Китоби Асосхои технологияи компютери, А. Назаров

Номи китоб: Асосҳои технологияи компютерӣ
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


САРСУХАН

Компютер ва истифодабарии он дар ҷамъияти ҳозира яке аз асосҳои тараққиёту пешрафти илм, иқтисодиёт, алоқа, тиб ва амсоли инҳо мебошад. Ҷори намудани усулҳои навиҳисобкунӣ, идоракунӣ ва назорат, тайёр намудан ва чоп кардани китобу рӯзномаҳо,маҷаллаҳо ва расму суратҳо тавассути компютер, нақши онро дар ҷамъияти ҳозира ниҳоятбаланд бардоштааст. Номгӯи нав ба нави тамuаҳои компютерҳо истеҳсол карда шудаанд ваистеҳсол карда мешаванд. Маҷмӯаи нав ба нави барномаҳои амалӣ ва барномаҳои ёрирасонбарои истифодабарандагони компютер тайёр карда шудаанд ва дар амал истифода бурда мешаванд. Инчунин номгӯи зиёди системаҳои оператсионӣ коркарда баромада шудаанд ваҳамарӯза такмил дода мешаванд. Аз нав коркардабароии барномаҳо ва системаҳоиоператсионӣ, такмилдиҳии барномаҳои мавҷуда, ба баланд бардоштани суръати корӣ, васеънамудани имкониятҳо, кори онҳо тавассути шабакаҳо ва амсоли инҳо вобаста аст. Вале якқисм вариантҳои нави барномаҳо ва системаҳои оператсионӣ, аз сабаби ҳаҷми калон талабкарданашон, танҳо дар компютерҳои тамuаҳои нав истифода бурда мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мақсад аз навиштани ин китоб дар он аст, ки ҳоло дар бисёр корхонаҳо компютерҳоро истифода мебаранд. Дар мактабҳои миёна бошад, ба хонандагони синфҳои 7-9 фанни технологияҳои информатсионӣ омӯзонида мешавад. Вале китоб барои истифодабарандагони компютер ва хонандагони мактабҳои миёна, чӣ ба забони тоҷикӣ ва чӣ ба забони русӣ ниҳоят кам аст. Аксар истифодабарандагони компютер бо имкониятҳо ва тарзи кор бо компютерҳо, бо тарзи истифодабарии барномаҳои дар онҳо буда аз наздик шинос нестанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, ин китобро барои истифодабарандагони компютер омода намудем. Барои хондан ва аз худ намудани ин китоб ҳеҷ як дониши ибтидоие доир ба компютер лозим нест. Чунки ин китоб бо барномасозӣ дар компютер ягон алоқамандие надорад.

Китоби мазкур аз чор боб иборат аст. Дар боби якуми китоб як тамғаи компютерҳои ҳозиразамон – компютерҳои INTEL PENTIUM (ё INTEL CELERON) омӯхта мешаванд. Боби дуюм ба системаҳои оператсионӣ бахшида шудааст. Аз системаҳои оператсионӣ бошад, дар навбати аввал каме системаи оператсионии MS-DOS ва фармонҳои амалии он омӯхта мешаванд. Баъдан системаи оператсионии бисёрмасъалагии WINDOWS омӯхта мешавад. Оиди баъзе аз барномаҳои стандартии системаи оператсионии WINDOWS, аз қабили БЛОКНОТ, WORDPAD ва амсоли инҳо маълумоти мухтасар оварда мешаванд. Дар боби чорум баъзе барномаҳои барои истифодабарандагони компютер зарур буда, аз қабили барномаҳои зиддизаҳрӣ, барномаҳои бойгонкунанда, корбарӣ бо гирдаҳо ва амсоли инҳо омӯхта мешаванд.

Боби сеюми китоб ба омӯзиши маҷмӯаи барномаҳои амалии Micқosoft officӯ бахшида шудааст. Ин маҷмӯа аз номгӯи якчанд барномаҳои амалӣ иборат аст – протсессори (таҳриргари) матнии Woқd, ҷадвалҳои электронии ӮҶCӮL, намоишдиҳии Powӯқpoint, базаи маълумотҳои Accӯss, кор бо расму суратҳо ва ғайраҳо.

Барои боз ҳам пурратар аз худ намудани компютер ва имкониятҳои он аз китобу дастурҳои дар охири китоб оварда шуда истифода бурдан мумкин аст. Инчунин тавассути шабакаи умумиҷаҳонии ИНТЕРНЕТ дастрас намудан, чоп намудан ва хондани маводҳои зарурӣ имкон дорад. Ҳангоми мутолиъаи ин китоб мумкин аст, ки маънии баъзе калимаҳо норавшан бошанд. Барои ҳамин ҳам дар охири китоб луғати калимаҳо ва ё ибораҳо оварда шудааст. Масалан, барномаҳои ёрирасон, истифодабаранда, маҷмӯаи барномаҳои амалӣ ва ғайраҳо. Ё худ тарҷумаи калимаҳои лотинӣ низ оварда шудааст, чунки аксар мафҳумҳои компютерӣ бо забони лотинианд. Дар матни баъзе мавзӯъҳо аввал калима бо забони тоҷикӣ ва дар дохили қавс бо забони русию лотинӣ оварда мешаванд, масалан оғоз (пуск, start).

