Дониш. Сохтори дониш. Эҳсос. Идрок. Тасаввур

Дониш ин иттилоот дар бораи ягон предмет аст. Бояд қайд намоем, ки чунин таърифи мухтасар хеле назарфиреб аст, чунки дар он на ҳамаи хосиятҳои дониш ифода карда шудаанд. Ба таҳлили баҳси файласуфон, ки дар атрофи ин мавзӯъ доман паҳн намудааст, дода нашуда, фақат баъзе иловаҳо ба таърифи мазкурро қайд карда мегузарем.

Дониш, маърифат

А). Дониш ва иттилоот мафҳумҳои айнияноку ҳаммазмун нестанд. Ҳар кадом дониш иттилоот аст, вале на ҳар кадом иттилоот дониш аст. Дониш фақат дар шуур вуҷуд дорад, дар ҳолате, ки иттилоот ба низомҳои табиии бешуур низ хос буда метавонад. Аслан ҳар кадом иттилоот имкони ба дониш табдилшавӣ дорад, вале барои ин вай бояд факти шуури мо гардад, яъне аз ҷониби субъект қабул ва дониста шавад. Дониш ин на ҳамаи иттилоот, ки субъект гирифтааст, балки фақат қисме аз он, ки субъект азбар кардааст ва фаҳмидааст. Ҳамин тавр, дониш – иттилоотест, ки субъект дар борааш фикрронӣ карда, сарфаҳм рафтааст.

Б). Дониш ҳамеша ягон тасдиқот аст, ҳарчанд, ки дар шакли гуфторҳои тасдиқӣ ва инкорӣ ифода шуда метавонад. Инҷо дониш – тасдиқот дар бораи будан ё набудани ягон хосияти предмет.

 В). Ҳар кадом дониш дар худ заминаи объективӣ будани худро дорад. Донишро аслан на хоҳиш, кайфият ва хусусиятҳои субъективии инсон, балки хосиятҳои объект муйян менамояд. Бояд қайд намуд, ки баъзе донишҳоро ҳамчун ақида баррасӣ менамоянд ва аз ин лиҳоз, чунин донишҳо аз унсурҳои субъективӣ озод буда наметавонанд.

Г). Дониш метавонад ҳақ ё дурӯғ бошад. Ба маҷмӯи донишҳо на танҳо тасдиқоти асоснокшуда ва санҷидашаванда, инчунин тасдиқоти асоснокнашуда, санҷиданашуда, ақидаҳои ба эътиқод такядошта, тахайюлот дохил шуда метавонанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Донишро доир ба воқеияти объективӣ ҳар як инсон дар давоми ҳаёташ бо тарзҳои гуногун дастрас менамояд. Баъзеи донишҳоро мо ҳангоми муошират, шунидан, мутолиа кардан азбар менамоем, ки қабл аз насли мо одамони дигар ин донишҳоро ҳосил намудаанд. Баъзеи донишҳоро худи мо коркард менамоем, агарчи дар аксари ҳолатҳо ин донишҳо барои ҷомеа қаблан маълум буданд. Вале, дар ниҳояти кор, ҳар кадом донишҳои инсонӣ дар ягон замони муайян ва аз ҷониби ягон фарди мушаххас аввалин маротиба дар фаъолияти маърифатии мустақилонааш дастрас карда шудааст.

