Зарурият ва моҳияти молия. Молия чист?

Молия категорияи иқтисодиест, ки танҳо дар шароити муносибатҳои моливу пулӣ амал менамояд. Бинобар ин нақш ва аҳамияти молия аз он вобаста аст, ки ин муносибатҳо дар механизми умумии хоҷагидорӣ чӣ гуна мақомро ишғол ме­намояд.

Молия доираи махсуси муносибатҳои иқтисодиест, ки бо гардиши пул муайян карда мешавад. Асоси ин муносибатҳоро ҷараёне ташкил медиҳад, ки бо ташаккул, тақсимкунӣ, мубодила ва истифодабарии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ вобаста мебошад.

Молия воқеияти категорияи иқтисодии иқтисоди бо­зорӣ мебошад. Бе фаъолияти муътадили он иқтисоди бозорӣ кор карда наметавонад.

Молия категорияи таърихӣ мебошад, чунки он асоси бавуҷудоӣ ва тараққиро дорост. Истилоҳи «молия» аз калимаи лотинии «finansia», ки маънои луғавии он ифодаи пардохти пулиро дорад асри XII дар шаҳрҳои тиҷоратии Италия ба вуҷуд омадааст. Ҳамин тариқ, он дар як вақт бо пайдоиши муноси­батҳои моливу пулӣ ва давлат ба вуҷуд омада дар якҷоягӣ бо онҳо ташаккул ёфтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таърих нишон медиҳад, ки моҳияти молия, қонуниятҳои рушд, доираи таъсир ва нақши он дар ҷараёни такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ аз рӯи табиати ботинӣ ва вазифаҳои давлат муайян карда мешавад. Масалан, дар ҷамъиятҳои токапиталистӣ қисми асосии эҳтиёҷоти давлат ба тариқи муқаррар намудани ҳаргуна пардохтҳо ва боҷҳои натуралӣ қонеъ мегардид.

Хоҷагии пули маҳдуд буда воридот аз онҳо ба буҷет начандон калон буд ва асосан барои пӯшонидани хароҷотҳои буҷет барои нигаҳдории қувваҳои ҳарбӣ ва идоракунии давлатӣ равона мегардид. Минбаъд ташаккул ва истифодабарии буҷет характери устувор пайдо намуд. Низоми даромад ва хароҷотҳои давлатӣ, ки замими мустаҳками қонуниро ҳайат ва таркиб доштанд ба вуҷуд омадаанд. Дар давоми садсолаҳои зиёд дар хароҷоти буҷети давлатҳо чор самти асосии хароҷоти воситаҳои пулӣ: маблағгузории хоҷагии халқ, чорабиниҳои маъданӣ-маишӣ; нигоҳдории қувваҳои мусаллаҳ ва идоракунӣ муқаррар карда шуда буданд. Дар ин муддат тартиби ташаккули даромади дав­латӣ намудор, аниқ, ва устувор гардидаанд. Ба ҷои боҷу-хироҷҳои натуралӣ шакли пулии аидозҳо ба вуҷуд омаданд. Дар баробари ин барои ин даври таърихи ниҳоят танг будани низоми мо­лиявӣ хос буд, чунки он танҳо аз як сатҳ иборат буда шумораи муносибатҳои молиявӣ маҳдуд буданд ва ҳамаи онҳо бо ташак­кул ва истифодаи буҷет вобаста буданд.

Дар асри XV дар Франсия истилоҳи молия бо мақсади аз даромад ва хароҷоти пулии шаклҳои гуногун моликият фарқ на­мудани даромаду хароҷоти пулии давлат истифода бурда шуд. Дар зери мафҳуми молия фаронсавиҳо маҷмӯи муносибатҳои пулии аз тарафи давлат ташкилшударо мефаҳмиданд, ки бо та­шаккул ва истифодаи фондҳои пулии умумидавлатӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ вобастаанд.

Ба рафти тараққиёти муносибатҳои моливу пулӣ устувории давлатдорӣ, зарурати ташкили фондҳои воситаҳои пулии нави умумидавлатӣ, мутаносибан гурӯҳҳои нави муносибатҳои пулӣ оид ба ташаккул ва истифодабарии онҳо ба миён омад.

Муносибатҳои ҳаматарафа ва сифатан нави молиявӣ дар асри XX, хусусан баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ба вуҷуд омадаанд. Дар ин солҳо ҳаҷми буҷети давлатҳо бо миллиард арзи миллӣ ҳисоб карда мешуданд. Дар ҳамаи мамлакатҳо давлатигардонии қисми асосии даромади миллӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа давлат соҳиб ва истифодабарандаи қариб нисфи он гардид. Дав­лат ҳамчун дорандаи маблағҳои ниҳоии воситаҳои пулӣ қобили таъсиррасонӣ ба рафти такрористеҳсолкуниро пайдо намуд. Ин ҳолат аз он ҷиҳат ҳам имконпазир гардид, ки давлат на танҳо захираҳои низоми буҷетӣ, балки фондҳои гуногуни ғайрибуҷетиро низ ҷалб менамуд. Бояд қайд намуд, ки молия на танҳо дар доираи давлат рушд меёфт, балки он дар корхонаҳои шаклҳои гуногуни моликият низ ниҳоят тараққӣ карда буд.

