Виростори матнӣ

Компютерҳои фардӣ бештар барои тайёр кардан ва расонидани санадҳои матнӣ истифода бурда мешаванд.

Барномаҳои татбиқиеро, ки барои сохтан, таҳрир кардан, форматбандӣ кардан, аз назар гузаронидан, дар хотираи компютер сабт кардан ва дастраси дигарон намудани санадҳои матнӣ (мактуб, диктант, иншо, ҳисобот, мақола ва ғайра) пешбинӣ шудаанд, виросторони матнӣ меноманд.

Виростори матнӣ барномаест, ки бо ёрии он санади матнӣ офарида мешавад.

Виросторони матнӣ барои иҷрои амалиёти зерин хизмат мерасонанд:

  • дохилкунии матни санад ба воситаи сафҳакалид;
  • истифодаи ҳуруфи гуногуни андозаашон тағйирёбанда;
  • вироиши матни санад;
  • форматбандии матни санад;
  • истифодаи тасвирҳо дар матни санад;
  • ба матни санад ҳамроҳ кардани объектҳои дигар барномаҳои татбиқӣ;
  • нигоҳдории матни санад дар диск;
  • нусхабардории матни санад ва бо дигар ном сабт кардани он;
  • дар коғаз чоп кардани матни санад ва ғайра.

Ба таҳриркунии матни санад амалҳои ислоҳ кардан, илова намудан, лағв сохтани қисми матн ва дигар амалҳои ба дигаргунсозии матни мавҷуда вобастабуда дохил мешаванд. Форматбандии матни санад татбиқи навъҳои гуногуни ҳарфҳо, ҳарфчинӣ бо андозаву рангҳои гуногун, радифбандии матни пурра ва қисмҳои алоҳидаи он, ҳамроҳкунии объектҳои барномаҳои ғайр ва дигар амалҳо мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Форматбандии матн тарзи инъикос ва ҷойгиркунии матн дар санад мебошад.

Яке аз виросторони матнии одитарин барномаи NotePad (Дафтарчаи ёддошт — Блокнот) ба ҳисоб меравад. NotePad (ноутпад) барномаҳои стандартии СА MS Windows буда, барои пешдиди парвандаҳои матнии навъи «.txt», сохтани санадҳои начандон калон ва азхудкунии тугмаҳои сафҳакалид пешбинӣ шудааст.

Тарзи дохилкунии матн бо ёрии NotePad хеле одӣ аст. Барои ин бештар аз блоки ҳарфӣ-рақамии сафҳакалид истифода мебаранд. Ҳангоми ба канори рости равзанаи барнома расидани матн тугмаи Enter-ро пахш кардан лозим аст. Барои ба таври худкор аз сатр ба сатр гузаронидани матн фармони менюи равзана — Формат > Гузариш аз рӯйи калимаҳо хизмат мерасонад. Мавқеи аломатҳои матн дар сатр бо ёрии курсор — « | » муайян карда мешавад.

Тавассути NotePad матни санадро танҳо бо ёрии як намуд ҳуруф дохил кардан мумкин аст. Гарнитури ҳуруф, андоза ва тарзи зуҳури он (маъмул, моил, ғафс ва ғафсу моил) бо ёрии фармони Формат > Ҳуруф идора карда мешавад. Санади сохташуда бо ёрии фармони Парванда > Нигоҳдорӣ ҳамчун дар хотираи компютер ҳифз карда мешавад. Агар ҳангоми кор тугмаи функсионалии F5 пахш карда шавад, он гоҳ ба таври худкор ба матн таърихи рӯз ва вақти чорӣ илова карда мешавад.


Саволҳо

  1. Виростори матнӣ чӣ гуна барнома аст?
  2. Санади матнӣ чист? Бо мисолҳо тавзех диҳед.
  3. Бо ёрии виростори матнӣ кадом амалҳоро иҷро кардан мумкин аст?
  4. Таҳрир кардани матн чӣ маъно дорад?
  5. Форматбандии матн чист?
  6. Оё барномаи NotePad виростори матнӣ шуда метавонад? Дар бораи он маълумот диҳед.

Равзана

ҚаблӣКисмхои клавиатура
БаъдӣДохилкунӣ ва таҳрири матн