Тағйирпазирии фарҳанг / Тагйирпазирии фарханг.
Ҳар як ҷомеа шомили маҷмӯи муайяни осори фарҳангист, ки аз тарафи аксари аҳли он эътироф мегардад ва дар фаъолияти ҳаётии онҳо татбиқ мешавад. Ин фарҳангро одатан фарҳанги оммавӣ (барои тамоми ҷомеа умумӣ ва афзалиятдошта) меноманд. Фарҳанги оммавӣ мафҳумест, ки тарзи нисбатан анъанавии фарҳангро дар шароитҳои ҷомеаи муосир инъикос менамояд.
Ҷомеа аз умумиятҳои иҷтимоии зиёде (этникӣ, демографӣ, касбӣ, эътиқодӣ ва ғайра ) иборат мебошад. Ҳар яке аз умумиятҳои этникӣ шомили маҷмӯи хоси арзишҳою меъёрҳост, ки агарчанде аз тарафи тамоми аъзоёни он эътироф намешаванду дар асоси одатҳо, меъёрҳо ва арзишҳои гуногун ташаккул меёбанд, лекин бо фарҳанги оммавӣ дар робитаи зич қарор доранд. Ҳамин фарҳангҳои хос, ки ба умумиятҳои алоҳидаи иҷтимоӣ мутааллиқ мебошанд, зерфарҳанг номида мешаванд. Ба таври мисол: зерфарҳанги шаҳрӣ, деҳотӣ, ҷавонон, нафақахӯрон, зерфарҳанги ақаллиятҳои миллӣ, зерфарҳанги ҷиноӣ, зерфарҳанги касбӣ ва ғайра. Зерфарҳангҳо аз ҳамдигар ва аз фарҳанги оммавӣ низ бо арзишҳо, меъёрҳои рафтор, тарзи зиндагӣ ва ҳатто забон фарқ менамоянд. Ин ҷо метавон ба таври мисол зерфарҳанги донишҷӯёнро бо зерфарҳанги савдогарон муқоиса намуд.
Ҳамин тавр, зерфарҳанг – ин маҷмӯи арзишҳо, муқаррарот, тарзҳои рафтор ва усулҳои зиндагии гурӯҳи муайяни иҷтимоист, ки аз фарҳанги дар ҷомеа ҳукмрон фарқ менамояду ҳамзамон бо он алоқаманд аст.
Яке аз навъҳои махсуси зерфарҳанг зидфарҳанг мебошад. Вай на танҳо аз фарҳанги афзалиятдошта фарқ менамояд, балки ба он зид буда, бо маҷмӯи меъёру арзишҳои ҳукмрон дар ҳолати низоъ қарор дорад. Ин ҷо метавон ба таври мисол зидфарҳангҳои дастаи ҷинояткор, роҳзанҳо, фоҳишаҳо ва ғайраро зикр намуд. Агар намояндаи зерфарҳанг, агарчанде аз махсусияти фарҳангие бархӯрдор аст, лекин меъёру арзишҳои усулӣ ва бунёдии ҷомеаро мепазирад, дар ҳолате ки намояндагони зидфарҳанг аз қабул намудани арзишҳои асосие, ки мағзи фарҳанги ҷомеаро ташкил менамоянд, даст мекашанд.
Таърихи башарӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фарҳанг як чизи бетағйиру шахшудамонда нест. Агар мо фарҳанги имрӯзаи тоҷиконро бо фарҳанги давраи шӯравӣ ва тошӯравӣ муқоиса намоем, ба ин гуфта итминон ҳосил менамоем. Аз тарафи дигар, мо байни ин фарҳангҳо ким-кадом меросиятеро мушоҳида менамоем, ки ба махсусияти он, фарқияти он аз дигар фарҳангҳо ва ҳамзамон айнияти фарҳангӣ – иҷтимоии ҳомилони ин фарҳанг далолат менамоянд. Аз ин ҷо бармеояд, ки раванди иҷтимоӣфарҳангӣ, яъне фаъолияти фарҳанг ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ аз таъсири мутақобилаи ду тамоюли асосии ба ҳам муқобил: тамоюл барои худмуҳофизатсозӣ, устуворӣ, меросият ва тамоюл ба инкишофу муосирсозӣ ва тағйирот иборат мебошад.
