Навъи классикии илмияти сотсиология. Таълимот дар бораи методи Э.Дюркгейм

Навъи классикии илмияти сотсиология / социология. Таълимот дар бораи методи Э.Дюркгейм.


 Бори дигар ёдовар мешавем, ки сотсиология махз ба сабаби даъвои илмияти худ, яъне илми воқеӣ будан дар бораи ҷомеа пайдо шуда буд. Аммо дар бораи меъёри илмияти сотсиология дар байни муҳаққиқон нуқтаи назари ягона вуҷуд надорад. Яке аз муаррихони шинохтаи сотсиология Ю.Н.Давидов паиҳам пайдо шудани се навъи илмиятро дар доираи илми сотсиология қайд намудааст: классикӣ, ғайриклассикӣ, мобайнӣ ё эклектикӣ.

 Тибқи назари Ю.Н.Давидов аз тарафи О.Конт, Г.Спенсер ва Э.Дюркгейм навъи классикии илмияти сотсиология пешниҳод шудааст, ки принсипҳои асосии онро батаври зер ифода намудан мумкин аст:

1.Ҳодисаҳои иҷтимоӣ ба қонунҳое тобеъ мебошанд, ки ин қонунҳо барои тамоми воқеият, яъне ҳам барои олами иҷтимоӣ ва ҳам табиӣ умумӣ мебошанд. Ба қавли дигар, ягон навъ қонунҳои махсуси иҷтимоӣ вуҷуд надоранд.

2.Бо дарназардошти принсипи якум илми сотсиология бояд мувофиқи илмҳои табиии «позитивӣ» бунёд ёбад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

3.Методҳои тадқиқотҳои иҷтимоӣ мисли методҳои илмҳои табиӣ бояд дақиқ ва қатъӣ бошанд. Тамоми ҳодисаҳои иҷтимоӣ бояд миқдоран тавсиф ёбанд.

4.Муҳимтарин меъёри илмият объективӣ будани мундариҷаи дониш аст. Ин маънои онро дорад, ки донишҳои сотсиологӣ бояд аз таассуротҳои субъективӣ ва муҳокимарониҳои ақлонӣ орӣ буда, воқеияти иҷтимоиро новобаста аз муносибати мо ба он тавсиф намоянд.

 Қобили зикр аст, ки принсиипҳои навъи класикии илмият дар «Қоидаҳои методи сотсиологӣ» (1895)-и сотсиологи фаронсавӣ Э.Дюркгейм хеле равшан нишон дода шудаанд. Сотсиологияи Э.Дюркгейм ба назарияи « факти иҷтимоӣ» асос меёбад.Дар асари мазкур мутафаккир талаботҳои асосиро ба факти иҷтимоӣ ба таври зер баён сохтааст:

 Қоидаи аввал аз он иборат аст, ки факти иҷтимоӣ бояд ҳамчун «чиз», «шайъ» пазируфта шавад ва мавриди омӯзиш қарор гирад. Ин маънои онро дорад, ки: а) фактҳои иҷтимоӣ барои фардҳо як вуҷуди зоҳириянд; б)фактҳои иҷтимоӣ ба ин маъно метавонанд объект бошанд, ки онҳо моддӣ буда, ба таври қатъӣ мушоҳидашавандаанд; в)муносибатҳои сабабият, ки байни ду ва ё зиёда аз он фактҳои иҷтимоӣ муқаррар карда мешаванд, барои ташаккул додани қонунҳои доимии фаъолияти ҷомеа мусоидат менамоянд. Аз қоидаи аввал бояд чунин бардошт шавад, ки чӣ тавре ки ин ё он моддаи химиявӣ ё физикӣ пазируфта мешавад, факти иҷтимоӣ низ чунин тавр бояд пазируфта шавад.

 Моҳияти қонуни дуюм дар он ифода меёбад, ки зимни баррасии раванду ҳаводиси иҷтимоӣ шахс бояд ба таври системавӣ аз тамоми идеяҳои ирсӣ дурӣ ҷӯяд. Ин маънои онро дорад, ки: а)сотсиология бояд робитаи худро аз ҳама гуна идеология ва хостаҳои шахсӣ канад; б) вай бояд ҳамзамон аз ҳама гуна хурофотҳо, ки фардҳо дар нисбати фактҳои иҷтимоӣ доранд, озод бошад. Яъне, факти иҷтимоӣ аз нигоҳу бардошти субъективӣ орӣ бошад.

 Моҳияти қонуни саввум дар эътирофи мақоми аввалиндараҷаи том бар ҷузъҳои таркибии он ифода меёбад. Ин маънои онро дорад, ки: а) сарчашмаи факти иҷтимоӣ дар ҷомеа нуҳуфтааст, на дар тафаккур ва рафтори фардҳо;б)ҷомеа низоми автономиест, ки бо қонунҳои махсуси худ, ки бо шууру рафтори фард маҳдуд намегардад, идора мешавад.

 Хулоса, сотсиология аз нигоҳи Э. Дюркгейм ба маърифат намудани факти иҷтимоӣ асос меёбад. Факти иҷтимоӣ шомили вижагиҳои хос мебошад. Вай маҳсули афъоли якҷояи фардҳост, аммо аз он чизе, ки дар сатҳи шуури фардӣ рух медиҳад, тибқи табиати хеш сифатан фарқ менамояд, зеро барои факти иҷтимоӣ асос, манбаъ шуури коллективист. Барои он, ки факти иҷтимоӣ пайдо шавад, таъкид месозад Э. Дюркгейм, зарур аст. ки ақаллан якчанд фард амалҳои худро муттаҳид созанду ин муттаҳидӣ натиҷаи нав диҳад. Чун ин якҷояшавии аъмол берун аз шуури фардҳои амалкунанда (зеро ин якҷояшавӣ аз таъсири мутақобилаи бисёр шуурҳо пайдо мешавад) сурат мегирад, пас ин якҷояшавии аъмол маҳсули ягон намунаҳои рафтор, тарзҳои аъмол, арзишҳое мебошанд, ки объективона вуҷуд доранду берун аз шуури фардҳо шакли муқарраротро гирифтаанд. Ҳамин тариқ, эътироф намудани факти иҷтимоӣ ҳамчун воқеияти объективӣ нуктаи марказии методи сотсиологии Э.Дюркгейм ба ҳисоб меравад.

ҚаблӣШароитҳои иҷтимоӣ ва заминаҳои назариявии пайдоиши сотсиология
БаъдӣНавъи ғайрианъанавии илмият. «Сотсиологияи фаҳманда»-и Г. Зиммел ва М. Вебер