Ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи кишоварзӣ

Чавобгарии хукуки дар сохаи хукуки кишоварзи


Давраи хотимавии механизми ҳуқуқии ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани ашхос барои ҳуқуқвайронкуниҳои содиршуда мебошад. Агар дар баромадани низоми ҳуқуқ имконияти ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидан ва татбиқи ҷазо (ҷазо додан барои иҷро накардан, вайрон кардани талаботҳои ҳуқуқӣ ва ғ.) набошад, пас ҳуқуқ ба эъломия мубаддал мегардад. Механизми ҳифзи ҳуқуқӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ низ аз аҳамият холӣ нест.

Дар зери мафҳуми ҳуқуқвайронкунӣ кирдори ба ҷамъият зараровар, гунаҳгорона ва зиддиҳуқуқии ашхоси дорои қобили амалкуниро мефаҳманд, ки дар шакли ҳаракат ва ё беҳаракати содир шуда, ба талаботи ҳуқуқ, қонун ва ғайра таҷовуз менамояд. Ҳуқуқвайронкунӣ аз сабаби истифода намудани чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ дорои як қатор аломатҳо мебошад. Аломатҳои ҳуқуқвайронкунӣ инҳоянд: ҳуқуқвайронкунӣ рафтор аст, ки дар шакли ҳаракат ва ё беҳаракати содир мешавад; ҳуқуқвайронкунӣ амали зиддиҳуқуқӣ аст; ҳуқуқвайронкунӣ амали богуноҳона аст; ҳуқуқвайронкунӣ амали зараровар аст[1]. Ҳуқуқвайронкунӣ вобаста ба сатҳи хавфнокии ҷамъиятӣ ва зарари иҷтимоӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаваад: ҷиноят ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ[2]. Кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: кирдорҳои маъмурӣ; кирдорҳои интизомӣ; ҳуқуқвайронукии маъмурӣ. Тамоми аломатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар якҷоягӣ таркиби ҳуқуқвайрокуниро ташкил медиҳанд, ки асоси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мешавад. Таркиби ҳуқуқвайронкунӣ аз унсурҳои зерин иборат аст: субъекти ҳуқуқвайронкунӣ; тарафи субъективии ҳуқуқвайронкунӣ; объекти ҳуқуқвавайронкунӣ; тарафи объективии ҳуқуқвайронкунӣ[3].

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ яке аз масъалаҳои баҳсталаб ва муҳими назарияи ҳуқуқ ва давлат ба ҳисоб меравад. Фикру ақидаҳои олимону муҳаққиқон дар ин ҷода чуни наст: бисёре аз муҳаққиқон ҷавобгарии ҳуқуқиро ба чораи иҷборияти давлати ҳамшабеҳ медонанд; гурӯҳи дигари муҳаққиқон бошад, ҷавобгарии ҳуқуқиро бо муҷозот барои ҳуқуқвайрокунӣ омехта месозанд; ба ақидаи гурӯҳи сеюм бошад, ҷавобгарии ҳуқуқӣ пиёдагардонии тадбиқи муҷозот аст[4]. Ба андешаи муаллифони китоби дарсии «Ҳуқуқи кишоварзӣ»[5] қобили қабул ва ҷоиз ақидаи маъмулест, ки мувофиқи он ҷавобгарии (масъулияти) ҳуқуқӣ ҳамчун ӯҳдадории шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ ҷиҳати мубтало шудан ба оқибатҳои номусоид тибқи муқаррароти меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Дар зери мафҳуми ҷавобгарии ҳуқуқӣ татбиқи чораҳои маҷбурсозии ҳуқуқиро мефаҳманд, ки ба шахси гунаҳгор барои содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ амалӣ мегардад. Аломатҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ инҳоянд: ҷавобгарии ҳуқуқӣ бо меъёрҳои ҳуқуқ пешбинӣ мешавад; асоси ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳуқуқвайронкунӣ аст; ҷавобгарии ҳуқуқиро танҳо мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдори босалоҳият бо тартиби махсуси пешбиникардаи қонун истифода мебарад; дар натиҷаи татбиқи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳуқуқвайронкунанда ба як қатор маҳдудиятҳо дучор мешавад[6]. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ вобаста ба хелҳои ҳуқуқвайронкунӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешавад: ҷавобгарии ҷиноятӣ; ҷавобгарии маъмурӣ; ҷавобгарии ҳуқуқии гражданӣ; ҷавобгарии интизомӣ (моддӣ).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ҳуқуқи кишоварзӣ ҳар чор намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ татбиқ мегарданд, ки ба худ хусусиятҳои хосро соҳибанд[7]. Дар давраи муосир дар ҳуқуқи кишоварзӣ бештар ҷавобгарии амволӣ (гражданӣ) ва ҷавобгарии интизомӣ (моддӣ) истифода бурда мешавад.

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи кишоварзӣ ба ин ҳуқуқвайронҳое, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи кишоварзӣ содир шудаанд татбиқ карда мешавад: халалдор сохтани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон ҷиҳати таъсис ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ассотсиатсияҳои онҳо; халалдор сохтани тартиботи дохилии тибқи оинномаи кооперативи истеҳсолии кишоварзӣ муқарраршуда; паст рафтани ҳосилхезии замин; гунаҳгорона расонидани зиён (зарар) ба воситаҳои истеҳсолии корхонаҳои кишоварзӣ ва дорандагони хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ; иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ (татбиқи ҷавобгарии амволӣ (гражданӣ)); халалдор намудани меъёрҳои ташкили меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилии кооперативҳои истеҳсолии кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар корхонаҳои тиҷоратии кишоварзӣ (татбиқи ҷавобгарии интизомӣ).

Ҳамин тариқ, ҷавобгариии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи кишоварзӣ баҳри самаранок истифода бурдани объектҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои он амалӣ мегардад. Он на танҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи кишоварзӣ, балки ба воситаи чораҳои дар меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, молиявӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ пешбинишуда, сурат мегирад.


[1] Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Китоби дарсии зикршуда. – Душанбе: «Эҷод», 2005. – С. 433-434.

[2] Ниг.: Аграрное право. Китоби дарсии зикршуда. – С. 404; Сотиволдиев Р.Ш. Китоби дарсии зикршуда. – С. 434-435.

[3] Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Китоби дарсии зикршуда. – С. 435-436.

[4] Ниг.: Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 258.

[5] Ниг.: Ҳамон ҷо.

[6] Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Китоби дарсии зикршуда. – С. 436-437.

[7] Ниг.: Аграрное право. Китоби дарсии зикршуда. – С. 405-431; Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 260-268.


Калидвожаҳо: хукуки кишоварзи, ҳуқуқи кишоварзӣ, хукук, ҳуқуқ, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ

ҚаблӣВазъи ҳуқуқии хоҷагии ёрирасони шахсӣ
БаъдӣМафҳум ва предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