Қобили қайд аст, ки фарҳанг аз нуқтаи назари сотсиологӣ–ин усули маърифатӣ- арзишии воқеият тавассути маҷмӯи баҳоҳо, меъёрҳо, намунаҳои рафтор ба ҳисоб меравад. То он замоне, ки ин усул фаъолияти якҷояву пурмаҳсулро оид ба қонеъ сохтани талаботи одамон таъмин месозад, фарҳанг ва унсурҳои асосии он устуворию якрангии худро ҳифз мекунанд. Дар акси ҳол вазъияте пайдо мешавад, ки он ба ин ё он тағйироте дар фарҳанг мусоидат менамояд, ки ин тағйирот ба баромадан аз доираи намунаю меъёрҳои фарҳанги мазкур таҳрик месозанд. Ба қавли дигар, то замоне ки меъёру арзишҳо талаботҳои ҷории маънавии ҷомеаро қонеъ месозанд, онҳо устувор боқӣ хоҳанд монд. Аммо вақте пешрафти ҷомеа зарурати арзишҳою меъёрҳои навро ба миён мегузорад, меъёру арзишҳои кӯҳан ё қисман ё пурра дучори тағйирот мегарданд.
Тағйирот дар фарҳанг, яъне ташаккулёбии идеяҳо, арзишҳо, тарзҳои фаъолияту меъёрҳои рафтори барои ҷомеаи мазкур нав тавассути худинкишофёбӣ сурат мегирад. Бинобар ин, аз доираи меъёру намунаҳои анъанавию одатшуда баромадан тавассути пеш аз ҳама кашфиётҳо сурат мегирад. Ин кашфиётҳо метавонанд стихиявӣ ва метавонанд бо роҳи санҷишу иштибоҳ ҳосил шаванд.
Яъне, инсон баъзан ин ё он навъи рафторо дуруст ҳисобида, онро ба дигарон таҳмил месозад ва мехоҳад, ки он барои дигарон меъёр бошад. Баъзан мо мушоҳида менамоем, ки шахс худ аз ислому доираи таълимоти он бехабар аст, ҳангоми пайдо шудани масъалаи баҳсӣ тасаввуроту дониши маҳдуди мавҷудаи худро меъёр ҳисобида дар атрофи масоили мавриди матраҳ сухан меронад ва баъзан аз номи худо ҳукм низ меронад. Ҳамин тавр, меъёру арзиши навдарёфткарддаи худро шахс бо меъёру арзиши мавҷудбуда муқоиса намуда, барои он афзалият қоил мешавад ва онро тадриҷан ба низоми фарҳангии хеш ворид месозад. Ин меъёру арзиши эҷодкардаи шахси муқаррарӣ танҳо муддате то огоҳ гаштани ин шахс бо меъёру арзишҳои тибқи муқаррарот ё анъана ё навиштаи муқадддас вуҷуддошта арзи ҳастӣ менамояд.
Дар рушди илм нақши махсусро кашшофону олимон (Нютон,Эйнштейн), дар санъат ва адабиёт рассомону шоирону нависандагон иҷро менамоянд. Дар соҳаи ахлоқ, дар пешниҳод намудани арзишҳою меъёрҳои нав дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши бузург ба паёмбаронЗардушт, Буддо, Мусо, Конфутсий, Исо, Муҳаммад ва ғайра тааллуқ доранд. Паёмбарон идеяҳои хешро дар доираи таълимоти динӣ ба мардум паҳн намудаанд.
Таълимоти дини ислом ба мусулмонон тавассути ваҳйи аз тарафи Худо ба Муҳаммад нозил шуда (Қуръон) ва тавассути гуфтору рафтори худи паёмбар интишор шудааст. Қобили зикр аст, ки паёмбарони машҳур меъёру арзишҳои навро ба ҳаёти иҷтимоии мардум ворид сохта, дурнамои рушди фарҳангию иҷтимоии аҳли ин ё он ҷомеаро садҳо сол пешакӣ муайян намудаанд.
Қобили зикр аст, ки тағйиротҳои фарҳангӣ инчунин дар натиҷаи диффузия-бо ҳам махлутшавии унсурҳои фарҳангии ин ё он ҷомеа бо дигараш сурат мегирад. Дар натиҷаи чунин робитаҳо ё унсурҳои фарҳангии ин ё он ҷомеа пурра нест мегардад ё зери таъсири амиқ ва куллӣ қарор мегирад ва ё қисман тағйир мепазирад. Масалан, унсурҳои фарҳангии тоҷикон дар зери таъсири фарҳанги исломӣ дар ибтидои асри VIII тадриҷан қариб ба нестӣ расида буд. Дар натиҷаи чунин таъсирот ба забони тоҷикӣ миқдори зиёди калимаҳои арабӣ ворид шуданд.
Расму русуми аҷдодии мо бошад қариб пурра бо расму русуми нави исломӣ иваз шудаанд. Ҳамзамон боиси ифтихор аст, ки яке аз маросимҳои миллии тоҷикон-ҷашни Наврӯз новобаста ба муқовиматҳои фарҳангии ҷомеаҳои ғайр тавонист, ки то замони мо на танҳо истодагарӣ намояд, балки ба ҳаёти фарҳангии бисёр халқҳои рӯи замин таъсир расонида, аз тарафи онҳо ҳамчун ҷузъи фарҳанги хеш пазируфта шавад ва ҳамин тавр характери фаромиллӣ касб намуда, ҷаҳонӣ шавад. Қобили зикр аст, ки имрӯз дар зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ махлутшавии фарҳангҳо, махсусан мавқеи намоён касб намудани меъёру арзишҳои аврупоӣ дар фарҳанги аксари мардуми дунё бисёр барҷаста ба чашм мерасад.
Аммо дар хусуси характери тағйирпазирии фарҳанг ҳаминро бояд зикр намуд, ки доир ба ин масъала дар сотсиология андешаи ягона вуҷуд надорад. Баъзе сотсиологҳо бар он ақидаанд, ки дар ҷомеа тағйирёбии унсурҳои фарҳангӣ ба таври доимӣ сурат мегирад, ки дар натиҷаи ин тағйирёбӣ онҳо комилан дигаргун мешаванд. Зимни ин раванд тағйирёбӣ аз содда ба мураккаб, аз шакли сифатан якхела ба фарҳанги гуногуншакл сурат мегирад.
Ҳамин тавр, рушди фарҳанг бо самти болораванда ба вуқуъ мепайвандад, яъне ҳар як навъи фарҳанг аз маҷмӯи унсурҳои мураккаб, нисбатан комил ва башардӯстона иборат хоҳад буд. Аммо нуқтаи назари мазкур, ки дар асри XIX хеле маъмул буд, имрӯз ба танқиди ҷиддӣ дучор гардидааст. Баъзе олимони муосир (А. Швейцер, Э. Фромм ва ғ.) дар бораи инқирози фарҳанг сухан меронанд , дигарон (О. Шпенглер, А. Тойнби) рушди ростхатаи фарҳангро инкор намуда, иддао доранд, ки фарҳанг ба таври даврӣ (пайдоиш, гул-гулшукуфӣ, инқироз, фавт) рушд менамояд.
Тарафдорони таълимоти диалектикӣ чунин меҳисобанд, ки ҳама гуна намуна, меъёр ва арзиши фарҳангӣ дар инкишофи худ се марҳиларо – марҳилаи рушдро, ки он дар эътироф гардидани ин намунаю меъёру арзиши фарҳангӣ, паҳншавии он дар ҷомеа ба зоҳир мерасад, марҳилаи ноилшавии ин намунаю меъёру арзиши фарҳангӣ сатҳ ё ҳудуди муайянро, ки баъди он вай бо муҳити беруна ва мундариҷаи ботинии худ ба мухолифат дучор мегардад, марҳилаи саввум-қатъи мавҷудияти меъёру арзишҳои фарҳангиро паси сар менамояд.
Зимни ин раванд мундариҷаи кӯҳна пурра нест намешавад, балки барои муқобили худнамунаи фарҳангии нав асос қарор мегирад. Новобаста ба он, ки мундариҷаи намунаи нав моҳиятан аз мундариҷаи пешина фарқ менамояд ва мундариҷаи нав дар ҳаёти ҷомеа нақши комилан дигарро иҷро менамояд, вай ҳатман унсурҳои фарҳангии пешинро дар худ ҳифз мекунад. Давраҳои ҳаётии меъёру арзишҳои фарҳангӣ муддати замонии мухталиф (аз муддати кӯтоҳ то муддати садсолаҳо) –ро фаро мегирад.
Ҳамин тавр, дар ҷомеа худазнавсозии фарҳанг ё худистеҳсолсозии фарҳанг сурат мегирад. Яъне, худистеҳсолсозии фарҳангӣ аз раванди рушди эволюционии фарҳанг дар шакли худистеҳсолсозии даврӣ, чун устуворӣ, мероснокӣ, тағйирёбӣ ва рушд иборат мебошад.
Хулоса, дар ҳама ҷое, ки коллективи одамон вуҷуд дорад, робитаи ҳатмии байниҳамдигарии унсурҳои иҷтимоию фарҳангиро дар рафтори одамон қайд кардан мумкин аст. Ин робитаи байниҳамдигарӣ дар ягонагии мутазодди онҳо ифода меёбад, ки дар он ҳар як тараф барои тарафи дигар ҳам моҳият, ҳам мақсад, ҳам восита ва ҳам шарту натиҷа мебошад.
Фарҳанг тарзи мавҷудияти ҷомеа ба ҳисоб меравад ва мо ҷомеаро (низоми иҷтимоиро) дуруст фаҳмида наметавонем то вақте ки ҷанбаҳои арзишӣ-фарҳангии рафтори одамонро, ки мундариҷаю мазмуни рафтори онҳоро муайян месозад, надонем. Аз тарафи дигар, низоми иҷтимоӣ барои фарҳанг сарчашмаи нерую воситаи мавҷудият ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин, дар сотсиологияи муосир ҷомеаро ҳамчун низоми томи иҷтимоӣ-фарҳангӣ баррасӣ менамоянд.