Гулро гардолуд кардани ҳашарот ва шамол

Гулро гардолуд кардани хашарот ва шамол. Рустаниҳои гулдор одатан мева ҳосил мекунанд. Вале барои ҳосил шудани мева гардолудшавии гул шарти зарурӣ мебошад. Дар вақти гардолудшавӣ гард ба гардгираки тухмдон оварда мешавад.

Гардолудшавии дутарафа чист?

Бурдани гард аз гардбарги як гул ба гардгираки тухмдони гули дигар гардолудшавии дутарафа (88) номида мешавад.

Акнун саволе пайдо мешавад, ки гард чӣ тавр ва бо кадом роҳҳо ба гардгираки тухмдони гул бурда мешавад? Барои амалӣ гардидани ин ҳодиса гул чӣ гуна хусусиятҳои мутобиқатӣ дорад?

Дар аксари ҳолатҳо дар шароити табиӣ гардолудшавӣ тавассути ҳашарот ва шамол амалӣ мегардад. Ҳашаротро хусусан, гард ва шаҳди (нектари) гул ба худ ҷалб мекунад. Шаҳд дар ғадуди махсус – шаҳддон (нектардон) ҳосил мешавад. Шаҳддон дар дохили гул дар аксари ҳолатҳо дар буни гулбаргҳо ҷой гирифтааст. Гард ва шаҳд ғизои дилхоҳи бисёр намудҳои ҳашарот ба ҳисоб меравад.

Ҳашароти гуногун дар ҷустуҷӯи ғизо аз як гул ба гули дигар нишаста (парида), боиси бурдани гард аз як гул ба гардгираки гули дигар (89) мегарданд.  Ҳамин тавр, ба туфайли мавҷудияти шаҳд – ҳамчун аломати ниҳоят муҳимми гул дар бисёр мавридҳо гардолудшавӣ тавассути ҳашарот рӯй медиҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар бисёр ҳолатҳо гули рустаниҳои бо ҳашарот гардолудшаванда дуҷинса буда, гарди онҳо часпак ва дар ҷилдашон баромад (дӯнгиҳо) доранд. Ин хусусиятҳо часпиши гардро ба бадани ҳашарот осон мекунанд.

Чӣ тавр ҳашарот гулҳои ба худ даркориро ёфта метавонад? Гулҳои баъзе рустаниҳо андозаи калон дошта, гулпӯшашон рангоранги баланду рахшон аст. Ғайр аз ин гулҳои хурд-хурди бисёр рустаниҳо дар тӯдагулҳои калону назарнамо сарҷамъ омадаанд. Ин хусусиятҳо дарёфту ҷустуҷӯи ҳашаротро хеле осон мегардонанд.

Яке аз хусусиятҳои дигар ва муҳимми гулҳои бо ҳашарот гардолудшаванда бӯйҳои гуногун доштани (баровардани) онҳо мебошад. Баъзе аз ин гулҳо бӯйи хушу дилкаш доранд. Чунончи, гули ёс, мехак ва садбарг. Баъзе   гулҳои дигар бошанд, бӯйи моҳии вайроншуда ва поруро доранд. Гулҳои чунин бӯйдошта ҳашароти муайянеро ба худ ҷалб мекунанд, масалан, пашша, қунғузҳо ва ҳатто баъзе шапалакҳоро.

Гулҳои тамокуи бӯё (найчагул) бӯйи баланд мебароранд ва фақат вақти шом мешукуфанд. Шабона накҳати гулҳои сафеду калон-калон боз ҳам аёнтар мешавад ва шапалакҳои шабпарвозро аз дур ҳам бошад, ба худ ҷалб мекунанд ва ба ҳамин васила гардолуд мешаванд.

Рустаниҳое ҳастанд, ки гули онҳоро фақат хели муайяни ҳашарот гардолуд мекунад. Масалан, гули аждардаҳан (аждаргул)-ро говзанбӯр гардолуд менамояд. Ҳангоми гулшукуфт дар боғҳо қуттиҳои (кандуҳои) занбӯри асалро оварда мемонанд. Занбӯр гули дарахтони боғро гардолуд мекунад ва ҳосили мева зиёд мешавад.

