Ҷамъбандии исмҳо дар забони англисӣ

Исмҳо шумурдашаванда ва шумурданашавашда мебошанд. Дар забони англисӣ исмҳои шумурдашавандаро “countable поuns” ва исмҳои шумурданашавандаро “uncountable nouns” меноманд. Пеш аз он ки ҷамъбандии исмҳоро дар забони англисӣ аз назар гузаронем, як руҷӯи кутоҳ ба ҷамъбандии исмҳои тоҷикӣ мекунем. Ба исмҳои зерин нигаред:

хона – хонаҳо, ҷаноб – ҷанобон, моҳӣ – моҳиён, бача – бачагон, абрӯ – абрӯвон.

Чӣ хеле ки мебинед, исмҳои тоҷикӣ дар шакли ҷамъ ба худ суффиксҳои ҷамъбандии гуногунро мегиранд. Пас чунин ҳолат дар забони англисӣ чӣ гуна сурат мегирад?

Нишондиҳандаи асосии шакли ҷамъи исмҳо дар забони англисӣ бандаки “s” мебошад, ки дар охири исмҳо меояд. Лекин ба ҷуз ин исмҳои англисӣ низ як қатор нозукиҳо ва қоидаҳои ҷамъбандии ба худ хосро доранд, ки ҳоло то ҳадди имкон ба ин масъала рӯшанӣ меандозем.

худомузи англиси, забони англисӣ, омузиши забони англиси

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қоидаи 1

Агар исмҳо бо овозҳои ҳамсадои беҷаранги “к”, “р”, “t” ба охир расида бошанд, дар охири онҳо бандаки “s” ҳамроҳ карда мешавад ва ҳамчунин “с” талаффуз карда мешавад:

book – books китоб – китобҳо
week-weeks ҳафта – ҳафтаҳо
lip – lips лаб-лабҳо
cat – cats гурба – гурбаҳо
hat – hats кулоҳ – кулоҳо

Қоидаи 2

Агар исмҳо бо овозҳои ҳамсадои ҷарангдор тамом шаванд, дар охирашон бандаки “s” часпонида ва [з] хонда мешавад:

room – rooms [ру:мз] хона – хонаҳо
bag – bags [бэгз] сумка – сумкаҳо
spoon – spoons [спу.нз] қошуқ – қошуқҳо

Қоидаи 3

Агар исмҳо бо овозҳои садонок ба охир расанд, дар охирашон бандаки “s” хамроҳ карда мешавад ва [з] талаффуз мешавад:

tree – trees [три:з] дарахт – дарахтон
knee – knees[ни:з] зону – зонуҳо
day- days [дейз] рӯз – рӯзҳо
toy – toys [тойз] бозича – бозичаҳо

Қоидаи 4

Агар исмҳо бо овози садоноки “о” ба охир расанд, дар охирашон бандаки “es” часпонида мешавад ва [з] талаффуз мешавад:

hero – heroes [ҳиреоуз] қаҳрамон – қаҳрамонон
photo – photoes [фотоуз] сурат – суратҳо

Қоидаи 5

Агар исмҳо бо овозҳои ҳамсадоҳои шавшувдор, яъне бо “s”, “sh”, “х”, “ch”, “z” ба охир расанд, дар охирашон бандаки “es” ҳамроҳ карда мешавад ва [из] талаффуз карда мешавад:

bus – busses автобус – автобусҳо
glass – glasses стакан – стаканҳо
bench – benches харак-харакх,о
box – boxes куттӣ – қуттиҳо
fox – foxes рубоҳ – рубоҳҳо

Қоидаи 6

Баъзе аз исмҳое, ки бо ҳамсадои “f” ё бо таркиби ҳарфҳои “fe” ба охир мерасанд, бо қоидаи зерин ҷамъбандӣ мешаванд. Дар ин гуна исмҳо аввал ҳамсадои “f” бо ҳамсадои “v” иваз карда мешавад, сипас бандаки «es» ҳамроҳ карда мешавад ва [з] талаффуз мешавад:

shelf – shelves рафи китобмонӣ
knife – knives корд – кордҳо

Қоидаи 7

Агар исмҳо бо ҳамсадои “у” ба охир расанд ва ҳарфи пеш аз охирашон ҳамсадо бошад, аввал садоноки “у” бо садоноки “i” иваз карда мешавад, баъд бандаки “es” ҳамроҳ карда мешавад:

lady – ladies хонум – хонумҳо
story – stories ҳикоя – ҳикояҳо

Қоидаи 8

Гурӯҳи начандон калони исмҳо низ ҳастанд, ки ба онҳо қоидаи қадимаи ҷамъбандӣ хос аст. Аз ин рӯ, онҳо на аз рӯи қоидаҳои дар боло зикршуда, балки ба таври махсус ҷамъбандӣ мешаванд. Онҳо камшуморанд ва онҳоро бояд нағз дар хотир нигоҳ дошт:

man-men мард-мардҳо
woman – women зан – занҳо
child -children кӯдак-кӯдакон
foot -feet пой-пойҳо
tooth -teeth дандон-дандонҳо
mouse – mice муш -мушҳо

Қоидаи 9

Исмҳои шумурданашаванда бошанд, ҷамъбандӣ намешаванд, онҳо танҳо дар шакли танҳо вуҷуд доранд. Пеш аз исмҳои шумурданашаванда артикли номуайянии “а” гузошта намешавад. Баъзеи онҳо:

meat – гушт

water – об

tea – чой

butter – маска

oil – равған

 bread – нон


Қоидаи 10

Бар хилофи исмҳое, ки дар қоидаи нуҳум зикр шуданд, боз исмҳое низ ҳастанд, ки фақат дар шакли ҷамъ вуҷуд доранд.

trousers – шим

scissors – қайчӣ


Калидвожаҳо: омузиши забони англиси, грамматикаи забони англиси, шакли ҷамъи исмҳо дар забони англисӣ, шакли чамъи исмхо дар забони англиси, коидахои чамъбандии исмхои англиси.
ҚаблӣВазъи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ (ҶХШ Бухоро)
БаъдӣҶонишинҳои ишоратӣ (DEMONSTRATIVE PRONOUNS)