Ҷумлаи чидааъзо чист?
Ҷумлае, ки ду ва ё зиёда сараъзо ё аъзои пайрави якхела дорад, ҷумлаи чидааъзо номида мешавад.
Аъзои чида ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунандаи ва, -у, -ю, аммо, вале, лекин, балки, ё, ё … ё, ҳам, ҳам … ҳам, гоҳ … гоҳ, на … на, чи … чи ба ҳамдигар алоқаманд мешаванд.
Агар аъзои чида ба ҳамдигар ғайр аз пайвандакҳои ва, -у, (-ю), бо дигар пайвандакҳо (аммо, вале, лекин) алоқаманд шаванд, дар байни онҳо вергул гузошта мешавад:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре. М.Турсунзода
Чумлаи чидааъзо, чумлахои чидааъзо.