Ба ҷуз рустаниҳои бо ҳашарот гардолудшаванда, инчунин рустаниҳое мавҷуданд, ки ба туфайли шамол гардолуд мешаванд. Онҳоро рустаниҳои бо шамол гардолудшаванда меноманд. Бисёр рустаниҳои алафӣ – ғеша, гандумак (марғ), арзанак ва инчунин рустаниҳои дарахтию буттагӣ, аз қабили роздор, тӯс, финдиқ, сафедор, бед, булут, чормағз ба      рустаниҳои бо шамол гардолудшаванда дохил мешаванд. Аксари ин рустаниҳо гулҳои майдаю назарногир доранд.

Одатан дарахту буттаҳое, ки тавассути шамол гардолуд мешаванд, гулҳои онҳо аввали баҳор пеш аз баргбарорӣ мешукуфанд (масалан, роздор, финдиқ). Ё гулҳои онҳо баробари пайдо шудани барг мешукуфанд, чӣ тавре ки ин ҳолат дар дарахти тӯс ва булут мушоҳида карда мешавад.

Ин хусусиятҳо ба воситаи шамол гардолудшавии онҳоро осон мегардонанд.

Рустаниҳои бо шамол гардолудшаванда ё умуман гулпӯш надоранд, ё ин ки вай (гулпӯш) дар онҳо кам инкишоф ёфтааст. Гулҳои онҳо майдаи назарногир буда, дар аксари ҳолатҳо дар тӯдагулҳо гирд омадаанд. Дар онҳо ба миқдори ниҳоят зиёд (фаровон) гард ҳосил мешавад. Гарди гулашон ниҳоят майда, хушк ва беҳад сабук мебошад. Рустаниҳои бо шамол гардолудшаванда одатан анбӯҳ-анбӯҳ месабзанд. Масалан, анбӯҳи тӯсзорҳо, финдиқзорҳо ва найзорҳои соҳили кӯл ва дарёҳоро ба хотир оред. Ин хусусиятҳо мутобиқатҳои муҳимми рустаниҳо ба ҳисоб рафта, бо шамол гардолудшавии онҳоро метезонанд.

Ба туфайли шамол гардолуд шудани гули ҷавдорро аз назар (90) мегузаронем. Дар гули ҷавдор сараввал пулакчаҳои гул во (кушода) мешаванд. Дар байни онҳо гарддонҳои зард намудоранд. Думчаи гардбаргҳо сабзида, гарддонҳоро ба берун мебароранд. Бо кушода шудани гарддонҳо гардҳо мерезанд ва онҳоро шамол ба ҳар сӯ паҳн мекунад. Сипас, гардгираки гул намудор мегардад. Гарддонҳои думчадароз бошанд, алвонҷ хӯрда, бақияи гардро ба берун пош медиҳанд. Шамол гардро ба рустаниҳои ҳамшафат, ки аз гули онҳо аллакай гардгираки серпашмак ба берун сар баровардааст, мебарад. Ҳамин тавр, гардолудшавӣ аз гардҳои якдигар ба амал меояд (гардолудшавии дутарафа).

Дар баъзе рустаниҳо ба ҷуз гардолудшавии дутарафа худгардолудшавӣ низ рӯй медиҳад. Ҳангоми худгардолудшавӣ гарди гарддон ба гардгираки худи ҳамон гул (91) меафтад. Масалан, гулҳои гандум, ҷав, зағир, нахӯд, лӯбиё ва картошка бо гардҳои гули худ гардолуд мешаванд. Худ- гардолудшавии рустаниҳо одатан пеш аз гулшукуфти гул ба вуқӯъ меояд. Вақте ки гул шукуфт, вай аллакай гардолуд аст.


  1. Гардолудшави чист?
  2. Дар кадом ҳолатҳо гардолудшавии дутарафа ба амал меояд?
  3. Рустаниҳо барои ҷалб кардани ҳашарот чӣ гуна хусусиятҳо доранд?
  4. Барои чӣ қуттиҳои занбӯри асалро дар боғҳои мевадор мегузоранд?
  5. Рустаниҳои бо шамол гардолудшавандаро номбар кунед?
  6. Рустаниҳои бо шамол гардолудшаванда чӣ гуна хусусиятҳои мутобиқатӣ доранд?
  7. Чавдор чӣ тавр гардолуд мешавад?
  8. Худгардолудшавиро фаҳмонед ва бо мисолҳо шарҳ диҳед.
ҚаблӣТӯдагул (хӯшагул) – Тудагул (хуша гул)
БаъдӣГардолудкунии сунъии гул