Меъёрҳо ва муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ

Меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ. Меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ гуфта он қоидаву рафторҳоеро меноманд, ки муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқи экологиро оиди истифодабарӣ ва муҳофизати объектҳои ҳуқуқи экологӣ ба танзим медароранд.

Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ:

  1. Меъёрҳои ҳуқуқии соҳавӣ (ҳифз ва нигоҳдории объектҳои алоҳидаи табиат – замин, об, ҷангал, олами ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ ва ғ.);
  2. Меъёрҳои ҳуқуқии комплексӣ (муҳофизат ва нигоҳдории комплексҳои табиӣ, муҳити умуми табиӣ);
  3. Меъёрҳои ҳуқуқии экологикунонидашуда (меъёрҳои ҳуқуқии соҳаҳои дигари ҳуқуқ, ба монанди ҳуқуқи маъмурӣ, ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳоказо, ки дар онҳо талаботҳои экологии нигоҳдорӣ ва муҳофизати табиат ифода шудаанд)[1].

Меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ вобаста ба мазмуни нишондодҳои ҳуқуқиашон ба намудҳои зерин ҷудо мегарданд:

  1. Меъёрҳо-принсипҳо;
  2. Меъёрҳо-бартариҳо;
  3. Меъёрҳо-қоидаҳо;
  4. Меъёрҳо-кафолатҳо[2].

Муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ. Муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ гуфта он муносибатҳои ҷамъиятиеро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи экологӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ чунин аст: 1) субъекти муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ; 2) объекти муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ; 3) мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ; 4) фактҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ[3].

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Асоси пайдошавӣ, тағйирёбӣ ва қатъшавии муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ фактҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Фактҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд[4]. Ба гурӯҳи якум онҳое дохиланд, ки ба иродаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ вобастагӣ доранд. Ба монанди, даст кашидан аз истифодаи захираи табиӣ, қатъ гардидани фаъолияти корхона ва ҳоказо. Ба гурӯҳи дуюм онҳое дохиланд, ки ба иродаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи экологӣ вобастагӣ надоранд. Ба монанди, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ҳоказо.


[1] Ниг.: Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 59.

[2] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 59-63.

[3] Ниг.: Правоведение: Учебник. / Под общ. ред. В.А. Козбаненко. – М.: «Дашков-К», 2006. – С. 855-864; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 63-68, 84-95.

[4] Ниг.: Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 69.

ҚаблӣҶавобгарии маъмурӣ
БаъдӣТалаботҳои умумии экологӣ, механизми истифодабарии табиат ва режими ҳуқуқии ҳудудҳои ҳифзшаванда