Шаҳри Бобил. Бобул дар аҳди Хамурапи. Қонунҳои Хаммурапи. Иқтибосҳо аз қонунҳои Хаммурапи. Давлати Ошур.
Шаҳри Бобил
Шаҳри Бобул дар соҳили дарёи Фурот бино ёфта, мавқеи ҷуғрофии хеле хуб дошт. Тоҷирон дар заврақҳои калон молҳои мавриди ниёзи мардумро ба Бобул оварда, бо молҳои дигар иваз мекарданд. Роҳҳои асосии тиҷоратӣ аз Бобул мегузаштанд. Бо ин роҳҳо корвонҳои пурбор рафтуо мекарданд.
Бобул шаҳри калонтарини тиҷоратии Байнаннаҳрайн ва шоҳиг арии Бобул буд. Он дар ҳазорсолаи II пеш аз милод яке аз марказҳои асосии тиҷоратии мамлакатҳои Шарқ ба ҳисоб мерафт. Дар маркази шаҳри Бобул бозори болопӯшида ва анборҳои мол, дар канораҳои он бошад, дуконҳои ҳунармандӣ, ҳаммолӣ ва корвонсаройҳо воқеъ гардида буданд.
Бобул дар аҳди Хамурапи
Дар Бобул солҳои 1792-1750 пеш аз милод Хамурапи ном шахси доною оқиле подшоҳ буд. Ӯ тамоми чораҳоро андешид, то ки Бобул ба давлати пуриқтидори ҷаҳон табдил ёбад.

Хаммурапи лашкари сершумори хуб мусаллаҳбударо ташкил намуд. Он вақт дар Бобул ягонагӣ ва муттаҳидӣ дида намешуд. Хаммурапи муборизаи байни шоҳони Байнаннаҳрайнро устокорона истифода бурд. Ӯ бо яке аз онҳо иттифоқ баста, якҷоя мулкҳои ҳарифонашро забт карданд. Баъд Хаммурапи ногаҳон ба иттифоқчии худ ҳуҷум кард. Ҳамин тавр, бо зӯрию зорӣ ва ҳилаю найранг тамоми Байнаннаҳрайнро ба даст дароварда, бо номи Бобил давлати пуриқтидори худро ташкил кард.
Қонунҳои Хаммурапи
Дар замони шоҳ Хаммурапи маҷмӯи қонунҳое тартиб дода шуд, ки иҷрои онҳо барои аҳолии тамоми Бобул ҳатмӣ буд, яъне мардуми ин сарзамин дар назди қонун баробар шуданд. Мувофиқи ин қонунҳо баҳсу мунозира ва низоъҳои байни аҳолӣ ҳаллу фасл гардида, вайронкунандагони фармоиши подшоҳ ба суд кашида мешуданд. Қонунҳои Хаммурапи барои ҳар як гуноҳ, кирдор ва ҷиноят ҷазои муайян ва қатъӣ муқаррар карда буданд. Онҳо ҳаёти ҷамъияти Бобулро ба низом медароварданд.

Дар аввалҳои асри XX бостоншиносон аз Бобул сутуни аз санги сиёҳ тарошидашудаеро ёфтанд, ки аз қади одам каме баландтар буд. Дар он қонунҳои Хаммурапи кандакорӣ шуда, дар қисмати қуллаи он худи шоҳ тасвир ёфта буд.
Иқтибосҳо аз қонунҳои Хаммурапи
«Ман Хаммурапи, пешвое, ки худоҳо таъйин кардаанд, шоҳи шоҳон, ки деҳаҳои гирду атрофи Фуротро забт кардаам, дар мамлакат ҳақиқат ва адолат ҷорӣ намудам ва халқро хушбахт гардондам.
Ҳар гоҳ писаре падари худро бизанад, дасташ қатъ мешавад. Ҳар гоҳ табибе озодмардеро, ки сахт захмӣ шудааст, бо дастонаш бикушад, дастонаш бурида мешаванд.
Ҳар гоҳ меъморе барои ғайр хона бисозад, ки бунёдаш чунонки бояд маҳкам набошад, агар хона хароб шавад ва соҳиби хонаро зер бигирад, меъмор қатл мешавад. Ва агар писари соҳибхонаро зер бигирад, писари меъмор қатл мешавад. Ва агар асосулбайт талаф шавад, меъмор вазифадор аст, ки қимати хароҷоташро бипардозад ва хонаро бо харҷи худ бисозад.
Соҳибмансаб ва сарбозе, ки ба лашкар даъват шаваду наравад ва ё дигареро ба ҷойи худ бифиристад, маҳкум ба марг мешавад. Ва хонаи ӯ ба касе дода мешавад, ки ҷойи ӯро дар лашкар бигирад. Агар шахсе ба рӯйи шахси ба худаш баробар занад, бояд ҷарима диҳад.
Писароне, ки аз занони ғайриникоҳӣ таваллуд шудаанд ва баъд падарашон онҳоро ба авлодӣ шинохтаанд, бо авлоде, ки аз занони никоҳӣ таваллуд шудаанд, ҳаққи баробар ба мерос доранд.
Писароне, ки бо таваллуди шинохта нашудаанд, фақат озод мешаванд.
Духтаре, ки аз зани ғайриникоҳӣ аст, аз бародарони худ ҷиҳоз мегирад».
Давлати Ошур
Давлати Ошур дар ҳазорсолаи III пеш аз милод дар болооби дарёи Даҷла ташкил ёфтааст. Он дар натиҷаи ҳуҷумҳои истилоъгаронаи давлатҳои гуногун – Сумер, Аккад, Бобул ва давлатҳои дигар борҳо истиқлолияти худро аз даст додааст. Танҳо дар асри XIII пеш аз милод дар давраи ҳукмронии Адад Нирари ва Саламанасари I иқтидори давлати Ошур афзуда, минбаъд худро аз ҳуҷумҳои ҳамсояи шимолӣ – Урарту муҳофизат карда метавонист. Саламанасари I ба Ғарб ва Ҷануб якчанд маротиба бомуваффақият лашкар кашида, ҳудудҳои мамлакатро васеъ кард.

