Сиғаи амрӣ (Сигаи амри, грамматикаи забони точики)

Сиғаи амрӣ (Сигаи амри, грамматикаи забони точики)


Сиғаи амрӣ шакли феълиест, ки ба иҷрои амал водор карда, маъноҳои амру фармон, даъвату хоҳишро ифода мекунад. Сиғаи амрӣ ҳамеша бо воситаи шахси дуюми танҳою ҷамъ ифода меёбад: хон, хонед.

Бингар зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул,
Аз хок баромадасту бар хок шуда.
Умари  Хайём

Машқи 399. Байтҳоро ба оҳанги даъвату хитоб хонед ва онҳоро нависед.

Ба гуфтори донандагон роҳ ҷӯй,
Ба гетӣ бипӯю ба ҳар кас бигӯй.

Забону дилат бо хирад рост кун,
Ҳамерон аз он сон ки хоҳӣ сухун.

Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир,
Суханҳои покизаву дилпазир.

Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ
Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.

Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Абулқосим Фирдавсӣ

Луғат:

бипӯй (пӯидан) – бирав, бидав (рафтан, давидан)


Савол ва супориш

  1. Шакли пурра ва дурусти калимаҳои бидравӣ ва бишнавӣ–ро ёбед ва шарҳ диҳед.
  2. Мисраи байти дуюм кадом мақолро ба хотир меорад?

Машқи 400. Аз масдарҳо сиғаи амрӣ созед.

Баромадан, дидан, бархостан, фурӯхтан, хостан, чидан, гирифтан, донистан, навиштан, шунидан, тохтан, ҷустан, дӯхтан, нишастан, доштан, сохтан, савганд хӯрдан, хӯрдан.


Машқи 401. Байтҳоро хонед ва гӯед, ки пешванди шаклсози ме- бо асоси феъл омада, ба кадом сиға далолат мекунад.

Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
То маънии он тамом донӣ.

Мебош табиби исавиҳуш,
Аммо на табиби одамикуш!

Низомии Ганҷавӣ

Чӣ хуш гуфтаст як донои асрор,
Ба гуфтори хуши ӯ гӯш медор!
С. Айнӣ

Қаламо, хизмати синон мекун,
Синаи хасмро нишон мекун.
О. Лутфӣ

 Луғат:

синон – найза


Савол ва супориш

  1. Калимаи гуфтор чӣ хел сохта шудааст?
  2. Муродифи хасм –ро  ёбед.

Машқи 402. Ҷумлаҳоро бодиққат хонед. Шаклу сохти феълҳои фармоишро муайян кунед.

Қоидаҳои муошират бо дигарон

1.Ба муаллимон, волидон ва ҳамсолони худ салом додан ва хайрухуш карданро фаромӯш накун.

2.Хоҳиши худро равшану фаҳмо изҳор намо.

3.Барои ёрию дастгирӣ ташаккур гуфтанро аз хотир набарор.

4.Ба пурсишҳои калонсолон пурра ҷавоб бидеҳ.

5.Ба калонсолону ҳамсолон таваҷҷуҳ ва дилсӯзӣ бикун.

6.Бо дағалию дуруштӣ ва хасисӣ муросокор мабош.

7.Ба шахсони аз худат калон Шумо гуфта муроҷиат карданро ёд гир.

8.Ба калонсолон ҷой бидеҳ, меҳмони ба хона омадаро ба нишастан даъват намо.

9.Ба гуфтугӯи калонсолон ҳамроҳ нашав.

10.Ҳамеша ҳақгӯй, накӯкор, ғамхор ва поквиҷдон бош.


Машқи 403. Шеърро нависед ва аниқ созед, ки шаклҳои феълии он мансуби кадом сиғаҳоянд.

Эй дӯст, биё, дар қадамат зор бигирям,
Ту ханда куну гӯ, ки чӣ миқдор бигирям.
Кас нест, ки тимори маро бар ту расонад,
Бар бекасии хешу ба тимор бигирям.
Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ

Луғат: тимор – ғам, андӯҳ

ҚаблӣЧӣ тавр барномасоз (программист) шавам?
БаъдӣҚоидаҳои муошират бо дигарон (барои наврасон)