи умумии тип. Харакати нармбаданхо. Мухити зисти нармбаданхо.
Тавсифи умумии тип
Нармбаданҳо ба монанди ҳалқакирмҳо ба ҳайвоноти ковокии дуюмини танадошта дохил мешаванд.
Бадан ва ковокии баданашон, баръакси ҳалқакирмҳо, ба буғумҳо ё ҳалқаҳо ҷудо нашудааст. Бадани онҳо мулоим аст ва бо гӯшмоҳӣ ё боқимондаи он пӯшида шудааст. Аз ҷиҳати миқдори намуд нармбаданҳо баъди типи буғумпойҳо типи калонтарини олами ҳайвонот буда, 130 ҳазор намуди онҳо дар дунё маълум аст. Андозаи баданашон аз 1 мм то 20 м буда, аз сар (дар нармбаданҳои дупалла нест) тана ва пой иборат аст. Дар қисми сар ҳассосакҳо, сӯрохии даҳон, чашм ва узви мувозинат мавҷуд аст. Болои бадани аксари нармбаданҳоро пурра ё қисман гӯшмоҳӣ (аз се қабат шохин – беруна, фарфор ва перламутрӣ – дарунӣ иборат аст) пӯшонидааст.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 намудашон ба қайд гирифта шуда, аксарияти онҳо дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Гӯшмоҳӣ аз пардаи мантия ҳосил мешавад. Ин парда дар зери гӯшмоҳӣ аз тарафи пушт дар ду тарафи бадан овезон аст.
Дар байни мантия ва бадан ковокии мантия мавҷуд буда, дар он ҷо ғалсама, сӯрохии мақъад, сӯрохии ихроҷ ва ҷинсӣ ҷойгиранд (расми 77).

Ҳаракати нармбаданҳо
Қисми зиёди нармбаданҳо камфаъол буда, хеле суст ҳаракат ме кунанд. Тӯқумшуллуки ҳавзӣ ва тӯқумшуллуки гӯшмоҳитобхӯрда дар байни рустаниҳои обӣ, сангҳо ва дигар ҷисмҳои обӣ хазида ҳаракат мекунанд. Узви ҳаракати онҳо пой аст. Пой дар зери шикам аст, аз ҳамин сабаб як синфи онҳоро шикампойҳо меноманд. Дар нармбаданҳои хазанда ба таври мавҷмонанд кашишхӯрии мушакҳои девори шикам дида мешавад.
Бедандонак ва перловитса дар қуми қаъри обанбор ними баданро халонда зиндагӣ мекунанд. Пойи бедандонак бар хилофи тӯқумшуллуки гӯшмоҳитобхӯрда, кафи паҳни васеъ надорад ва чун фонаи сермушак ба табар монанд аст. Ҳангоми ҳаракат бедандонак пояшро ба пеш гузошта, ба замин ҷафс мешавад ва баъд баданашро мекашад. Ҳамин тавр, бедандонак гӯё оҳиста-оҳиста қадам мемонад, ки масофаи он 1-2 см аст ва дар як соат ҳамагӣ 20-30 см ҳаракат мекунад. Бедандонаки мутаассиршуда пояшро ба даруни гӯшмоҳӣ мекашад ва паллаҳоро бо ёрии мушаки пайвасткунандааш мепӯшонад.
Гӯшмоҳии бедандонак ҳам монанди гӯшмоҳии тӯқумшуллуки ҳавзӣ аз оҳак иборат аст ва рӯйи онро мод- даи шохмонанди сабзи қаҳваранг пӯшонидааст.
Калмар, каракатитса ва ҳаштпо серҳаракат буда, ҳаракати онҳо ба ракета монанд аст. Тавассути рафи мантия онҳо дар ковокии мантия об гирифта, онро бо қувваи зиёд ба воситаи қиф ба қафо тела медиҳанд ва худ ба пеш ҳаракат мекунанд. Қиф шакли тағйирёфтаи пой аст.
Ҳаштпойҳо ва баъзе нармтанҳои дигар на фақат шино карда метавонанд, балки бо пойҳои сар (ҳассосакҳо ё дастҳо) дар қаъри об ҳаракат мекунанд.
