Чопи матн дар WordPad

Пешдиди чопи матн. Пас аз он ки матни санад дар шакли матлуб тайёр карда шуд, онро метавон дар коғаз чоп кард.

Барои шакли саҳифаҳои чопии санадро дар коғаз тасаввур кардан, дар виростори WordPad афзоре пешбинӣ шудааст, ки онро афзори пешдиди матни санад меноманд.

Барои дастрас шудани афзори мазкур дар банди Парвандаи менюи барнома мушнаморо ба болои зербанди Чоп гузоштан кифоя аст. Дар натиҷа дар тарафи рости менюи асосии WordPad зерменюи Пешдид ва чопи санад (Предварительный просмотр и печать документа) намудор мегардад.

Зерменюи Пешдид ва чопи санад аз се банд — Чоп (Печать), Чопи фаврӣ (Быстрая печать) ва Пешдид (Предварительный просмотр) иборат аст. Банди Чоп барои интихоби навъи чопгар, бақайдгирии миқдори нусхаҳои чопии санад, интихоби параметрҳои чопии санад пеш аз чоп ва чопи санади матнии ҷорӣ хизмат мекунад. Агар санадро бе тағйир додани параметрҳои чопӣ, якбора ба чоп равон кардан лозим бошад, он гоҳ аз банди Чопи фаврӣ истифода бурдан лозим аст. Банди Пешдид барои азназаргузаронии саҳифаҳои чопии санад пеш аз чоп ва ворид намудани тағйироти зарурӣ дар параметрҳои пешдиди чопӣ пешбинӣ шудааст. Пас аз интихоби банди Пешдид тасмаи абзори Парвандаи барнома ба афзори Пешдиди чоп табдил меёбад.

Ба воситаи имкониятҳои афзори Пешдид саҳифаҳои матни санадро бо шаклҳои гуногун аз назар гузаронидан, матни кулли санадро миқёсгирӣ намудан ва тамоми амалиёти вобаста ба чопи санадро омода сохта, анҷом додан мумкин аст. Ҳангоми интихоби зерафзори Параметрҳои саҳифа (Параметры страницы)-и афзори мазкур дар экран бо ҳамин ном равзанаи робитавӣ руйи кор меояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тавассути равзанаи робитавии Параметрҳои саҳифа андозаи варақи коғази чопӣ, тамоюли (шакли) чопкунӣ (китобӣ, албомӣ), ҳошиягузории саҳифаҳои матни санад ва рақамгузории саҳифаҳоро муайян ва амалӣ гардонидан мумкин аст. Дар мавриди қобили қабул будани тарзи ҷойгиршавии иттилооти саҳифаҳои чопии санад, онро барои чоп ба чопгар равон кардан мумкин аст. Дар ҳолати акс, ба матни санад ислоҳот дохил намудан ва амалиёти гузаштаро такрор кардан лозим меояд. Дар ҳамаи ҳолатҳо системаи амалиётӣ намунаи саҳифаи чопиро дар қисми болоии равзанаи робитавӣ инъикос менамояд.

Чопи матн дар коғаз

Барои чоп кардани матни санад, тавре қайд гардид, аз байни зербандҳои банди Парвандаи менюи барнома зербанди Чоп (Печать)-ро интихоб ва пахш кардан лозим аст. Амали мазкурро бо ёрии зерменюи Пешдид ва чопи санади менюи асосии WordPad ва афзори Пешдиди тасмаи абзори Парвандаи барнома низ иҷро кардан мумкин аст.

Бо пахши зербанди Чоп бевосита дар болои равзанаи WordPad равзанаи робитавии Чоп бо афзорҳои чопкунии худ пайдо мешавад.

Равзанаи робитавии Чоп аз ду қисм — Умумӣ (Общие),

Диапазони саҳифаҳо (Диапазон страниц) ва се тугмаи амрии Чоп (Печать), Лағв (Отмена) ва Татбиқ (Применить) иборат аст.

Қисми якуми равзана барои интихоби навъи чопгар Чопгарро интихоб намоед (Выберите принтер) ва Танзим (Настройка) кардани тарзи чопи саҳифаҳои санад дар чопгар пешбинӣ шудааст.

Бо ёрии афзорҳои ин қисм навъи чопгар ва параметрҳои раванди чоп ба танзим оварда мешаванд. Маҳз пас аз анҷоми кор бо афзорҳои ин қисм чопгар бо компютер пайваст мегардад ва барои чопкунӣ омода гардонида мешавад.

Бо ёрии афзорҳои қисми дуюми равзанаи робитавӣ Диапазони саҳифаҳо ҳамаи матни санад ё ягон қисми муайяни онро ба чоп равон кардан мумкин аст. Дар мавриди зарурати чопи саҳифаҳои алоҳидаи санад рақами онҳоро бо ёрии сафҳакалид ба майдончаи Саҳифаҳо  (Страницы)-и ин қисм дохил кардан лозим аст. Агар матни санадро аз як нусха зиёдтар чоп кардан зарур бошад, он гоҳ тавассути майдончаи Миқдори нусхаҳо (Число копий) тарзи ба нусхаҳо ҷудо карда гирифтани саҳифаҳои чопшавандаро ба танзим овардан мумкин аст.

Тугмаҳои амрии равзанаи робитавӣ анҷомдиҳандагони амали чопкунӣ ба ҳисоб мераванд. Агар параметрҳои саҳифаҳои чопӣ ва тарзи чопкунии ин саҳифаҳо дар чопгар

аллакай ба танзим оварда шуда бошанд, он гоҳ якбора тугмаи амрии Чопро пахш кардан кифоя аст, то ки матни санад ба воситаи чопгар ба чоп дода шавад. Дар ин маврид раванди чопи санад ба охир мерасад.

Агар аз амали чопкунӣ худдорӣ кардан лозим бошад, он гоҳ тугмаи амрии Лағвро пахш кардан зарур меояд.

Аз тугмаи амрии Татбиқ вақте истифода мебаранд, ки агар параметрҳои раванди чоп, навъи чопгари интихобшуда ва дигар танзимҳои анҷомдодашударо амалан барои корбурд татбиқ кардан лозим бошад.

Виростори матнӣ

ҚаблӣИлтифот (дар адабиёт)
БаъдӣОн кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад (шеъри ҷолиб)