Давлати Ошур дар асри IX пеш аз милод ба пешравии назаррас ноил мешавад. Шоҳ Ашурназирпалии II дар пешрафти ҳарбӣ, хоҷагӣ, шаҳрсозӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва косибии Ошур саҳми бузург гузоштааст. Дар мамлакат ҷӯйҳо, роҳҳо ва шаҳрҳои нави ободу зебо пайдо шуданд ва савдо ривоҷу равнақ ёфт. Ба Ашӯрназирпалии II муяссар шуд, ки давлати Ошурро аз ҳамлаи аҷнабиён муҳофизат кунад ва чандин маротиба бар зидди рақибони худ бомуваффақият лашкар кашад. Ӯ қабилаҳои арамеиро ба давлати худ тобеъ кунонд ва онҳоро маҷбур кард, ки андоз супоранд. Шоҳҳои Ошур ба мусаллаҳ кардани лашкар рағбати зиёд доштанд. Дар давоми ҳукмронии Тиглатпласари III ва Саргони II дар сохтори лашкар дигаргуниҳои калоне ба амал омаданд. Лашкари мусаллаҳ ва пуриқтидор ташкил карда шуд.
Шоҳҳои Ошур ҳудудҳои давлати худро боз ҳам васеътар карда, Ошурро ба империяи пуриқтидор табдил доданд.
Асосгузори империяи Ошур Тиглатпласари III мебошад. Ӯ тавонист, ки рақиби пурзӯртарини давлати Ошур – Урартуро шикаст бидиҳад. Тиглатпласари III ҳудудҳои давлати худро то соҳилҳои баҳри Миёназамин васеъ кард.
Саргони II соли 722 пеш аз милод дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ ба сари ҳокимият омад. Ӯ лашкаркашиҳои Тиглатпласари III-ро давом дод. Ба Сурия ҳуҷум кард, то ки дар он ҷо шӯришҳои бар зидди Ошур сарзадаро пахш кунад. Сипас ӯ забткориро дар он самт давом дод. Дере нагузашта, лашкари Исроилро торумор карда, 25 ҳазор низомиёнашро асир гирифт. Саргони II ҳудудҳои давлати худро то ба Миср ва нимҷазираи Арабистон васеъ кард.
Ҷангҳои дуру дароз ва шӯришҳои халқҳои тобеъ иқтидори давлати Ошурро заиф карданд ва охирҳои асри VII пеш аз милод дигар бар зидди ҳуҷумҳои лашкари пурқуввати мусаллаҳи Мод ва Бобил муқобилат карда натавонист ва бо ҳамин империяи Ошур соли 612 пеш аз милод аз байн рафт. Дар муҳорибаи назди Кархемиш дастаҳои охирини артиши Ошурҳо аз тарафи лашкари Мод ва Бобул торумор гардиданд.
Савол ва супоришҳо
- Дар бораи шаҳри Бобул нақл кунед.
- Хамурапи Бобулро чӣ тавр идора мекард?
- Дар бораи қонунҳои Хаммурапи маълумот диҳед.
- Кадом нишондодҳои қонунҳои Хаммурапи ба шумо хуш омаданд?
- Давлати Ошур кай ва дар куҷо таъсис ёфта ва рушду нумӯ кардааст?
- Дар давраи ҳукмронии Ошурназирпалии II кадом соҳаҳои давлатдории Ошур рушд карданд?
- Вазъи давлати Ошурро дар замони ҳукмронии Тиглатпласари III ва Саргони II шарҳ диҳед.
- Империяи Ошур кай ва аз тарафи кадом давлат барҳам дода шуд?