Аз тарафи муғулҳо истило шудани Осиёи Миёна

Аз тарафи мугулхо истило шудани Осиёи Миёна. Дар нимаи дуюми асри ХII дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои феодалӣ давлатӣ муғулҳо ташкил ёфт. Барои соҳиб шудан ба тоҷу тахт дар байни қабилаҳои муғулӣ муборизаи хунин оғоз ёфт. Дар охир Темучин (солҳои 1162-1227) то соли 1205 тамоми қабилаҳои муғулро дар зери ҳокимияти худ муттаҳид намуда, ҳукуматашро мустаҳкам намуд ва соли 1206 дар анҷумани муғулҳо Чингизхон (хони бузург) эълон гардид.

Темучин дар лашкар ва ғорди худ интизоми оҳанинро ҷорӣ намуда буд. Сипас, ба ҳучумҳои горатгаронаи худ шуруь намуда, то соли 1215 шимоли Хитой ва соли 1218 Туркистони шарқӣ ва Хафтрудро тасарруф намуд ва барои торумор карда­ни рақиби асосиаш Муҳаммад Хоразмшоҳ омода гардид.

Чингизхон расм картинка чингисхан

Вазъияти дохилӣ дар давлатӣ Хоразмшоҳ мураккаб буд. Хусусан муноқиша ва кашмакашиҳои дарборӣ бо модари Муҳаммад Турконхотун ва қипчоқҳои дарбор пояи давлатро суст гардонида буданд. Андозситониҳои бенизому вазнии бои­си норозигии халқ ва авҷ гирифтани шуру қиёмҳои мардумӣ гардида буданд. Лашкар пароканда буд ва ҳокимони маҳаллӣ ба ҳукумати марказӣ итоат намекарданд. Ҳамаи ин пояи давлати Муҳаммади Хоразмшоҳро дар арафаи ҳуҷуми муғулҳо хеле сусту заиф гардонида буданд. Аз ин вазъияти ноором Чингизхон тавассути ҷосусонаш воқиф буд ва соли 1218 ӯ ба суӣ Муҳаммад Хоразмшоҳ сафирони худ ва дар 500 шутур борҳои пурқимматро бо 450 тоҷирон фиристод. Ин корвонро ҳокими Утроро Иналчик ғорат карда, сафиронро cap зад.

Бо ин баҳона Чингизхон моҳи сентябри соли 1219 бо лашкари 200 ҳазорнафараи худ шаҳри Утрорро муҳосира намуд ва баъд аз шаш моҳи муҳосира шаҳрро ишғол карда, аҳолиашро аз дами теғ гузаронид ва дар вайронаҳои шаҳр ҷав корид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар як муддати нисбатан кутоҳ истилогарони муғул шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Тирмиз ва дигар шаҳрҳоро истило намуда, ба харобазор табдил доданд.

Тирамоҳи соли 1220 Чингизхон ҳокими пурраи Осиёи Миёна гардид. Чингизхон шаҳрҳои Балх, Ҳирот, Нишопур, Марв ва дигар шаҳрҳоро соҳиб шуда, ба хок яксон намуд. Муғулҳо ба сари мардум мусибатҳои зиёд оварданд. Онҳо шаҳру деҳотро хароб карда, оташ мезаданд, замину иншоотҳои обёриро нест мекарданд, миллионҳо нафар одамонро аз дами теғ гузаронида, занҳои ҳомиладорро кушта, тифлони ҳанӯз таваллудиашударо cap мезаданд, пирону кудаконро бераҳмона маҳв менамуданд. Хулоса, ваҳшонияту бераҳмии муғулҳои госиб ҳалду ҳудуд надошт. Мутафаккири бузурги олам К. Маркс дуруст гуфтааст, ки муғул «бо хунрезии ифлоси худ на танҳо фишор меовард, балки халқи тӯъмаи ӯ гардидаро таҳқир ва хуни ҷигар мекард ва дар ин ҳол тороҷу қатли ом шуғли доимии онҳо (яъне, лашкари муғул Т.Н.) гашта буд». Қабл аз марг Чингизи хунхор мулкҳои забткардаашро байни фарзандонаш тақсим карда буд, ки дар ин раванд Осиёи Миёна ба Чағатой расида буд. Дар амал бошад Осиёи Миёнаро Маҳмуди Ялавоҷ ном тоҷири хуҷандӣ, ки гумоштаи муғулҳо буд идора мекард. Дертар Маҳмуд сардори мулкҳои муғул дар Хитой таъин гардид ва Осиёи Миёна дар солҳои 1238-1285 аз тарафи писари Маҳмуди Ялавоҷ Масъудбек идора карда мешуд. Аъёну ашроф ва рӯҳониёни олирутба ҳам дар хизмати муғулҳо бу­данд. Истисмори ваҳшиёнаи муғулҳо мардумро ба шуру қиём меовард.

Аз миёнаҳои асри XIII cap карда, мубориза ва кашмакашиҳои байнихудии улусҳои муғул аҳволи мардуми маҳаллиро бадтар кард. Вазъи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар рӯ ба таназзул оварда буд.

Танҳо дар охирҳои асри XIII муғулҳо каму беш илму фарҳанги мардуми тоҷикро азхуд карда, ба фарҳанги маҳаллӣ рӯ оварданд. Масалан, хон Тувон дар Фарғона шаҳри Андиҷонпро барпо намуд. Писари ӯ Кенекхон бошад дар наздикии шаҳри Насаф қаср сохта, он ҷойро пойтахти худ эьлон на­муд ва Қаршӣ (яъне қаср) ном ниҳод.

Кепекхон бо ислоҳоти пулии худ соли 1321 муомилоти пулиро дуруст ба роҳ монда, бо ин ислоҳоташ маъмурияти Мовароуннаҳрро ба туманҳо тақсим кард. Бисёр қабилаҳои турку муғул дар зери таъсири мардуми бофарҳанги тоҷик дини исломро қабул карда, муқимӣ шуданд. Масалан, ҷалаирҳо дар Хуҷанд, барлосҳо дар Қашқадарё, орлотҳо дар Тирмиз, каучинҳо дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шуданд.

Ба вуҷуд омадани ин гуна гурӯхҳои туркию муғулии моҷароҷӯ вазъияти сиёсиро дар сарзамини тоҷик тезу тунд на­муд ва барои соҳиби давлат гардидани шахсиятҳои довталаб ба мисли Хусайну Темур шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Ҳаёти мардуми тоҷик дар зери ҳукумати муғулҳо


3абткории мугулхо ва огози таназзули фарханги халки точик, Аз тарафи мугулхо истило шудани Осиёи Миёна

ҚаблӣНамунаи Ваколатнома (Боварнома, Доверенность)
БаъдӣОқибатҳои ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна