Тайёр кардани қайлаи ширдор. Кори амалии № 2

Тайёр кардани кайлаи ширдор (Кори амалии № 2).


Таҷҳизот ва асбобҳо: тоба, дегчаи сирдор, 2 лаълича, элак, қайладон, қошуқ, элакчаи махсуси дастадор.

Миқдори масолеҳ барои 200 г қайла: шир – 150 г, равған – 10 г, орди гандум – 10 г, пиёба ё об – 50 г, шакар – 2 г, намак – мувофиқи табъ.

Рафти кор. Ордро бо равған дар дег ё дегчаи сирдор омехта бирён мекунанд. Орд набояд бисёр сурх шавад, ранги сафедиаш маълум бошад. Шири ҷӯшидаро ба дег борик кам –кам рехта, онро доимо омехта карда, 10 – 15 дақиқа дар оташи паст мепазанд, баъд шакар ва намак андохта, пурра пухта, аз элаки махсус ё дока мегузаронанд ва қайлаи ширдорро тайёр мекунанд.

Маслиҳати муфид

Сафедии тухмро аз зардиаш ҷудо кардан осон аст. Барои ин тухми шикастаро ба қифи коғазии дар истакон гузошта резед, сафедиаш ба истакон мерезад, зардиаш дар қиф мемонад.

Савол

  1. Дар кадом таомҳо қайларо истифода мебаранд?
  2. Барои тайёр кардани қайлаи ширдор кадом асбобҳо лозиманд?
ҚаблӣТайёр кардани панирча (сирники). Кори амалии №1
БаъдӣТайёр кардани ширбиринҷ (Кори амалии №3)