Равзана

Равзана муҳимтарин ҷузъи системаи амалиётии Microsoft Windows ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ифтихори камин мафҳум номи системаи амалиётӣ — Windows гузошта шудааст.

Тамоми объектҳои асосии СА — ҷузвдонҳо, барномаҳо ва санадҳои компютерӣ дар шакли равзанаҳо кушода мешаванд. Ҳатто тугмаи одитарини СА низ як навъ равзана аст. Аз ин лиҳоз, равзанаи объектро ҳамчун нишонаи кушодаи объект тасаввур кардан мумкин аст.

Равзана чист?

Равзана соҳаи росткунҷаи экран мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо равзанаҳои ғайриросткунҷа низ вомехуранд. Дарунмояи дискҳо, ҷузвдонҳо, барномаҳои фаъол, санадҳои сохташаванда ва инчунин дархостҳо ва паёмҳои системаи амалиётӣ дар равзанаҳои худ кушода мешаванд. Афзорҳои равзанаҳо имконият медиҳанд, ки объекти кушодашуда идора карда шавад.

Дар системаи амалиётии Microsoft Windows якчанд намуди равзана мавриди истифода қарор доранд: мизи корӣ, диск, ҷузвдон, барнома, санад ва ғайра.

Равзанаи асоситарини СА равзанаи Мизи корӣ мебошад. Бо ёрии равзанаи Мизи корӣ тамоми корбурди компютерӣ, аз оғоз то анҷоми кор, амалӣ гардонида мешавад. Ба воситаи объектҳо ва ҷузъҳои идораии равзанаи Мизи корӣ тамоми дискҳои компютер, ҷузвдонҳо, барномаҳо ва санадҳои дар он маҳфузбуда дастрас ва идора карда мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Равзанаҳои дискҳои компютерӣ ва ҷузвдонҳои онҳо барои инъикоси дарунмояи ин объектҳо хизмат мерасонанд. Равзанаҳои барномаҳо (замимаҳо) бошанд, раванди кори барномаҳоро инъикос менамоянд. Дар дохили равзанаҳои онҳо равзанаҳои санадҳои бо ёрии ин барномаҳо сохташуда кушода мешаванд.

Равзанаҳои санадҳо танҳо дарунмояи худи санадҳоро инъикос менамояд. Ин гуна равзанаҳо менюи хусусӣ надоранд. Азбаски равзанаи санадҳо дар дохили равзанаи барномаҳо кушода ва ҷойгир мешаванд, бинобар ин, барои идоракунии онҳо аз афзорҳои барномавӣ истифода мебаранд. Дарунмояи ҳар як равзанаи санад дар парвандаи алоҳида ҳифз (нигаҳдорӣ) карда мешавад.

Тамоми равзанаҳои объектҳои Windows сохтори ягона дошта, бо сабки якхела ороиш дода шудаанд. Онҳо ҳамчунин дорои ҷузъҳои идории умумӣ буда, тарзи истифодаашон низ амалан якхела аст. Ҷузъҳои асосии равзанаҳои объектҳои системаи амалиётиро сатри сарлавҳа, сатри меню, тасмаи абзор, майдони корӣ, тасмаҳои тобдиҳӣ ва лавҳаи ҳолатнамо ташкил медиҳанд. Намуди умумии равзанаи объекти СА дар расми поёнӣ оварда шудааст.

Номи объект дар мобайни сатри сарлавҳаи равзанаи он дарҷ карда мешавад. Дар қисми рости сатри сарлавҳа се тугмаи амрие ҷойгиранд, ки барои ғункунӣ, паҳнкунӣ дар тамоми экран ва пушидани равзана хизмат мерасонанд. Равзанаҳои ғуншударо, ки дар лавҳаи масъалаҳои системаи амалиётӣ ба нишона табдил меёбанд, бо пахши муш аз нав дар экран намудор кардан мумкин аст.

Равзанаи ҳар як объекти СА дорои сатри менюи хусусӣ буда, вобаста ба хусусиятҳои объектҳо онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, ҳеҷ гоҳ миқдори бандҳои менюи равзанаҳои дискҳо, ҷузвдонҳо ва барномаҳои татбиқӣ амалан наметавонад баробар ва якхела бошад. Равзанаи санадҳо умуман сатри меню надорад. Вале сатри менюи объекти дилхоҳ дорои бандҳои умумитарини Парванда (Файл), Асосӣ (Главная) ва Намо (Вид) мебошад.

Тасмаи абзори равзана ба истифодабаранда имконият муҳайё месозад, ки суръати корашро тезонад. Дар тасмаи абзор одатан афзорҳое ҷой дода мешаванд, ки онҳо барои корбарӣ зуд-зуд истифода мегарданд. Афзорҳои тасмаи абзор шакли нишона дошта, вобаста ба фаъолияти банди мушаххаси меню руйи кор меоянд. Ҳангоми интихоби банди дигари меню мувофиқан тасмаи абзор низ дар экран иваз карда мешавад.

Аз номи майдони корӣ ҳувайдост, ки он барои корбарӣ пешбинӣ шудааст. Майдони корӣ қисми калонтарини равзанаи объектро ташкил медиҳад. Масалан, дар майдони кории ҷузвдон, маъмулан, нишонаҳои зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои ҷузвдони мазкур ҷой дода мешаванд. Дар майдони кории барномаи (виростори) матнӣ бошад, варақи коғаз руйи кор меояд.

Тасмаҳои тобдиҳии уфуқӣ ва амудӣ ҷузъҳои мунтазам намоёни равзанаи объект нестанд. Онҳо ба таври худкор, вақте дар равзана пайдо мешаванд, ки агар иттилооти дарунмояи объект аз бар ё баландии майдони кории равзанаи он берун монад.

Лавҳаи ҳолатнамои равзанаи объект дар қисми поёнии равзана ҷой дода мешавад. Ин ҷузъи равзана доир ба вазъи объект иттилооти хидматӣ инъикос менамояд.

Масалан равзанаи ҷузвдонҳо чунин намудро мегирад:

Саволҳо

  1. Равзана чист?
  2. Шакли геометрии равзанаҳо чӣ гуна аст? Барои чӣ?
  3. Равзана бо нишона чӣ алоқамандӣ дорад?
  4. Чанд намуди равзанаи системаи амалиётиро номбар карда метавонед?
ҚаблӣНишона (Тамга, Ярлик)
БаъдӣМаълумот дар бораи Клавиатура (сафҳакалид)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед