Тарзи навиштан ва таёр кардани ФАРМОН

Фармон ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби сарвари давлат, раиси ҳукумат, сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, яъне аз сатҳи олӣ то ба сарварони корхонахову муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ширкатҳо, фирмаҳо, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонии миёна ва ғайра барои ҳалли масоилу мушкилоти бамиёномадаи марбути ҳаёти ҷомеа, барои ба роҳ мондани фаъолияти дохилӣ ва назорти он, кору фаъолияти кормандон, устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ содир карда мешавад.

Фармонҳои вобаста ба созмону сохтори корхонаву муассиса, расонидани дастурҳои мақомоти болоӣ ва иқдомот барои ба эътибор гирифтану иҷроиши онхо, ки бевосита ба корхона дахл доранд, фармонҳои меъёрӣ мебошанд. Фармонҳоеро, ки ба кормандон, донишҷӯён оид ба қабул кардан ба кор, аз кор озод кардан, ба рухсатӣ рафтан, мукофот ё танбеҳ додан, қабули донишҷӯ ба мактаби олӣ, хориҷ кардан аз сафи донишҷӯён, барқарор кардан ба сафи донишҷӯён дахл доранд, фармони шахсӣ ё инфиродӣ мегуянд.

Фармон аз қисмҳои зерин иборат аст:

  • номи мақомоти болоӣ
  • номи муссиса, корхона
  • номи ҳуҷҷат
  • шумора, макон ва санаи содир шудан
  • сарлавҳа, унвони фармон
  • матн
  • асос, далел
  • имзои сардори муассиса, корхона

Намунаи Фармон


ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ФАРМОН

№23-ш                        ш. Душанбе                    31.08.2020

_______________________________________________

Дар хусуси ба вазифаи дигар гузаронидан

1.Саъдизода Шаҳзодаи Алишер – котибаи Кафедраи забони тоҷикӣ аз 01. 09. 2020 ба вазифаи оператори компютери кафедраи мазкур бо музди меҳнати мутобиқи ҷадвали бастҳо гузаронида шавад.

АСОС: Аризаи Саъдизода Ш.А. ва ризоияти роҳбарият.

 

РЕКТОР                             Н. Азизов.


Намунаи 2:

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОН

№ 25 – с                      ш. Душанбе                   02.10.2020

Диловарзода Барзуи Манучеҳр – муаллими калони Кафедраи забони тоҷикӣ бо мақсади барқарор намудани робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо марказҳои илмӣ ва омузишу парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон, дастрас намудани китобҳои илмӣ ва таълимӣ, андухтани таҷриба оид ба методҳои омузишу парвариш ба муҳлати сӣ рӯз, аз 02.10.2020 то 02.11.2020 ба ҶИЭ ба сафари хидматӣ фиристода шавад.

АСОС: Пешниҳоди мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ризоияти роҳбарияти донишгоҳ.

 

РЕКТОР                                                       Р. Паҳлавонзода.


Нусха аз фармон

Нусха аз фармон ҳуҷҷатест, ки аз ҷиҳати сохтор ва қисмҳо ба фармон айният дорад. Нусха аз фармонро шахсе мегирад, ки фармон ба ӯ дахл дорад ва ба мақомоти дахлдоре, ки аз ӯ овардани ин ҳуҷҷатро талаб кардаанд, мерасонад. Масалан, донишҷӯ аз фармоне, ки дар он оид ба қабул шуданаш ба донишкада сухан меравад, нусха гирифта, ба Комиссариати ҳарбии ҷойи зисташ мебарад ва ӯ аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешавад. Корманди ба нафақа мебаромадагӣ нусха аз фармонро оид ба қабул шуданаш ба кор ба мақомоти таъинкунандаи нафақа мебарад.

Нусха аз фармонро сардор ё нозири Шуъбаи кадрҳои корхона ба навиштаи “Нусха ба аслаш мувофиқ аст” имзо ва муҳр тасдиқ менамояд.


ДИГАР МАВОДҲО:

Намунаи Ариза барои машғул шудан ба соҳибкорӣ


Тарзи навиштани ФАРМОН, Тарзи таёр кардани ФАРМОН, Фармонро чи тавр менависанд, намунаи Фармон, фармони ба кор гирифтан, намунахои фармонхо, фармон намуна, фармони Чумхурии Точикистон намуна.

ҚаблӣНамунаи Шартнома (Қарордод, Созишнома)
БаъдӣАдабиёт чист? | Ададбиёти тоҷик

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед