Таснифоти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд

Таснифоти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар натиҷаи омӯзишу тадқиқи адабиёти ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон[1] оварда шудааст.

Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд. Маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои соҳаҳои ҳуқуқ, ки ба фаъолият ва рафтори инсон бахшида шудаанд вазъи ҳуқуқии шахсро ташкил медиҳанд. Вазъи ҳуқуқии шахс аз ду қисмат иборат аст: вазъи ҳуқуқии инсон ва вазъи ҳуқуқии шаҳрванд. Дар вазъи ҳуқуқии инсон ҳуқуқҳои табии ҷудонашаванда ва дахлнопазири инсон, ки ҳамчун арзишҳои башарӣ эътироф шудаанд, эътироф, муқаррар ва ҳифз карда мешаванд. Аз қабили, ҳуқуқ ба ҳаёт, ба дахлнопазирии шахсӣ, ба озодӣ ва ҳоказо. Ҳуқуқҳои инсон дар сарчашмаҳои миллӣ ва байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон муқаррар карда мешаванд. Мақоми ҳуқуқии шахс ҳамчун шаҳрванд, ки асосан бо қонунҳои миллӣ муқаррар мешаванд мансубияти шахсро ба давлат муқаррар менамояд. Ҳамин тариқ, маҷмӯи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд вазъи ҳуқуқии шахсро муайян менамояд.

Рукнҳои асосии вазъи ҳуқуқии шахс инҳоянд: ҳолатҳои ҳуқуқӣ; меъёрҳои ҳуқуқӣ; принсипҳои ҳуқуқӣ; институтҳои ҳуқуқӣ. Рукнҳо ё компонентҳои вазъи ҳуқуқии шахс маҷмӯи усулҳо, тарзҳо ва воситаҳое аст, ки таввасути онҳо мақом ва вазъи ҳуқуқии шахс эътироф ва муқаррар мешавад.

Принсипҳои ҳуқуқи инсон гуфта он асосҳои роҳбарикунандаеро дар илми ҳуқуқи инсон меноманд, ки дар рафти ба амал баровардани ҳуқуrу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба асос гирифта мешаванд.

Таснифоти принсипҳои ҳуқуқи инсон чунин аст: принсипҳои умумии ҳуқуқи инсон ва принсипҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Принсипҳои умумии ҳуқуқи инсон инҳоянд: принсипи инсондустӣ; принсипи эҳтироми қадру қиммати инсон; принсипи баробарҳуқуқӣ; принсипи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои тарафайн; принсипи демократӣ; принсипи ҳамдигарфаҳмӣ; принсипи адолатнокӣ ва ҳоказо.

Ба принсипҳои конститутсионии ҳуқуқи инсон инҳо дохиланд: принсипи ягонагии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо; принсипи баробари дар назди қонун; принсипи амал ё татбиқи бевосита; принсипи кафолатноки ва ҳимояи давлатӣ ва ҳоказо.

Таснифоти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо асосҳои гуногун тақсимбандӣ карда мешаванд:

  1. Вобаста ба давраи пайдоишашон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷудо мешаванд: ҳуқуқҳои насли якум – инҳо ҳуқуқҳои гражданӣ (шахсӣ) ва сиёсӣ, дар интиҳои асри ХVIII пайдо шудаанд; ҳуқуқҳои насли дуюм – ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дар миёнаҳои асри ХХ пайдо шудаанд; ҳуқуқҳои насли сеюм – ҳуқуқҳои коллективӣ, дар солҳои 70-уми асри ХХ пайдо шудаанд.
  2. Вобаста ба доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқхои инсон ба намудҳои зерин тақсим мешаванд: ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ – ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба озодӣ аз азобу шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ, ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият, ҳуқуқи инсон ба истеҳсолоти судии адолатнок, озодии мусофират ва интихоби маҳали зист, ҳуқуқ ба эҳтироми (дахлнопазирии) ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, озодии ақида, виҷдон ва дин; ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ – озодии сухан ва ибрози ақида, ҳуқуқ ба озодии маҷлис ва гирдиҳамоиҳои осоишта, ҳуқуқ ба интихоботи озод ва идоракуни дар соҳаи корҳои давлатӣ; ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ – ҳуқуқи моликияти хусусӣ ва зеҳнӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои момумулкӣ, озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, манзил ва ҳаёти сатҳи муносиб, ҳуқуқ ба таҳсил ва иштирок дар ҳаёти маданӣ.
  3. Вобаста ба намудҳои меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро тавлид кардаанд ҳуқуқу озодиҳои инсон ба чунин намудҳо ҷудо мешаванд: ҳуқуқҳои табии инсон ва ҳуқуқҳои позитивии (таҳлилии) инсон.
  4. Вобаста ба мақоми ҳуқуқии шахс ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷудо мешаванд: ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи шаҳрванд.
  5. Вобаста ба субъектҳои ҳуқуқ ҳуқуқу озодиҳои инсон тақсим мешаванд: ҳуқуқҳои кӯдакон; ҳуқуқҳои занҳо; ҳуқуқҳои муҳоҷирон; ҳуқуқҳои гурезаҳо; ҳуқуқҳои маъюбон; ҳуқуқҳои шахсоне, ки дар муҳорибаҳои ҳарбӣ қарор доранд; ҳуқуқҳои маҳбусшудагон ва ҳоказо.

Дигар таснифоти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси маҳакҳои тақсимбандиашон низ дида дар илми ҳуқуқи инсон мавҷуд аст.


[1] Ниг.: Права человека: Учебник для вузов. / Отв. ред. чл.-корр. РАН, д.ю.н. Е.А. Лукашева. – М.: Норма, 2004. – С. 132-172; Права человека: учебник. / А.Н. Головистикова, Л.Ю. Грудцына. – М.: Эксмо, 2006. – С. 56-64; Холиков А.Г., Диноршоев А.М. Права человека: Учебник для вузов. / Под ред. д.ю.н., проф. Холикова А.Г. – Душанбе, 2009. – С. 105-129 ва ғ.

ҚаблӣМафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон
БаъдӣМеханизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон