Маҳсулоти аз шир ҳосилшаванда / Махсулоти шири

Махсулоти аз шир хосилшаванда / Маҳсулоти ширӣ


Маска маҳсулоти хӯроквории қиматбаҳо, серғизо ва пурқувват мебошад, бӯй, ранг, мазаи хос дорад ва зудҳазм аст. Дар таркиби маска фосфолипидҳо, витаминҳои дар равған ҳалшаванда (А, Д, Е), каротин, моддаҳои минералии барои организми одам зарурӣ мавҷуд аст.

Творог яке аз қадимтарин маҳсулоти ширӣ мебошад. Он хӯроки серғизову фоидабахш аст ва хосияти парҳезӣ дорад. Бинобар ин онро барои бисёр одамон – хурдсолон, калонсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои рӯдаю меъда, дил ва системаи асаб тавсия медиҳанд.

Дар таркиби творог ба миқдори зиёд фосфор, калсий, сафеда, витаминҳо, аминокислотаҳо, равған, об ва дигар моддаҳо мавҷуданд.

Ҷурғот хӯроки парҳезӣ, фоидабахш, таскинбахш ва лаззатбахш мебошад. Онро ҳама, алалхусус барои ҳосил кардани қувват дар вақти камхунӣ, касалии меъдаю рӯда ва ғайра истифода мебаранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷадвали 2

Вақти нигаҳдории шир ва маҳсулоти ширӣ

Маҳсулот Вақти нигаҳдорӣ дар ҳарорати аз +4 то +80С
1. Шири хом 20 соат
2. Маҳсулоти ширии турш 24 соат
3. Творог 36 соат
4. Қаймоқ 72 соат
5. Панир Аз 5 то 15 шабонарӯз
6. Маска 5 шабонарӯз
7. Равғани зард 15 шабонарӯз

Ҷадвали 3

Намуди хӯрокҳо ва номи онҳо
Намуди хӯрокҳо Номи хӯрокҳо
1. Хӯроки суюқ Шир, атола, угрои ширдор, қурутоб, ширравған, хӯрок бо ярма

ва маҳсулоти макаронӣ

2. Шавла

Хӯроки творогӣ

Кашкӣ, биринҷӣ ва дигар намудҳои ярма. Панирча, запеканка, фиринӣ, печене, пирог, творог бо шир ва бо қаймоқ
3. Қайла (хардал) ва

хӯриш

Қайлаи ширдор, қаймоқдор, хӯриши қаймоқин ва бисёр хӯришҳои сабзавотӣ
4. Хӯроки ширӣ ва нӯшокиҳо Фиринӣ, кремҳо аз шир, яхмос, коктейл, ширчой, полудаи ширдор
5. Маҳсулоти хамирӣ Тушбераи творогӣ, чалпак, қаймоқ, пирог, кулчаи творогӣ, чак-чак, хамирҳои манту, тушбера, угро, самбӯса ва ғайра

Аз шир бисёр маҳсулоти ширӣ ба монанди сливка, маска, панир, қаймоқ, творог, намудҳои гуногуни ҷурғот, йогурт ва ғайра ҳосил мекунанд, ки инҳо барои организми одам шифобахшанд.

Маҳсулоти аз шир тайёршуда
Маҳсулоти аз шир тайёршуда

Шир маҳсулоти зуд вайроншаванда мебошад. Бинобар ин онро дар дегчаҳои махсуси сирдор ҷӯшонед. Он дамиши ширро нигоҳ медорад. Барои муддати зиёд нигоҳ доштани шир ба он як пора қанд меандозанд ва болояшро напӯшида хунук мекунанд.

Агар таги шир сӯзад, онро ба зарфи дигари сирдор резед ва зарфро ба оби хунук гузошта, бо нӯги корд як миқдор намак андозед. Он бӯйи шири сӯхтагиро мегирад.

Донистани талабот ба хӯроки тайёр зарур аст.

Ҳамаи хӯрокҳои суюқ, шавлаҳо, қайлаҳо бояд ранг, бӯй, мазаи шир дошта бошанд ва мувозинати масолеҳ дар онҳо ба ҳамдигар мувофиқ бошад; монанди хӯроки якум – суюқ, шавлаҳо, ё камтар часпак бошанд. Қайла нимсуюқ бошад ва дар он орди ба якдигар часпида (кулӯлашуда) ва таъми дигар масолеҳ набошад.

Ҷадвали 4

Миқдори моддаҳои ғизоӣ дар 100 г маҳсулот
Номи маҳсулот Тахминан дар 100 г маҳсулот
сафеда, % равған, % ангиштоб, %
Шир ва маҳсулоти ширӣ 3, 3 3, 2 4, 5
Творог 11 – 16, 8 0, 5 – 18 1 – 3, 5
Панир 18 – 25 18 – 60 3 – 3, 2

Маслиҳати муфид

Бисёр соҳибхоназанҳо зарфи ширҷӯшонидаро бо оби гарм мешӯянд. Ин нодуруст аст, зеро аз таъсири оби гарм боқимондаи шир дар девораҳои зарф ба моддаи часпак мубаддал мешавад ва аз ҳамин сабаб зарфро пурра тоза карда намешавад. Зарфи ширҷӯшонидаро аввал бо оби хунук ва баъд бо оби гарм шӯед.

Дар хотир доред

Витаминҳои А, Д, Е дар равған ва витаминҳои С, В1, В12, РР ва ғайраҳо дар об ҳалшаванда мебошанд. Талаботи солона ба шир ва маҳсулоти ширӣ барои ҳар як кас 332 кг-ро ташкил медиҳад.

Талаботи солона ба тухм барои ҳар як кас 262 дона аст.


Савол

  1. Чаро маҳсулоти ширӣ ба организми одам фоидаовар аст?
  2. Дар истеҳсолот аз шир кадом намудҳои маҳсулоти шириро истеҳсол мекунанд?
  3. Кадом таомҳои шириро медонед?
  4. Сифати маҳсулоти шириро аз рӯйи чӣ муайян мекунанд?

Фикр кун, ҷавоб деҳ ва соз

Аз гуфтаҳои боло истифода бурда, аз шир барои ҳар як узви оила ҷурғот тайёр кунед. Дастархон ороиш диҳед ва аз аъзои оила хоҳиш намоед, ки ба маҳсулоти тайёркардаатон баҳо диҳанд.


Шир ва маҳсулоти ширӣ >>

ҚаблӣШир ва маҳсулоти ширӣ
БаъдӣҚоидаҳои санитарию гигиенӣ дар вақти хӯрокпазӣ