Ахамияти рудаковокхо

Аҳамияти рӯдаковокҳо. Рӯдаковокҳо, асосан дар баҳрҳо зиндагӣ карда, дар занҷири хӯрокии ҳайвоноти обӣ нақ ши муҳим доранд. Рӯдаковокҳо ҳайв он ҳои майдаи обиро хӯрда, худашон хӯроки муҳимми моҳиҳо мебошанд. Мӯйлабчаҳо ва ё чатри баъзе намуд ҳои рӯдаковокҳо (медузаи қутбӣ) паноҳгоҳи моҳиҳ ои хурд мебошанд.

Буттазори зичи кораллҳо барои бисёр кирмҳо, нармбаданҳо, харчангшаклҳо, хорпӯстҳо, моҳиҳо ҷойи хӯрокёбӣ ва паноҳгоҳ аз душман ба ҳисоб меравад. Баъзе намудҳои актиния бо харчангҳои баҳрӣ якҷоя зиндагӣ карда, харчангҳоро аз душман муҳофизат мекунанд (ба расми 10 нигаред).

Гурӯҳи калони кораллҳо риф ҳосил мекунанд. Аз скелети онҳо дар баҳрҳои тропикӣ рифҳо ва атоллҳо ҳосил мешавад (расми 58).

Пайдоиши атолл

Рифҳо, одатан дар соҳилҳо ҳосил мешаванд. Тӯдаи кораллҳои дар соҳил сукунатдошта тадриҷан мемиранд ва дар фосилаи соҳил ва риф фазои калони обӣ ҳосил мешавад. Рифҳои кораллӣ ва ҷазираҳое, ки аз скелети онҳо ҳосил мешаванд, барои киштиронӣ садди хавфнок мебошанд. Мутаассифона солҳои охир аз сабаби ифлосшавии оби уқёнусҳо аз ҳисоби партовҳои саноатӣ ва нафтӣ дунёи зебои рифҳои кораллиро дар зери хавфи нестшавӣ қарор додааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кораллҳои полипӣ дар тоза кардани оби баҳр аз заррачаҳои органикии муаллақ аҳамияти калон доранд. Аз скелети кораллҳои полипии дар бадали ҳазорҳо сол мурдарафта қабатҳои ғафси оҳаксанг ҳосил мешаванд. Онҳоро дар мамлакатҳои тропикии соҳили баҳрҳо ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ истифода мебаранд. Баъзе намудҳои медузаҳоро дар Чин ва Ҷопон ба сифати хӯрок истифода мебаранд.

Аз скелети коралли сурх ҳар гуна ашёҳои зебу зинатӣ тайёр мекунанд. Олимон муайян кардаанд, ки медузаҳо ҷунбиши садоеро, ки дар вақти соиш хӯрдани об бо ҳаво ба амал меояд, мешунаванд ва хеле барвақт пеш аз сар шудани тӯфон дар баҳр аз соҳил шино карда дур мераванд. Дар замони ҳозира олимон асбобе ихтироъ кардаанд, ки он «гӯши медуза» ном дорад ва омадани тӯфонро то 15 соат пеш муайян мекунад.


Муфассал >> Тасниф, пайдоиш ва аҳамияти Рӯдаковокҳо

ҚаблӣПайдоиши рудаковокхо
БаъдӣТипи Паҳнкирмҳо – Типи Пахнкирмхо