Қатори нонхӯракҳо

Шакли бадани нонхӯрак пачақ ё ҳамвор буда, мӯйлаби борики дароз дорад (расми 99 а).

Нонхӯракҳо, асосан, ҳайвони шабгард буда, рӯзона дар зери ашёи гуногун, рафҳои девори хона пинҳон мешаванд. Намӣ ва гармиро дӯст медоранд. Чӣ қадар иқлим хунук ва хушк бошад, ҳамон қадар теъдодашон кам мешавад. Дар олам 3,2 ҳазор намуди нонхӯрак маълум аст.

Аз ин дар хонаҳои истиқоматӣ нонхӯраки сурхчатоби андозааш 10-13 мм ва сиёҳи андозааш 18-30 мм вомехӯрад. Ҳарду намуди нонхӯрак ҳамахӯр буда, маҳсулоти хӯрокиро ифлос ва вайрон мекунанд ва паҳнкунандаи касалиҳои шикамравӣ, домана, сил, вабо шуда метавонанд. То 1,5 сол умр мебинанд. Узви доҳониашон хоянда аст.


Муфассал >> Қаторҳои маъмулии синфи ҳашарот

ҚаблӣҚаторҳои маъмулии синфи ҳашарот
БаъдӣҚатори якрӯзаҳо. Катори якрузахо