Ҳарфи калон ва нохунак дар исмҳои хос

Харфи калон ва нохунак дар исмхои хос


Исмҳои хос бо ҳарфи калон навишта мешаванд:

  1. Ному насаб, лақаб ва тахаллуси одамон: Бозор Собир, Зулфия Атоӣ, Ҳаким Карим, Файзуло Ансорӣ, Саилими Хатлонӣ, Аҳмади Калла.
  2. Номҳои географӣ: Ҷумҳурии исломии Эрон, дарёи Вахш, кӯҳи Чилдухтарон, ноҳияи Ҳисор, шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Ишкошим, уқёнуси Ором.
  3. Ҳар калимаи номи мақомоти давлатӣ, мансабҳои олӣ, парчам ва нишони миллӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Номи сулолаҳо ва воқеаҳои таърихӣ: Сомониён, Ғазнавиён, Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
  5. Номи асар ва маҷаллаву рӯзномаҳо бо ҳарфи калон ва дар нохунак навишта мешавад: повести «Дар орзуи падар», романи «Фирдавсӣ», достони «Лайлӣ ва Маҷнун», филми «Рустам ва Сӯҳроб», маҷаллаи «Истиқбол», барномаи «Калидчаи заррин».

Машқ. Матнро бодиққат хонед ва ба имлои номи маҳалу шахсиятҳои таърихӣ  таваҷҷуҳ намоед.

Тафсири «Гавҳар»

Маънои ин ном ба маънои калимаи «гавҳар» мувофиқ аст, яъне «марворид ва санги қиматбаҳо» мебошад. Калимаи «гавҳар» дар арабӣ шакли ҷавҳар пайдо карда буд, чунки дар забони арабӣ ҳарфи г нест ва ин ҳарф бо ҳарфи ҷ иваз карда мешавад.

Дар Эрон Гавҳар ғолибан номи занона буд. Барои мисол Гавҳар, модари Гул аз «Вис ва Ромин», Гавҳархотун духтари Султон Масъуди Салҷуқӣ, Гавҳари мулк ном духтари Алоуддини Ҷаҳонсӯзи Ғӯрӣ, Гавҳаршод ном зани Шоҳрухро номбар кардан кифоя аст. Аммо номи Ҷавҳар, ки маънояш ва аслаш ҳамин Гавҳар аст, қариб тамоман ба мардон тааллуқ дошт. Ин номро аксаран ба ғуломон мениҳоданд. Ҷавҳар ном сарлашкари Фотимиён бо ғалабаҳои худ дар Миср дар асри X милодӣ худро дар олами мусулмонӣ машҳур карда буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шаклҳои мураккаби номи занона Гавҳарбегим, Гавҳарбӣ ва Гавҳармоҳ буда, Гавҳарамон ҳамчун номи мардона истеъмол мешавад.

Олим Ғафуров


Луғат:

  • тафсир – шарҳ додан, баён кардан
  • милодӣ – солшумории масеҳӣ

Савол ва супоришҳо

  1. Оё калимаҳои гавҳар ва ҷавҳар аз ҷиҳати маъно фарқ мекунанд?
  2. Маънии ифодаи чун гавҳараки чашм -ро шарҳ диҳед.
  3. Номи кӣ дар синфатон аз азбони арабӣ гирифта шудааст?
ҚаблӣДавлати Каёниён
БаъдӣИсмҳои шахс ва ғайришахс