Барг бо ҳамроҳии пояю навдаҳо узвҳои рӯйизаминии рустаниҳоро ташкил медиҳад. Дар барг се раванди барои рустаниҳо ниҳоят муҳим – фотосинтез (ҳосил шудани моддаҳои органикӣ), мубодилаи газҳо (гази карбонат ва оксиген) ва оббухоркунӣ мегузарад.
Гарчанде барги рустаниҳои гуногун аз рӯйи сохти берунаашон аз якдигар фарқ кунанд ҳам, онҳо аломатҳои хосе низ доранд, ки монандии онҳоро нишон медиҳад. Барги аксари рустаниҳо ранги сабз дошта, аз ду қисм – думча ва паҳнаки барг иборатанд. Думча баргро ба поя пайваст мекунад. Чунин баргҳоро баргҳои думчадор мегӯянд. Баргҳои думчадор дар себ, олуболу, заранг, чинор, чормағз, зардолу ва ғайраҳо дида мешаванд. Дар барги дигар рустаниҳо, аз қабили гандум, сабр (алоэ), коснӣ, зағир думча дида намешавад. Барги онҳо бо асоси паҳнаки баргашон ба поя пайваст буда, онҳоро баргҳои нишаста меноманд.
Дар баргҳои думчадори баъзе рустаниҳо (масалан, нас- таран) дар асоси думча пешбаргҳо инкишоф меёбанд.
Аз рӯйи шакли зоҳириашон баргҳо гирдшакл, дилшакл, сӯзанмонанд, байзавӣ (тухмшакл) ва ғайра мешаванд. Канори паҳнаки барг метавонад дандоншакл (дар себ), сӯзанмонанд (дар ларзонбед), аррашакл ё ин ки суфтаи яклухт (дар ёсуман) бошад.
Агар думчаи барг фақат як паҳнаки барг дошта бошад, онро барги сода меноманд. Дарахтони зардолу, сафедор, фарк, чинор, тӯс (47) баргҳои сода доранд.
Баргҳои мураккаб бошанд аз якчанд паҳнаки барг, ки бо думчаҳои кӯтоҳ ба думчаи асосӣ пайвастанд, (48) иборатанд. Чунин баргҳо дар дарахти шунг (ясен), ғубайро, тамашк, шаҳтути фарангӣ, шаҳтути заминӣ ва ақоқиё дида мешаванд. Ҳар кадом паҳнаки барги дар барги мураккаб буда аввал алоҳида – алоҳида мерезад ва сипас думчаи асосии барг меафтад.
Дар баргҳои сабз ба миқдори зиёд бандчаҳои гузаронанда мавҷуданд, ки онҳоро рагҳо мегӯянд. Рагҳо ба ҷуз гузарондани моддаҳои ғизоӣ боз ба барг мустаҳкамӣ медиҳанд.
Агар рагҳо дар барг нисбати якдигар мутавозӣ ҷой гирифта бошанд, чунин тарзи рагронӣ рагронии мутавозӣ номида мешавад. Рагронии мутавозӣ бештар дар рустаниҳои якпаллагӣ (гандум, ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка, (49) пиёз ва ғайра) дида мешавад.
Дар баргҳои калони зулф, гули барфак (ливондар) ва рустании хонагии аҳлгул (аспидистра) рагронии камоншакл ба чашм мерасад, ки ин шакли рагбандӣ низ хосси рус- таниҳои якпалла (49) мебошад. Рагбандии тӯршакл барои рустаниҳои дупалла хос мебошад. Масалан, дар барги булут, зардолу, себ, бунафшаи серанга ва ғайраҳо рагҳои барг чандин маротиба шоха ронда, шакли тӯрро (49) мегиранд. Чунин махсусияти рагбандӣ нисбати рустаниҳои якпалла ва дупалла на ҳама вақт мувофиқ меафтад. Масалан, дар рус- тании зуф, ки ба дупаллагиҳо тааллуқ дорад, рагбандии камоншакл ва дар барги рустании якпалла – чашми зоғ бошад, рагбандии тӯршакл мушоҳида мешавад.
- Барг чи гуна сохт дорад?
- Баргхои сода аз мураккаб бо чи фарк мекунанд?
- Дар барг рагхо кадом вазифаро ичро мекунанд?