Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар бораи Гардиши хун, дил. Суолхои тести.
Мавзӯҳои вобаста ба Гардиши хун, дил:
Мавзӯъ. Ҳаракати хун дар рагҳо, гардиши лимфа
Гардиши хун. Ҳаракати хун дар организм. Сохти дил
Мавзӯъ. Пешгирӣ кардани бемориҳои дилу рагҳо
Ҷумлаҳоро пурра кунед.
1. Яке аз ғизоҳои моеи организми инсон …… аст.
2. Тозашавии хун аз гази карбонат дар ……… амалӣ мегардад.
3. Об ва намакҳои минералии зиёдатиро ……. нигоҳ медорад.
4. Хуни аз оксиген бой бударо хуни …….. меноманд.
5. Эритротситҳо дар ……… ҷамъ мешаванд.
6. Хуни бо оксиген ҳамроҳшударо хуни …… мегӯянд.
7. Сурхии хун ба ………… вобастагӣ дорад.
8. Гурӯҳи хуни инсон ……… мебошад.
9. Организмро аз касалиҳои сироятӣ……… нигоҳ медорад.
10. Лахташавии ….. воситаи ҳифзи организм мебошад.
11. Хун дар организм ҳаракат намуда кадом вазифаро иҷро менамояд?
А) Хабарӣ.
В) Нақлиётӣ.
С) Огоҳӣ.
Д) Ягон вазифа надорад.
Е) Ҳамаашро.
12. Дар таркиби хун чӣ гуна бофтаҳо мавҷуд аст?
А) Пайвасткунанда.
В) Васлкунанда.
С) Эпителӣ.
Д) Асаб.
Е) Надорад.
13.Тозашавии хун аз гази карбонат дар кадом узв амалӣ мегардад?
А) Бинӣ.
В) Гулу.
С) Шуш.
Д) Дил.
Е) Ҷигар.
14. Оби зиёдатии таркиби хунро кадом узв дар худ нигоҳ медорад?
А) Ҷигар.
В) Гурда.
С) Шуш.
Д) Дил.
Е) Рӯда.
15. Асоси лахташавии хунро чӣ ташкил медиҳад?
А) Фибрин.
В) Эритротсит.
С) Лейкотсит.
Д) Об.
Е) Оксиген.
16. Дар таркиби хун оксигенро чӣ нигоҳ медорад?
А) Фибрин.
В) Эритротсит.
С) Лейкотсит.
Д) Об.
Е) Ҳеҷ чиз.
17. Набудани чӣ барои лахташавии хун монеа мегардад?
А) Намакҳо.
В) Оксиген.
С) Карбон.
Д) Об.
Е) Хлор.
18. Вазифаи Лейкотситҳо аз чӣ иборат аст?
А) Хабарӣ.
В) Нақлиётӣ.
С) Муҳофизатӣ.
Д) Огоҳӣ.
Е) Шунавоӣ.
19. Дар раванди лахташавии хун кадом намак нақши муҳим мебозад?
А) Калсий.
В) Калий.
С) Хлор.
Д) Натрий.
Е) Карбон.
20. Вазифаи асосии эротротситҳо:
А) Таъмини ҳамаи ҳуҷайраҳои бадан бо оксиген.
В) Таъмини ҳамаи ҳуҷайраҳои бадан бо хун.
С) Таъмини ҳамаи ҳуҷайраҳои бадан бо об.
Д) Таъмини ҳамаи ҳуҷайраҳои бадан бо ғизо.
Е) Ҳамааш.
21. Даври калони гардиши хуни одам аз кадом қисми дил сар мешавад?
А) Аз даҳлези рост.
В) Аз меъдачаи рост.
С) Аз даҳлези чап.
Д) Аз меъдачаи чап.
Е) Аз венаҳои шуш.
Дил
22. Дил дар организм:
А) Ҳаракати хунро таъмин менамояд.
В) Хунро аз моддаҳои ғизоӣ бой мегардонад.
С) Хунро аз моддаҳои нолозим тоза мекунад.
Д) Оксигенро ба хун ворид менамояд.
Е) Гази карбонатро аз хун берун мекунад.
23. Ҳаракати хунро дар рагҳо чӣ меноманд?
А) Гардиш.
В) Воридшавӣ.
С) Интиқол.
Д) Хориҷшавӣ.
Е) Ҳамроҳшавӣ.
24. Рагҳои хунгард чанд намуд мешаванд?
А) 2. В) 3. С) 4. Д) 5. Е) 0.
25. Халтаи дил кадом вазифаро иҷро мекунад?
А) Бо хун таъмин мекунад ва онро муҳофизат мекунад.
В) Намнокиро нигоҳ медорад, молишхӯриро аз қабурғаҳо кам мекунад, ба дил ғизо медиҳад.
С) Молишхӯриро аз қабурғаҳо кам карда, ба дил оксиген медиҳад.
Д) Дилро дар худ нигоҳ дошта, онро бо об таъмин мекунад.
Е) Гази карбонатро аз дил берун мекунад.
26. Вазифаи меъдачаҳои дил аз чӣ иборат аст?
А) Тела додани хун.
В) Таъмин кардани хун бо ғизо.
С) Тоза намудани хун.
Д) Оксигенро қабул намудан.
Е) Гази карбонатро хориҷ намудан.
27. Кадом намуди мушакҳо кашишхӯрии дилро таъмин менамоянд?
А) Мушаки кӯндаланги скелетӣ.
В) Мушаки кӯндаланграхи дил.
С) Мушаки росткунанда.
Д) Мушаки қадкунанда.
Е) Ҳамааш.
28. Хун дар дил бо чанд намуд системаи сарбаста ҳаракат мекунад?
А) 0. В) 1. С) 2. Д) 3. Е) 4.
29. Кадом намуди асабҳо кори дилро метезонанд?
А) Вегетативӣ.
В) Гумроҳ.
С) Симпатикӣ.
Д) Соматикӣ.
Е) Ҳамааш.
30. Кадом намуди асабҳо фишори хунро суст мекунанд?
А) Вегетативӣ.
В) Гумроҳ.
С) Симпатикӣ.
Д) Соматикӣ.
Е) Ҳамааш.
31. Кадом намак барои тезонидани кори дил ёрӣ мерасонад?
А) Натрий.
В) Калсий.
С) Калий.
Д) Нитрат.
Е) Сулфур.




















