Мавзӯи 24. Ташкили фаъолияти беруназтаълимии талабагон

Ташкили фаъолияти беруназтаълимии талабагон.


Зермавзӯҳо:

  1. Мазмун ва принсипҳои корҳои тарбиявии беруназтаълимӣ
  2. Шакл ва методҳои асосии корҳои беруназсинфии мактабиён

1.Мазмун ва принсипҳои корҳои тарбиявии беруназтаълимӣ

Фаъолияти беруназтаълимии талабагон асосан дар ду мавқеъ бурда мешавад: дар мактаб таҳти мафҳуми «корҳои беруназсинфӣ», яъне фаъолияти ғайридарсии талабагон, ки дар худи мактабашон ва дар дигар муассисаҳо таҳти мафҳуми «корҳои беруназмактабӣ» сурат мегирад. Ин ҳар ду намуди фаъолият бо майлу талаботи талабагон илова бар фаъолияти муқаррарӣ ва ҳатмии дарси синфӣ гузаронида мешавад.

Дар маҷмӯъ фаъолияти беруназтаълимӣ системаи ногузир ва ҷудонашавандаи маориф аст. Он барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият зарурат дорад.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Шакл ва методҳои асосии корҳои беруназсинфии мактабиён

 Чунонки дар боло ишора карда будем, корҳои беруназсинфии кӯдакон бештар дар шакли оммавӣ ва гурӯҳӣ бурда мешавад. Барои ҳалли вазифаҳои тарбиявии доираи васеи шогирдон шаклҳои умумии корҳои беруназсинфӣ қобили қабуланд. Дар фаъолияти таҷрибаи муаллимони мактаби ҷумҳурӣ ҳоло системаи гуногуни шаклҳои ташкили корҳои беруназсинфии талабагон арзи вуҷуд дорад.

Дар ташкил ва гузаронидани корҳои ғайрисинфӣ бо мактаббачагони хурдсол нақши барандагӣ бар дӯши муаллими синфи ибтидоӣ аст, вай бо дархости волидайн, бо имдоди аҳли ҷомеа ин корро ба сомон мерасонад. Вай ин корҳоро ба хотири рушди қобилияти эҷодӣ ва болу пар бахшидани истедодҳои дастпарварони худ ва ба хотири беҳрӯзиҳои ояндаи инсоният мекунад.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Моҳияти рушди ҳамаҷониба доштани корҳои беруназсинфиро ифшо диҳед.
  2. Аз принсипҳои асосии ташкили корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ном баред.
  3. Корҳои беруназсинфии ягон муаллимро омӯзед ва назардоштҳои худро нисбати онҳо муқоиса кунед.
  4. Фарқияти шаклҳои ташкилии корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ дар чист?
  5. Пайваста ба шароити мактаби маҳалли зисти доимии худ нақшаи корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ тартиб диҳед.

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Вулфов Б. З., Поташник М. М. Организатор внеклассной и внешкольной воспитательной работы. – М., 1881.
  • Кутьев В. О. Внеклассная деятельность школьников. – М., 1983.
  • Воспитательные работы с учащимся внешколы (Под ред. Л. М. Николаевой). – М., 1981.
  • Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
  • Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
  • Юнусов И. Педагогика: Душанбе, 2005.
  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
ҚаблӣБа волидайн тарғиб намудани донишҳои педагогию психологӣ
БаъдӣМазмун ва принсипҳои корҳои тарбиявии беруназтаълимӣ