Таркиб ва вазифаҳои хун. Плазмаи хун

Хун. Системаи гардиши хун ва дил. Таркиб ва вазифахои хун. Плазмаи хун. Ахамият ва вазифахои хун. Таркиби хун. Лахташавии хун.


Аҳамият ва вазифаҳои хун

Хун ҳамчун моеи дохилии организм дар системаи махсуси худ ҳаракат карда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: нақлиётӣ, нафаскашӣ, кимиёвӣ, ҳуморалӣ ва ғайраҳо.


Таркиби хун

Дар организми одами калонсол қариб 5 литр хун мавҷуд аст. Хун ҳамчун бофтаи пайвасткунанда аз ду қисм иборат мебошад. Ҳангоми хунро ба пробирка гирифта, дар асбоби чархзананда (сентрифуга) давр занондан, ба ду қисм ҷудо шудани хунро дидан мумкин аст.

Қисми болоии онро плазма ва қисми поёнашро ҳуҷайраҳои хун: эритроситҳо, лейкотситҳо ва тромботситҳо ташкил мекунанд (расми 40). Таркиби плазмаи хунро қариб 90-92 фоиз об ва 8-10 фоиз моддаҳои узвӣ (сафедаҳо, чарбҳо, глюкоза) ташкил мекунанд. Аз моддаҳои ғайриузвӣ намакҳои минералӣ: натрий, калий, калсий, магний ва ғайраҳо ба таркиби хун дохил мешаванд.

Расми 40

Таркиби плазмаи хун доимӣ буда, дар ҳолати тағйирёбии он организм ба ҳалокат дучор мешавад. Моддаҳои зиёдатие, ки дар организм ҳосил мешаванд, тавассути узвҳои ихроҷ аз организм дур карда мешаванд яъне хун дар шуш аз гази карбонат ва дар гурда аз оби зиёдатӣ ва намаки минералии дар он ҳалшуда озод мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Лахташавии хун

Дар вақти осеб дидани рагҳо хун лахта шуда, организмро аз хунравии зиёд эмин медорад. Хун оҳиста-оҳиста лахта шуда, ҷойи зарардидаи рагро мебандад ва бо ҳамин хунравиро боз медорад. Бо гузаштани вақт девори раги хун сиҳат шуда, лахтаҳои хун нест мешаванд.

Сафедаи ҳалнашавандаи нахҳои фибрин асоси лахташавии хунро ташкил медиҳад, ки он аз сафедаи дар плазма ҳалшудаи фибриноген таркиб ёфтааст. Барои ҳосилшавии нахҳои фибринӣ омилҳои узвӣ, сафедаҳо ва моддаҳои ғайриузвӣ, хусусан ионҳои калий нақши муайянро иҷро мекунанд. Муҳлати лахташавии хун ба ҳарорати муҳит вобаста аст. Масалан, дар ҳарорати гармӣ хун дар давоми 3-5 дақиқа лахта мешавад. Дар таркиби лимфа фибриноген низ ҳаст.

Баъзе одамон бемории модарзодӣ доранд, ки хунашон умуман қобилияти лахташавӣ надорад, ки онро гемофилия меноманд. Чунин одамон ҳангоми каме захмдор шудан аз сабаби хунравии зиёд ба ҳалокат мерасанд. Барои барқарор кардани ҳолати муқаррарӣ маҳлулҳои физиологӣ –NaCl, CaCl ва ғайра интиқол дода мешаванд.


Дониши худро санҷед:

  1. Кадом таркиби муҳити дохилиро медонед? Онҳо барои организм чӣ аҳамият доранд?
  2. Хун кадом вазифаро иҷро мекунад?
  3. Вазифаи нақлиётии хун дар чист?
  4. Таркиби хун аз кадом қисмҳо иборат аст?
  5. Дар таркиби плазмаи хун кадом моддаҳо мавҷуданд?
  6. Кадом ҳуҷайраҳои хунро медонед?
  7. Лахташавии хун чист ва кадом омилҳо онро ба амал меоранд?
  8. Оё лахташавии хунро пешгирӣ кардан мумкин аст?
  9. Гемофилия чист?
  10. Ҳуҷайраҳои хун дар куҷо ҳосил мешавад?
  11. Маҳлули физиологӣ чист?
ҚаблӣПешгирӣ кардани каҷшавии сутунмуҳра ва паҳнкафии пой
БаъдӣТаркиби хун