Тарбияи мехнати-омили умдаи ташаккули шахсият.
Тарбияи меҳнатии мактаб ба омодагии психологӣ ва амалии мактабиён равона шудааст. Меҳнат – асоси зиндагӣ, ғановати маънавӣ – ва моддӣ, вазифаи муқаддаси инсон, меъёри қадру қимати ҳар фард, рукни рушду камолоти шахсият аст.
Мо аз мавзӯи «Рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият» огоҳем, ки сохти иҷтимоии ғуломдорӣ (феодалистӣ ва капиталистӣ ҳам), меҳнат ба ду қисмат – ақлӣ ва ҷисмонӣ ҷудо шуда буд. Фарзандони табақаи ҳокими истисморгар ба меҳнати ақлӣ ва синфҳои мазлум ба меҳнати ҷисмонӣ машғул мешуданд. Чунин аз ҳам чудоии меҳнат инсониятро асрҳои мадид аз инкишофи ҳамаҷониба боз дошта омад, чунки маҳз бо ҳам пайвастагии меҳнати ақлю ҷисмонӣ метавонад инкишофи ҳамаҷибаи шахсиятро таъмин гардонад.
Мактаби муосир бояд насли наврасро ба касбу кори омода созад, ки он ягонагии меҳнати ақлӣ ва ҷисмониро бо таълими политехникӣ пайваста бошад ва ба мақсади тарбияи ҷомеаи демократӣ ҳамоҳангӣ пайдо кунад. Аммо мактаби ҷумҳуриро чун пештара ба мактаби меҳнатӣ табдил дода, аз вазифаи аслиаш – таҳсилоти умумӣ дур кардан мумкин нест. Он бояд бо маҷрои муайян кардаи қонуни маориф ва консепсияи миллии тоҷик вазифаи асосии худро адо кунад, вале ин он маъноро надорад, ки мактаб тамомман аз таълиму тарбияи меҳнатӣ канда бошад. Ин вазифаро ҳоло дар мактаб фанҳои «Санъати миллӣ ва меҳнат», «Таълими меҳнат», «Технология ва касбу ҳунарҳои миллӣ» анҷом медиҳад, инчунин тавассути таълими фанҳои табиатшиносӣ, ботаника, биология ва ғайра, ки корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ доранд, сурат мегирад.
Дар таълим ва тарбияи меҳнат, пеш аз ҳама, ба кадом соҳаи кор майлу рағбат ва қобилият зоҳир намудани талабагон ошкор карда мешавад, то ки ҳини таълими тафриқа дар он равияи дӯстдоштаашон ташаббус ва қобилияти эҷодиашонро баланд бардошта тавонанд. Аз ин рӯ барои мактабиёни мактаби таҳсилоти умумӣ на маҳсули меҳнат, агарчи он муҳим аст, балки ҷиҳати тарбияивии он арзиши зиёд дорад.
Кунун дар синфҳои ибтидоӣ таълими меҳнат на ҳамчун фанни алоҳида, балки пайваста ба санъати тасвирӣ таҳти як номи муштарак «Санъати миллӣ ва меҳнат» ҳамгиро омӯзонида мешавад. Чунин пайвастагӣ ба муаллимон ва шогирдон имконият медиҳад, ки таълими меҳнатро дар равобити фанни таълимии ба ҳам хешу мантиқан наздик ва чизҳои таҳқиқшаванда ҳамчун як фанни том ҳамгиро карда омӯзанд. Дар ин системаи ҳамгироии таълими меҳнат толибилмон амалиётҳоеро анҷом медиҳанд, ки пештар дар синфҳо паҳлӯ ва ҷанбаҳои гуногуни онро фаҳмидаанд, яъне дар ин тарзи корӣ донишҳои на аз ҳамдигар ҷудо, балки ба маҷмӯи том ва умумиилмиро дарк мекунад, ба ҳам вобастагӣ доштани ашёю ҳодисаҳоро сарфаҳм мераванд.
Барои он ки талабагон дар рафти амалиёти меҳнатӣ хаста ва дилгир нашаванд, дар мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шаклҳои омӯзиши меҳнат синну сол, ҷинс ва рағбати ононро ба инобат гирифта, ба равияҳо тафрӣқа карда мешаванд. Дар тафриқа тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва талаботи ҳар як ноҳия ва имконияти мактабро низ ба назар мегиранд ва дарсҳои меҳнат бо касбҳои талабагон пайваста сурат мегирад.
Дар мактаб дуруст ба ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои номбурда ва огоҳии касбӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва меҳнати истеҳсолӣ ба қадри ҳол иштирок кардани талабагон омили муҳими ахлоқӣ ва зеҳнии инкишофи шахсият, рушду камолоти ҷисмонии онҳо мебошад. Зеро дар оянда аз хатмкунандагони мактаб дар ин ё он соҳа фаъолияти коршоямӣ ва тобоварии меҳнатӣ талаб карда мешавад. Меҳнат, фаъолияти истеҳсолии амалӣ ба инкишофи ҷисмонии шахс таъсири муфид мерасонад. Татқиқотҳои физиологӣ собит мекунанд, ки меҳнати ҷисмонӣ ба ҳаракат ва мушакҳои бадан нерӯмандӣ мебахшад, саломатиашро устувор, қобилияти зеҳниашро баланд мебардорад. Касе, ки меҳнати ҷисмонӣ мекунад, қобилияти гирои ақлӣ ҳам дошта метавонад. Бузургони олам ҳамеша қобилияти зеҳнии худро тибқи шуғли иловагӣ – коре, ҳунаре ва ё бо ягон намуди варзише обутоб додаанд. Нисбати варзиш Абӯалӣ ибни Сино «Дар қонуни тиб» овардааст: «Ҳар кӣ муваффақ шавад, то варзишро ба эътидол ва андарвақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷае бениёз хоҳад шуд»[1]. Д. И. Менделеев дар соатҳои дамгирӣ наҷҷорӣ (чӯбтарошӣ) карданро дӯст медоштааст ва дар Маскав устои беҳтарини ҷомадонсоз ба шумор мерафтааст.