Дар охир гуфтани ҳастем, ки ин китоб бори аввал нашр мешавад. Бинобар ин вай аз камбудиҳо холӣ нест. Барои беҳтар гардидани он ва ислоҳи камбудиҳо аз тамоми хонандагони китоб хоҳиш дорем, ки фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро ба муаллиф тавассути почтаи электронии [email protected] ирсол намоянд.


Номи китоб: Асосҳои технологияи компютерӣ
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Мундариҷа

САРСУХАН

Боби 1. Компютер ва техникаҳои компютерӣ

§1. Компютерҳои ҳозиразамон
§2. Қисмҳои асосии компютер
§3. Техникаҳои компютерӣ

Боби 2. Системаҳои оператсионӣ

§4. Системаи оператсионии MS-DOS
§5. Файлҳо ва каталогҳо дар СО MS-DOS
§6. Фармонҳои амалии кор бо файлҳо ва каталогҳо
§7. Таърихи рӯз ва вақт
§8. Файлҳои autoexec.bat ва config.sys
§9. Барномаҳои ба шаклдарории гирдаҳо
§10. Системаи оператсионии WINDOWS
§11. Системаи оператсионии WINDOWS XP
§12. Мизи кории системаи оператсионии WINDOWS XP
§13. Тугмаи «Оғоз»
§14. Тугмаи «Компютери ман»
§15. Файлҳо ва ҷузъгирҳо. Амалҳо бо файлҳо ва ҷузъгирҳо
§16. Гузоштани принтерҳо дар СО WINDOWS
§17. Гузоштан ва ҷӯр намудани монитор
§18. Ҳамвораи идоракунии СО Windows XP
§19. Ҷуркунии клавиатура ва муш
§20. Ҷуркунии таърихи рӯз, соат ва стандартҳои минтақавӣ
§21. Гузоштан ва кур кардаи шрифтҳо дар СО Windows XP
§22. Гузоштан ва кур кардани барномаҳо ва дастгоҳҳои аудио-видеоӣ
§23. Гузоштан ва кур кардани дигар намуди дастгоҳҳо, ки ба компютер пайваст карда мешаванд
§24. Истифодабарандагони компютер. Ҳифзи компютер аз истифодабарии бе иҷозат
§25. Баъзе барномаҳои стандартии СО Windows XP

Боби 3. Маҷмӯаи барномаҳои амалии Microsoft Office

§26. Маълумоти умумӣ
§27. Протсессори матнии Microsoft WORD
§28. Матнҳо ва кор бо матнҳо дар Microsoft WORD
§29. Кор бо файлҳо дар Microsoft WORD
§30. Ҳамвораҳои дастгоҳҳои WORD
§31. Ҳамвораҳои дастгоҳҳои «Стандартӣ» ва «Башаклдарорӣ»
§32. Аломатҳои саҳифаҳои WORD
§33. Хосиятҳои шрифтҳо дар WORD
§34. Таҳрири матнҳо дар WORD
§35. Чопи матнҳо дар WORD
§36. Кор бо расмҳо ва нақшаҳо дар WORD
§37. Ҷадвалҳо дар WORD
§38. Амалҳо бо ячейкаҳо, сатрҳо ва сутунҳои ҷадвалҳои WORD
§39. Рақамгузорӣ ва рамзгузории сархатҳои матн дар WORD
§40. Истифодабарии баъзе объектҳо дар WORD
§41. Ҳифзи файлҳо ва матнҳо дар WORD
§42. Ҷадвалҳои электронии Microsoft ЕХСЕL
§43. Ҳамвораи дастгоҳҳои ЕХСЕL
§44. Шаклҳои ячейкаҳои ҷадвалҳои ЕХСЕL
§45. Амалҳо бо ячейкаҳои ҷадвалҳои ЕХСЕL
§46. Амалҳои ҳисобӣ бо ячейкаҳои ҷадвалҳои ЕХСЕL
§47. Сохтани ҷадвалҳо дар барномаи ЕХСЕL
§48. Ҳифзи файлҳо ва ячейкаҳо дар барномаи ЕХСЕL
§49. Сохтани диаграммаҳо дар барномаи ЕХСЕL

Боби 4. Барномаҳои амалии истифодабарандагон ва шабакаҳои компютерӣ

§50. Барномаҳои амалии кор бо файлҳо ва ҷузъгирҳо
§51. Шабакаҳои компютерӣ

Луғати баъзе мафҳумҳо, ки дар китоб истифода шудаанд
Адабиётҳои тавсияшаванда


Номи китоб: Асосҳои технологияи компютерӣ
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Китоби мазкур бо мусоидати худи муаллиф дар сомона нашр мешавад. Аз ин ҷиҳат мудирияти сомона ба муаллиф изҳори миннатдорӣ мекунад.

ҚаблӣКитоби Алгоритмсози ва барномасози дар Бейсик, А. Назаров
БаъдӣКитоби Дизайни барномавӣ дар ЗБ PascalABC.Net, А. Назаров