Дар мамлакатҳои дорои иқтисоди бозорӣ рушдёфта шакли асосии ташкили ҳуқуқии моликиятдорӣ ҷамъиятҳои саҳҳомӣ гардидаанд. Баровардани саҳмия, ки ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар он асос гирифтаанд, шакли тавонои ҷалби сармоя ва такмили пасандозҳои пулии шаҳрвапдон барои сармоягузории истеҳсолӣ мебошад.

Дар мамлакатҳое, ки муносибатҳои бозорӣ дар онҳо ба тав­ри васеъ инкишоф ёфтаанд, ҷанбаи молиявии корхона ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дорои аҳамияти бузург мебошанд. Дар шароите, ки рақобати озод дар бозор характери ҳалкунандаро мегирад ҳамон корхонаҳое бурд мекунанд, ки коргарони онҳо дониши ҳаматарафаи асосҳои таҳлили молиявию иқтисодӣ доранд ва аз таҳлили кардаашон хулосаҳои дуруст бароварда метавонанд.

Бо назардошти он, ки молияи корхона гирдгардии фон­ди воситаҳои пулиро адо менамоянд, масъалаҳои самаранокии баланди воситаҳои корхона аҳамияти ниҳоят махсусро пайдо менамояд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро муноси­батҳои моливу пулӣ ташкил менамоянд, мавҷудияти молия ҳамчун категорияи арзишӣ бо муносибатҳои мушаххаси иқтисодии субъектони зерин вобастаанд:

  • Корхонаҳо (ташкилотҳо) ва кормандон оид ба истифодаи қувваи корӣ ва пардохти музди меҳнат;
  • Корхонаҳо (ташкилотҳо) ва шахсони алоҳидаи гуногун оид ба ҷараёни хариду фуруши молу маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ;
  • Корхонаҳо (ташкилотҳо) ва сохторҳои болоии онҳо оид ба хизматрасонии шартӣ ва ҳиссаҷудокуниҳои дохилихоҷагӣ;
  • Давлат ва корхонаҳо (ташкилотҳо) оид ба маблағҷудокунӣ аз буҷети давлат ва пардохти андозу ҳиссаҷудокуниҳо;
  • Корхонаҳо (ташкилотҳо), шахсони алоҳидаи воқеӣ бо фондҳои ғайрибуҷетӣ оид ба пардохти ҳиссаҷудокуниҳо ва гирифтани ҳар гуна кӯмакпулиҳо;
  • Корхонаҳо (ташкилотҳо) ва шахсони алоҳидаи воқеӣ бо ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба пардохтҳои суғуртавӣ ва ги­рифтани воситаҳои пулӣ барои ҷуброни зарар аз офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои ғайричашмдошт;
  • Корхонаҳо (ташкилотҳо) ва шахсони алоҳидаи воқеӣ бо бонкҳо оид ба қарздиҳӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, гирифтапи воситаҳои пулӣ, вобаста ба бақияи пулии онҳо дар суратҳисоб ва ҳисобҳои дигари ҷорӣ вобастабуда ва ди­гарҳо алоқаманданд.

Моҳияти ҳамаи муносибатҳои иқтисодии дар боло зикргардида, муносибати пулӣ мебошанд, вале на ҳамаи муноси­батҳои пулӣ муносибати молиявӣ шуда метавонанд. Муноси­батҳои молиявӣ ду давраро дарбар мегиранд:

Якум даврае, ки дар он муносибатҳои иқтисодии пулӣ, ки бо ташаккул ва истифодабарии фондҳои марказонидашудаи давлат дар низоми буҷети давлатӣ ва фондҳои пулии ғайрибуҷетии ҳукумат ҷамъ оварда мешаванд.

Дуюм даврае, ки дар он муносибатҳои иқтисодии пулӣ тавассути гирдгардии фондҳои пулии корхона ифода мегарданд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти гуфтаҳои боло мафҳуми аниқшудаи молияро ҳамчун категорияи арзишӣ ба таври зайл иброз намудан мумкин аст:


Молия чист?

Молия маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиест, ки бо ташаккул, тақсим ва истифодабарии фондҳои марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи воситаҳои пулӣ во­баста мебошад.


Акнун ки мазмуни мафҳуми овардашудаи «молия» маълум аст, фарқи байни молия ва пулро фаҳмидан душвор нест. Молия аз пул чӣ аз нуқтаи назари мазмун ва чӣ аз нуқтаи назари вазифаҳои иҷро мекардааш фарқ мекунад.

Пул ин моли махсусест, ки эквиваленти ҳамаи молҳои дигар мебошад. Ба воситаи пул пеш аз ҳама хароҷотҳои меҳнатии истеҳсолкунандагони мол (корҳо ва хизматрасониҳо) муайян карда мешавад. Молия бошад ҳамчун категорияи арзишӣ олоти иқтисодии тақсим ва аз нав тақсимкунии даромади мил­лӣ, воситаи назорат оид ба ташаккул ва истифодаи фондҳои воситаҳои пулӣ мебошад. Манбаи асосии захираҳои молиявӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ мебошад, ки аз ҳаҷми умумӣ ва қисмҳои таркибии онҳо фондҳои ғункунӣ ва истеъмолӣ ба вуҷуд меоянд.


Назарияи молия ва низоми молияви, Молия хамчун категорияи арзиши, Зарурият ва мохияти молия. Молия чист? Молия чӣ маъно дорад, фарки молия аз пул.

ҚаблӣМолия (сарсухан)
БаъдӣВазифаҳои молия дар иқтисоди бозорӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед