Мавзӯи 22. Тарбияи меҳнатӣ ва касбогоҳӣ

Тарбияи мехнати ва касбогохи.


Зермавзӯҳо:

  1. Тарбияи меҳнатӣ-омили умдаи ташаккули шахсият
  2. Намудҳои фаъолияти меҳнатии талабагон ва моҳияти тарбиявии онҳо
  3. Касбогоҳӣ дар мактаб

1. Тарбияи меҳнатӣ-омили умдаи ташаккули шахсият.

Тарбияи меҳнатии мактаб ба омодагии психологӣ ва амалии мактабиён равона шудааст. Меҳнат – асоси зиндагӣ, ғановати маънавӣ – ва моддӣ, вазифаи муқаддаси инсон, меъёри қадру қимати ҳар фард, рукни рушду камолоти шахсият аст.

Мо аз мавзӯи «Рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият» огоҳем, ки сохти иҷтимоии ғуломдорӣ (феодалистӣ ва капиталистӣ ҳам), меҳнат ба ду қисмат – ақлӣ ва ҷисмонӣ ҷудо шуда буд. Фарзандони табақаи ҳокими истисморгар ба меҳнати ақлӣ ва синфҳои мазлум ба меҳнати ҷисмонӣ машғул мешуданд. Чунин аз ҳам чудоии меҳнат инсониятро асрҳои мадид аз инкишофи ҳамаҷониба боз дошта омад, чунки маҳз бо ҳам пайвастагии меҳнати ақлю ҷисмонӣ метавонад инкишофи ҳамаҷибаи шахсиятро таъмин гардонад.

Мавзӯро пурра хонед >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2. Намудҳои фаъолияти меҳнатии талабагон ва моҳияти тарбиявии онҳо

Талабагони синфҳои ибтидоӣ (аз синфҳои II – IV) илова ба таълими «Санъати миллӣ ва меҳнат) унсурҳои корҳои дастии ҳаётан муҳим – сабзонидани гулҳо, сабзавоти хоҷагии қишлоқ, таъмири китобу асбобҳои аёнии таълимӣ, тайёр кардани бозичаҳо барои кӯдакистон ва ғайра низ шуғл меварзанд. Дар ҳамин зинаи мактаби кӯдакон бо як қатор касбу корҳои ба онҳо маълум шинос мешаванд.

Барои он ки ба тарбияи меҳнатӣ роҳбарӣ карда шавад, нисбати навъҳои тарбияи меҳнати кӯдакон, ки бевосита ва ё бавосита иштирок мекунанд, тасаввуроти дақиқ бояд дошт.

Мавзӯро пурра хонед >>


3. Касбогоҳӣ дар мактаб

Дар оянда орзуи соҳиби ягон касб шудани кӯдакон хеле бармаҳал, ҳатто аз давраи синни томактабӣ ҳангоми бо бозичаҳо сару кор доштанашон пайдо мешавад. Аммо ҳоло ин орзу хомакӣ ва тахминӣ буда, ҳини мактабхониашон дар баъзеҳо борҳо тағйиру табдил ёфта меистад. Фақат дар охирҳои мактаби асосӣ, бахусус баъди омӯхтани силсилаи асосҳои фан ва шиносшавӣ бо хусусиятҳои касбу пеша орзуи интихоби касб ба ҳукми қатъӣ медарояд, ин ё он ихтисоси дилхоҳашонро дилпурона муайян мекунанд. Вале мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯхтану пешниҳод кардани касбро дар ӯҳда надорад, он тибқи вазифаи асосии худ – маълумоти умумӣ фаъоляит намуда, дар касбогоҳӣ ҳам ба тариқи умумӣ шуғл меварзад.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Моҳияти корҳои тарбиявии коллективона дар чист?
  2. Сохти корҳои тарбиявӣ чӣ гуна?
  3. Корҳои тарбиявии ақлӣ ва меҳнатӣ чӣ гуна мақсад дорад?
  4. Тарзи касбогоҳӣ дар мактаб чӣ гуна сурат мегирад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Иванов И. П. Энциклопедия коллективных творческих дел. – М., 1989.
  • Подласый И. П. Педагогика. Книга 2. – М., 2000.
  • Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
  • Шуркова Н. Нравственное воспитание // Воспитание школьников. – 1990. – №1 – 3.
  • Юнусов И. Педагогика: Душанбе, 2005.
  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
ҚаблӣМЕҲРИ ВАТАН
БаъдӣТаърихи Артиш (артиши милли)