Ҳамин тавр, меҳнат қобилияти фикркунӣ, фаҳму фаросат, ҳассосии шахсро тақвият мебахшад, зеро аслан инсон зодаи меҳнат аст, дар натиҷаи меҳнат инкишоф ёфтааст. Алҳақ Низомии Ганҷавӣ оварда: Ба дасти касон кони гавҳар макан, Агар зиндаи, дасту пое бизан!
Оре, маҳсули меҳнати ҳалоли дасти хеш на фақат таъму қадри хоса, ҳамчунин дар зиндагӣ омили худмуайянкунии мавқеи шахсиятро дорад. Агар чӣ омӯзиш ба фаъолияти фарқкунӣ майл дошта бошад ҳам, он моҳиятан дар дили толибилмон паҳлӯҳои гуногуни касбу корро бедор мекунад. Барои он ки онҳо ба касби дилчаспи худ бирасанд, дар мактаб ва берун аз он шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардан лозим аст, то дар яке аз онҳо қобилияти худро санҷида бароянд.
Дар мактаб омӯхтани фанни «Санъати миллӣ ва меҳнат» ин як тадбири аввалини таълими политехникӣ буда, талабагонро ба машғулиятҳои амалии омехтаи санъат ва меҳнат ҷалб мекунад. Онҳоро ба қадркунии аҳли меҳнат, инкишофи дарки нафосат, фаҳму фаросати расмкашӣ, ҳайкалтарошӣ ва ороиши онҳо майл медиҳад.
Ба мазмуни дарсҳои «Санъати миллӣ ва меҳнат» – и мактаби ибтидоӣ чунин машғулиятҳо шомил мегарданд: кор бо коғазу картон, матоъ, машғулиятҳои омехта (қоидаҳои истифодабарии асбобҳои корӣ: корду қайчӣ, дарафшу сӯзан, арраю болға ва ғ.; истифодаи масолеҳи табиӣ: сӯрох кардан, васл намудан, буридан ва ғ.; сохтани бозичаҳои гилин: косаю пиёла ва дигар чизҳои кулолгарӣ, аз химча сабатчабофӣ ва ғ.); моделсозии техникӣ, корҳои хоҷагӣ, тасвир аз асл, ороишу нақшу нигор, тасвир аз рӯи мавзӯъ ва саёҳат. Дар ҳар синф доираи фаъолияти амалии талабагон васеъ ва мураккабтар мегардад.
Дар нақшаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тайёрии умумии меҳнатӣ ва касбии мактаби асосӣ равияи техника ва технология зикр ёфтааст. Дар он ба ғайр аз ташкил кардани дарсҳои таълими меҳнат барои синфҳои 7 – 9 мактабҳои наздик дар комбинатҳои таълимию истеҳсолии байнимактабӣ ва мактабҳои миёнае, ки дорои базаи хуби моддию техникианд, ташкил намудани равияи технология ва касбу ҳунарҳои миллӣ пешниҳод шудааст. Ҳини интихоби ин равия мактабҳо мувофиқи шароиту имконияташон соҳаҳои аниқро ҷорӣ менамоянд. Ин равия метавонад чунин соҳаҳо дошта бошад: боғпарвар – механизатор, сабзавоткор – механизатор, омӯзиши трактору дигар мошинҳои хоҷагии қишлок, кандакорӣ, кулолӣ, оҳангарӣ, корҳои нафис – заргарӣ, сангтарошӣ, гилему қолинбофӣ, паррандапарварӣ, санъати амалию бадеӣ ва амсоли инҳоро дошта бошад.
Дар ин равияҳо ба омӯзгори эҷодкор иҷозат дода мешавад, ки муваққатан (таҷрибавӣ) нисбати соҳа барномаи таълимӣ тартиб диҳад ва онро ҳатман ба мухокимаю тасдиқи иттиҳодияи методии фанни ноҳия (шаҳр) пешниҳод кунад.
Ин равия барои он талабагоне таъин шудааст, ки ба сабаби сустхон буданашон наметавонанд таҳсилро дар синфи 10 – ум дар равияҳои дигар идома диҳанд.
Дар мактаби миёна (синфҳои Ҷ – ҶI) мувофиқи нақшаи меҳнат, техника, технология нишон дода шудааст.
Ба мақсади баланд бардоштани сифати таълими талабагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи имконият кабинети махсуси меҳнати дастӣ ташкил кардаанд, дар синфҳои болоӣ устохонаҳои таълимӣ, кабинет, қитъаҳои таълимию таҷрибавии наздимактабӣ мебояд дошт.
[1] Абӯалӣ инби Сино. Қонуни тиб. Китоби I. Душанбе, 1989. с. 184.















