Тайёр кардани мураббои бихи (Кори амалии №12).
Пеш аз пухтани мураббо қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатарии корро риоя кардан лозим аст.
Таҷҳизот ва асбобҳо: дегчаи сирдор ё деги муқаррарӣ, табақ, қошуқ, кафлези сӯрохдор, тарозу, истакон, корд, асбоби махсус барои гирифтани тухм ва мағз.
Миқдори маҳсулот: 1000 г биҳӣ, 1000 г шакар, 2 истакон об.
Рафти кор
| Коркарди аввали меваҷот: биҳиро пӯст канда, пора мекунанд, тухмашро гирифта мепартоянд. |
| Коркарди гарм: биҳиҳои пораро ба зарф андохта, ба болояш оби ҷӯш мерезанд ва то мулоимшавӣ 15 – 20 дақиқа меҷӯшонанд. |
| Баъд аз он ба рӯйи биҳии поракарда шарбат рехта, 3 – 4 соат нигоҳ медоранд. |
| Онро ба оташ гузошта, то шаффоф шудани ранги биҳӣ мепазанд. |
| Мураббои тайёршударо дар гармиаш ба банкаҳо андохта, бо сарпӯши металлӣ пӯшида, бо калид маҳкам мекунанд ва дар ҷойи салқин мегузоранд. |
| Баҳо додан ба сифати мураббои тайёр. |


