Муҳити зисти нармбаданҳо
Нармбаданҳо дар об ва хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Дар рустаниҳои обӣ ва ҳатто дар рӯйи оби ҳавзҳо, кӯлҳо, дарёчаҳои сустҷараён ва ҷӯйҳо тез-тез тӯқумшуллуки ҳавзӣ, нармбадани гӯшмоҳиаш тобхӯрдаро дидан мумкин аст (расми 78).

Дар қаъри обанборҳои ширин бедандонак ва унио- пекторум зиндагӣ мекунанд. Дар кӯҳҳои зери баҳрҳо ва дар қаъри он мидия, устритса, бедандонак вомехӯранд. Дар қабатҳои мобайни об ва наздик ба қаъри баҳр калмарҳо, каракатитса, ҳаштпойҳо сукунат доранд. Дар муҳити хушкӣ лесакҳо, тӯқумшуллукҳои токхӯр ва ғайраҳо ҳаёт ба сар мебаранд.
Таркиби гӯшмоҳӣ аз оҳак ва моддаи шохин иборат аст. Гӯшмоҳӣ бадани ҳайвонро аз хушкшавӣ ва дигар таъсироти номусоиди муҳити беруна муҳофизат мекунад. Дар тӯқумшуллуки ҳавзӣ ва тӯқумшуллуки токхӯр гӯшмоҳӣ яклухт ва печтобхӯрда мебошад. Дар униопекторум, бедандонак ва мидия гӯшмоҳӣ аз ду табақа (ё палла) иборат буда, бо часпаки ёзанда дар тахтапушт ба якдигар пайваст шудаанд. Дар тарафи шикам паллаҳо кушода буда, пойи бедандонак берун мебарояд.
Дар баъзе нармбаданҳо гӯшмоҳӣ инкишоф наёфтааст (лесак, ҳаштпо, калмар). Ақидаҳое мавҷуданд, ки гӯё гузаштагони онҳо гӯшмоҳӣ доштаанд. Гувоҳи ин дар баъзе намудҳои ҳозираи онҳо мавҷуд будани боқимондаи гӯшмоҳӣ мебошад.
Бадани нармбаданҳо пурра ё қисман бо чини махсуси пӯст–мантия пӯшида шудааст. Гӯшаҳои мантия ба гӯшмоҳӣ зич мечаспанд ва моддае ҷудо мекунанд, ки аз он гӯшмоҳӣ ҳосил мешавад.
Бисёр нармбаданҳо, масалан, тӯқумшуллуки ҳавзӣ, калмар сар, тан ва пой доранд. Бадани бедандонак – мидия бошад, аз тан ва пой иборат аст. Дар онҳо сар дида намешавад. Тарзи зисти ғайрифаъолона ва бо роҳи полоидан ғизо гирифтан, дар ин гурӯҳ боиси аз байн рафтани сар гаштааст.
Саволҳо
- Хусусиятҳои сохти зоҳирии типи нармбаданҳо кадомҳоянд?
- Кадом узвҳо якумин бор дар нармбаданҳо пайдо шудаанд?
- Гӯшмоҳӣ чист, таркибаш аз чӣ иборат аст ва дар ҳаёти нармбаданҳо чӣ аҳамият дорад?
Тестҳо
- Дар кадом нармбаданҳо гӯшмоҳӣ инкишоф наёфтааст?
А) тӯқумшуллуки токхӯр; Б) бедандонак; В) лесак; Г) ҳамаи нармбаданҳо гӯшмоҳӣ доранд.
- Дар кадом нармбаданҳо сар дида намешавад?
А) тӯқумшуллуки токхӯр; Б) бедандонак; В) лесак; Г) ҳамаи нармбаданҳо сар доранд.
- Дар кадом нармбадан гӯшмоҳии тобхӯрда дида мешавад?
А) тӯқумшуллуки токхӯр; Б) бедандонак; В) лесак; Г) ҳамаи вариантҳо дуруст аст.


