Донишҳои муқаррарӣ, образӣ-бадеӣ, асотирӣ, динӣ, фалсафӣ ва илмиро ҷудо кардан мумкин аст. Фаъолияти маърифатии одамонро таҳлил намуда, файласуфон ҳанӯз дар давраҳои пешин фарқи ду шакли асосиро муайян кардаанд, ки тавассути онҳо натиҷаи фаъолияти маърифатӣ дар шуур ифода мешавад: 1) образҳои аёнӣ ва 2) фикри абстрактӣ. Дар мазмуни образҳои аёнӣ хосиятҳои мушаххас, фардии предметҳо ба қайд гирифта мешанд, ки ба дарки ҳиссӣ дастрас аст. Дар муносибати фазоӣ-вақтӣ образи аёнӣ ба худи предмет монандӣ дорад. Мазмуни фикри абстрактӣ бошад, нишонаю аломатҳои умумии предметро ифода мекунад, ки ҷудо аз хосиятҳои таври ҳиссӣ даркшаванда ва фардии предмет гирифта шудаанд. Албатта, доир ба монандии фазоӣ-вақтии фикр ва предмет ҳарф задан беҷою муҳол аст.

Ба ин ду шакли ифодашавии донишҳо ҳамчунин ду раванд мувофиқат доранд, ки дар рафти фаъолияти маърифатии инсон амалӣ мегарданд: 1) маърифати ҳиссӣ – раванди пайдо шудани образҳои аёнӣ ва амалиётгузаронӣ бо онҳо; 2) маърифати зеҳнӣ (ақлӣ) – раванди ташаккулёбӣ ва инкишофӣ фикрҳои абстрактӣ.

Ба шаклҳои маърифати ҳиссӣ се навъи асосии образҳои аёнӣ мансуб мебошанд: эҳсос, идрок, тасаввур.

Эҳсос – инъикоси хосияти алоҳидаи объект, ки ҳангоми таъсир расонидани он ба узвҳои ҳисс пайдо мешавад. Кулли иттилооти ибтидоӣ дар бораи олам ба шуури инсон тавассути эҳсос мерасад. Дуруст аст, ки узвҳои ҳисси инсон на ҳамаи хосиятҳои воқеияти объективиро муайян карда метавонанд. Вале бо истифодаи асбобҳои лозима инсон имкониятҳои табиии хешро васеъ намуда, он чиро ки ӯ бевосита эҳсос карда наметавонад, барои узвҳои ҳисси худ дастрас мегардонад. Аз ин лиҳоз, маҳдудияти имкониятҳои ҳиссиёти мо дар роҳи маърифат кардани олам монеъаи ногузар буда наметавонад.

Идрок – инъикоси нисбатан томи объект, ки ҳангоми таъсири он ба узвҳои ҳис пайдо мешавад. Идрок натиҷаи фаъолияти мураккаби психикӣ мебошад, ки эҳсосҳои гуногунро дар том ҳамҷоя мекунад, яъне дар асоси эҳсосҳо ба вуҷуд меояд. Идрок бо фаҳм алоқамандӣ дорад: ягон объектро идрок карда, инсон шабоҳатнокии онро ба дигар объектҳо дарк мекунад, онро мешиносад ва ба ягон синф ё намуди муайян мансуб медонад. Ба мазмуни идроки инсонӣ манфиатҳо, вазъи кайфиятӣ, хоҳиш, таҷрибанокӣ таъсир расонида метавонанд.

Тасаввур – образи аёнии он объекти идрокшуда, ки алҳол ба узвҳои ҳис таъсир намерасонад. Мазмуни тасаввур дар асоси идрокҳои пешина ташкил мешавад. Нерӯи тасаввуркунӣ ба инсон имкон медиҳад, ки дар ақли худ образҳои нави аз чизҳои дидааш фарқдоштаро офарад. Дар ҳар сурат, маълумотҳои ҳиссии аз идрокҳои пешина гирифташуда маводе мебошанд, ки барои офаридани образи нав зарур аст. Тасаввур нисбати идрок начандон возеҳу равшан аст. Гузашта аз ин, тасаввур бештар хусусияти ҷамъбастиро дорост. Дар ташаккулёбии тасаввур нақши дониш, таҷриба, мақсадгузорӣ, сарфаҳмравӣ меафзояд.

