Исмҳои шахс ва ғайришахс

Исмхои шахс ва гайришахс


Дар забони тоҷикӣ исмҳои шахс (коргар, шоир, писар, деҳқон) ба саволҳои кӣ?,киҳо?, исмҳои ғайришахс (хона, мурғ, дарё, китоб) ба саволҳои чӣ?, чиҳо? ҷавоб мешаванд.


Машқи 1. Матнро бодиққат хонед. Дар сутуни аввал исмҳоеро, ки ба саволи кӣ?, киҳо? ва дар сутуни дуюм исмҳоеро, ки ба саволҳои чӣ?, чиҳо? ҷавоб мешаванд, нависед.

Камолиддини Беҳзод

Камолиддини Беҳзод зиёда аз 500 сол пеш аз ин зиндагӣ ба сар бурдаст. Вай бо ҳунари худ ҳамзамононашро ба ҳайрат монондааст. Дар расмҳои Беҳзод манзараҳои дилрабои табиат, гулу сабзазор, майдонҳои шикор, боғҳову қасрҳо тасвир шудаанд. Рассом махсусан дар офаридани сурати одам устод буд.

Касе, ки расмҳои ҳаҷвию ҳазломези Беҳзодро тамошо мекард, ҳар қадар ҷиддӣ ҳам бошад, худро аз хандаи зӯр боздошта наметавонист. Беҳзод ҳамчун рассоми ҳунарманд хеле машҳур шуда буд. Подшоҳи замонаш Ҳусайн Бойқаро ӯро ҳамеша ба суҳбатҳояш даъват мекард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Камолиддини Беҳзодро шоири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ бисёр дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Навоӣ ба қадри ҳунари ӯ мерасид…

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ


Савол ва супоришҳо

  1. Исмҳои ҷамъи матнро муайян кунед.
  2. Шумо осорхонаро дидаед?
  3. Дар мактабатон озмуни рассомон мегузарад?
ҚаблӣҲарфи калон ва нохунак дар исмҳои хос
БаъдӣИсмҳои моддӣ ва маънӣ