#4 Саволнома бо мукофотпулӣ – 07.02.2021

Ба ин саволҳо ҷавоби дурустро пурра навишта, соҳиби 10 сомонӣ мукофотпулӣ дар ҳисоби телефонатон шавед. Барои шинос шудан бо қоидаҳо ва тартиби иштирок ин мақоларо хонед < . Ғолиб ва ҷавобҳои дуруст, то саволномаи навбатӣ дар сомона эълон карда мешавад.

Марҳамат саволнома >>


Саволи 1. Ҳамгуна чист?

Саволи 2. Мизи чоркунҷаро як кунҷашро буриданд. Акнун ин миз соҳиби чанд кунҷ шуд?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Саволи 3. Намоишро 368 нафар одам тамошо мекард. Вақте ки аз он ҷо x нафар баромада рафту ба намоишгоҳ 72 каси дигар ворид гашт, шумораи тамошобинони намоиш ба 160 нафар расид. Аз тамошои намоишгоҳ бори аввал чанд нафар баромада рафт? Бо мисол исбот кунед.

Саволи 4. Ҷавоби чистонро ёбед.

Баста даҳони танӯр,
Танӯр аз лахча пур.

Саволи 5. Муаллифи шеърро нависед:

Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.


Ба ин саволҳо дар шарҳ (коментария) ҷавоб гардонед. Ҷавобҳоро навишта, ном, баъдан дар майдони Телефон рақами телефони худро нависед (рақами телефони шумо нашр намешавад, касе онро намебинад). ДИҚҚАТ!!! Агар рақами телефони худро нанавиштед, мо ғолиб дигар касро интихоб мекунем! (Чунки пасон рақами телефони шуморо ёфта наметавонем.)

Агар шумо аввалин шуда ҷавобҳои дурустро нависед, пас соҳиби 10 сомонӣ мукофотпулӣ гаштед!


Барои сари вақт бо саволҳои оянда шинос шудан ба канали телеграмии мо – “Дониш | Саволҳо бо мукофотпулӣ” обуна шавед.


Шарикони иттилоотӣ: Donish.susavoltj.comДониш, Заковат.

ҚаблӣИмлои ҳарфҳои Э ва Е
БаъдӣҒолиб ва ҷавобҳои саволномаи #4

35 шарҳ

  1. Ҷавобҳои Шумо ба мо дастрас мешаванд, вале барои ҷолибтар шудани бозӣ ҷавобҳои шумо дертар нашр мешаванд. Чунки аз ҷавобҳои ҳамдигар нусхабардорӣ нашавад.

    Ҳатман рақами телефонатонро нависед. Агар ҳамаи ҷавобҳо дуруст бошанд, вале рақами телефонатонро нанавиштед, шуморо ғолиб эълон карда наметавонем.

    • Салом Яҳёев Муллокучак!
      Шумо ба ҳама саволҳо ҷавоби дуруст навишта ғолиб омадаед. Шуморо табрик мекунем.
      Мукофотпулии шумо ба наздикӣ гузаронида мешавад.

      Ба тамоми шахсоне, ки иштирок карданд, изҳори сипос менамоем. Метавонед дар саволномаҳои оянда иштирок карда ғолиб оед.

    • 1.Калимахои хамшакл ки маънои гуногунро ифода мекунанд хамгуна (омоним ) ном доранд.
      2. 5 кунч.
      3.368-х+72=160
      х+72=368-160
      х+72=208
      х=208-72
      х=136.
      4.анор.
      5.Ҷалолиддин Руми.

      • Rajabali ҷавоби 3 нодуруст аст. 368-136+72=304 мешавад, бояд 160 шавад.

    • Сипос, вале дар саволномаҳои навбатӣ ҳамаи ҷавобҳоро якҷоя нависед, лутфан.

  2. 1. Ҳамранг, ҳамсифат
    2. 5кунҷ(панҷкунҷа)
    3. 368-x+72=160
    368-x=160-72
    368-x=98
    X=368-98
    X=270
    4.тарбуз
    5.Ҷалолиддини руми

    • Ҳама ҷавобҳо дурустанд. Вале каме дер кардаед. Сипос барои иштирок, дар саволномаҳои навбатӣ ҳатман иштирок кунед.

  3. 1)kalimahoe shaklan monandan vale az jihati ma’no farq mekunand hamguna nom dorad
    2)5kunj
    3)368-x+72=160
    X=368+72-160
    X=280
    4)anor
    5)Faridduni Ator

  4. 1. Калимаҳое ки шаклан якхелаву маъноҳои гуногун ифода мекунанд ҳамгуна ном доранд
    2. 5 кунҷа
    3. 368-280+72=160
    4. Тарбуз
    5. Ҷалолиддини Балхӣ(румӣ)

    • Сипос ба Шумо, Муҳаммаднофеъ! Ҳама ҷавобҳо дурустанд. Вале каме дер кардаед. Дар саволномаҳои навбатӣ ҳатман иштирок кунед.

  5. 1. Ҳамранг.ҳамсифат
    2. 5 кунҷ
    3.
    368-x+72=160
    X+72=368-160
    X+72=208
    X=208-72
    X=136
    4.анор
    5.Ҷ.Румӣ

  6. 1)Калимахое ки аз чихати шакл якхела буда маьнохои гуногун доранд хамгуна номида мешавад
    2)Панч куче
    3)280 нафар маротибаи аввал рафт
    4)Тарбуз
    5)Мавлоно

    • Сипос ба Шумо, Абудулло! Ҳама ҷавобҳо дурустанд. Вале каме дер кардаед. Дар саволномаҳои навбатӣ ҳатман иштирок кунед.

  7. 1.Калимаҳои ҳамшакл ки маноҳои гуногунро ифода мекунад ҳамгуна (омоним меноманд).
    2.Панҷкунҷа
    3.280
    4.анор
    5.Мавлоно Ҷалолудин Румӣ

  8. 1) Калимаҳои ҳамшакле, ки маъноҳои гуногун доранд, ҳамгуна (омоним) ном доранд. Мисол: хар-ҳайвон, хар-бихар (феъли фармоиш), чанг-гард, чанг-асбоби мусиқӣ.
    2) 5 кунҷ (панҷкунҷа).
    3) 280
    4) Анор
    5) Байт аз Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Шакли пуррааш:
    Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст
    В-он чӣ биҷҳад аз забон, чун оташ аст.
    Сангу оҳанро мазан барҳам газоф
    Гаҳ зи рӯйи нақлу гаҳ аз рӯйи лоф.
    З-он ки торик асту ҳар сӯ панбазор,
    Дар миёни панба чун бошад шарор?
    Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд,
    З-он суханҳо оламеро сӯхтанд.
    Оламеро як сухан вайрон кунад,
    Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

    • Сипос ба Шумо, Ғайратшо! Ҳама ҷавобҳо дурустанд. Вале дер кардаед. Дар саволномаҳои навбатӣ ҳатман иштирок кунед. Боз ҳам сипос барои ҷавобҳои муфассалу комил!

комментарии закрыты.