Ҳар як инсон аз таҷрибаи шахсиаш медонад, ки тасаввури дар шуур пайдошуда баъзан тасаввури дигар, сониян сеюмӣ ва ғайраро ба миён меорад. Робитаи байни тасаввуроти алоҳида, ки яке дигареро ба вуҷуд меоварад, ассотсиатсия (аз лот., association – васлнамоӣ томгардонӣ) номида мешавад. Қонуниятҳои психологие мавҷуданд, ки сабабҳои гузариш аз як образ ба дигарашро баён мекунанд. Бештар ассотсиатсияҳо аз рӯи шабоҳатнокӣ, мухолифатнокӣ, қаробатнокӣ (наздикӣ) ба миён меоянд.

Маърифати зеҳнӣ бо воситаи тафаккури мантиқӣ амалӣ мегардад. Тавассути он инсон аз ҳудуди таҷрибаи ҳиссии бевосита берун шуда, имкон пайдо мекунад, ки он чизҳои эҳсоннашаванда, идрокнашаванда ва ҳатто тасаввурнопазирро дониста тавонад. Шаклҳои асосии тафаккури мантиқӣ инҳо мебошанд: мафҳум, ҳукм, хулосабарорӣ.

Дар мафҳумҳо ҳамон фаҳмиши моҳияти предметҳо, ки дар сатҳи муайяни маърифат имконпазир гаштааст, ифода меёбад. Мафҳум – ин фикр, ки тавассути нишон додани ягон нишона предметҳоро аз маҷмӯъ ҷудо менамояд ва ҳамаи предметҳои чунин нишона доштаро дар синф (гурӯҳ) муштарак месозад. Аз нуқтаи назари семантикӣ, ҳар кадом мафҳум ду ҷиҳати муҳим дорад: мазмун ва ҳаҷм. Мазмуни мафҳум – ин нишонаҳое, ки дар он андешида мешаванд. Мафҳумро таъриф дода, ҳатман нишонаҳои муҳими предметро, ки барои фарқ кардани он аз кулли предметҳои дигар зарур ва кифоя аст, бояд нишон дод. Ҳаҷми мафҳум – ин маҷмӯи предметҳое мебошад, ки нишонаи мазкурро доранд. Мафҳумҳои фардӣ (ҳаҷмашон аз як предмет таркиб ёфтааст) ва мафҳумҳои кулл (ҳаҷмашон предметҳои сершуморро дар бар мегирад) фарқ карда мешаванд.

Ҳукм – ин фикр, ки дар ягон предмет ҷой доштани ягон чизро тасдиқ ё инкор мекунад. Ҳукмҳо сода ва мураккаб буда метавонанд. Сохтори ҳукми сода бо формулаи S – P ифода карда мешавад, ки дар ин ҷо Sсубъекти ҳукм – мафҳум дар бораи предмете, ки нисбати он сухан меравад; P предикати ҳукм – мафҳуме, ки тасдиқ ё инкори ягон чизро дар бораи предмет ифода мекунад; бо рамзи «–» бандаки мантиқӣ баён карда шудааст, ки тасдиқӣ ё инкорӣ буда, муносибати байни S ва P-ро ифода мекунад. Аксари ҳукмҳо он донишҳоеро ифода менамоянд, ки вобаста аз мушоҳида дастрас гардидаанд. Аммо қисми зиёди ҳукмҳо, махсусан дар илм, мувофиқи қоидаҳои муайян, дар асоси донишҳои мавҷуда тавассути хулосабарориҳои гуногун бароварда мешаванд.

Хулосабарорӣ – ин муҳокимаронии мантиқӣ, ки тавассути он аз як ё якчанд ҳукм (муқаддима) ҳукми нав (хулоса) бароварда мешавад. Хулосабарориро бо ин намуд ифода мекунанд:

Симоб – моеъ.

Симоб – фулузот.

——————————

Баъзе фулузот – моеъ.

М – Р

М – S

—————Баъзе S – Р

Дар болои хати рост муқаддимаҳо ва дар зери хати рост хулоса навишта мешавад, худи хати рост амали баровардани хулоса аз муқаддимаҳоро ифода мекунад. Дар мисоле, ки аз назар гузаронидем, хулоса аз муқаддимаҳо бо ногузирии мантиқӣ бароварда шуд. Ин тарзи хулосабарории дедуктивӣ мебошад. Дар ҳолати ҳақ будани муқаддимаҳо, хулосабарориҳои дедуктивии дурусти мантиқӣ ҳатман ба хулосаҳои ҳақ мерасонанд. Алҳол дедуксия имкон намедиҳад, ки хулосаи нисбат ба муқаддима умумитаре ҳосил карда шавад.

Хулосабарорие, ки дар он аз ҳукмҳои ҷузъӣ ҳукмҳои умумӣ бароварда мешаванд, хулосабарории индуктивӣ номида мешавад. Мисол меорем:

Симоб ноқил аст.

Тилло ноқил аст.

Мис ноқил аст.

Симоб, тилло, мис – фулузот.

——————————   Ҳамаи фулузот ноқил аст.

S1 – Р

S2 – Р

Sn – Р

S1S2,… Sn– Р

—————

Ҳамаи S – Р

Дар чунин намуди хулосабарориҳо хулоса аз муқаддимаҳо на бо ногузирӣ, балки бо эҳтимолияти зиёд ё кам ҳосил мешавад. Инҷо хулоса ҳатман ҳақ набуда, балки ҳақиқатмонанд аст, лекин он нисбати муқаддимаҳо хусусияти умумитаре дорад. Ҳамин тавр, индуксия имкон медиҳад, ки донишҳои мавҷуда ҷамъбаст карда шаванд, вале хулосаҳои тавассути он ҳосилшуда на ҳамеша эътимодбахш мебошанд.

Вобаста ба масоили маърифат дар таърихи инкишофи афкори фалсафӣ ҷараёнҳои зерин ба вуҷуд омаданд: эмпиризм, ратсионализм, скептитсизм.

Эмпиризм (аз юн., empeiria – таҷриба) талқин мекунад, ки илм бояд ба таҷриба такя намуда, қонунҳои табиатро дар асоси ҷамъбасти хирадии (мантиқии) маълумотҳои таҷрибавӣ муайян намояд. Заифии мавқеи эмпиризм дар он зоҳир мегардад, ки маҳдудияти таҷрибаи инсонӣ ҳукмҳои умумитаринро ба таври эътимодбахш асоснок карда наметавонад. Аз ин бармеояд, ки методҳои эмпирикӣ (таҷрибавӣ) барои илм нокифоя мебошанд: танҳо бо такя ба онҳо, мо назарияҳои илмии дорои қонунро барпо карда наметавонем.

Ратсионализм (аз лот., rationalis – хирадӣ, оқилона) мӯътақид ба он аст, ки илм ба «ҳақиқати хирад» бояд такя намояд, аз мафҳумҳои тавассути хирад ҳосилшуда бо ёрии муҳокимарониҳои мантиқӣ қонунҳоро ба тасвиб расонад. Ратсионализм низ ҳаққонияти ҳукмҳо нисбати қонунҳоро, ки дар соҳаи «тафаккури соф» муайян гардидааст, бе муроҷиат ба маълумоти таҷрибаи ҳиссӣ асоснок карда наметавонад.

Скептитсизм мавқеи махсусро ишғол менамояд: ҷонибдорони ин ҷараёни фалсафӣ на танҳо ба маърифати қонунҳои табиат шакку шубҳа дорад, инчунин ба мавҷудияти ин қонунҳо шубҳа мекунанд.


Дониш чист? Сохтори дониш? . Эхсос чист? Идрок чист? Тасаввур чист?

ҚаблӣМаърифат ҳамчун мавзӯи таҳлили фалсафӣ
БаъдӣҲадс ва эҷодиёт