Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»
- Сабки нигориш ва мазмуни мухтасари достон
- Ғояи асар ва таҳлили нақшҳои асосии достон
- Таҳлили нақшҳои асосии достон
Сабки нигориш ва мазмуни мухтасари достон
Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар асоси далелу бурҳонҳои таърихии замони зиндагии Амир Хусрави Деҳлавӣ иншо гардидааст. Аз ин рӯ онро достони ишқӣ–таърихӣ гуфтан равост. Худи шоир ба қаҳрамонони асосии достон ошноӣ дошт. Албатта, номҳо андак тағйир ёфтаанд. Инчунин, ҳодисоту воқеоти таърихӣ бо обу ранги бадеӣ тасвир ёфта, асарро баркамол гардонидаанд.
Достон дар тӯли солҳои 1315-1316 нигошта шуда, аз 4519 байт иборат мебошад. Амир Хусрав дар эҷоди он ба анъанаи достонсароёни асрҳои пешин содиқ мондааст. Тарзи қофиябандиаш чун маснавиҳои асрҳои гузашта (аа, бб, вв, гг, дд ва ғайра) мебошад. «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф суруда шудааст, ки ба тариқи зайл тақтеъ мешавад:
Ба сӯзи сина ду ёри вафодор
Видои якдигар карданд ночор.
Ма-фо-ӣ-лун ма-фо-ӣ-лун фа-ӯ-лун
V – – – / V – – – / V – – /
V – – – / V – – – / V – – /
Достон аз нигоҳи мазмун мисли достонҳои ишқии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ фоҷиавист. Шоҳзода Муборакшоҳ Хизрхонро ба хотири аз ишқи Дувалронӣ даст накашиданаш ба қатл мерасонад.
Ғайр аз ин достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» ҳамчун анъана аз ҳамду наът оғоз ёфта, пасон ба мадҳи пири рӯҳонии худ Низомиддини Авлиё мегузарад. Боби чоруми достонро Хусрав ба мадҳи Султон Алоуддин мебахшад ва ӯро дар баробари ситоиш намудан ба раиятнавозию додгустарӣ ҳидоят мекунад. Ниҳоят боби панҷуми достон ба сабаби назми китоб бахшида мешавад ва дар ду боби оянда дар бораи султонҳои Деҳлӣ ба тариқи хронологӣ маълумоти таърихӣ додааст.
Баъд аз ин қисмати асосии достон шурӯъ гардидааст. Хусрав ба ин қисмат 14 бобро муносиб донистааст. Дар ҳар як боб, пас аз баёни мазмун, вобаста ба он ҳикояҳои тамсилӣ меорад, ки онҳо барои тақвияти фикри адиб ва амиқтар инъикос гардидани мавзӯъ ва барҷаста баромадани нақшҳои асосӣ хизмат кардаанд. Дар анҷоми достон Хусрав боби алоҳида овардааст, ки дар он дар бораи унвони достон, соли таълифи он, миқдори байтҳои асар ва ниҳоят, дар бораи пирии хеш андешаҳояшро иброз намудааст. Як хусусияти дигари услубии достон боз дар он аст, ки пас аз ҳар як боб аз номи ошиқ ва маъшуқ ғазал оварда мешавад. Ғазалҳо ишқианд. Эҳсосот ва меҳру муҳаббати ду дилдода дар ин ғазалиёт самимӣ ва хеле хушоянд ба қалам дода шудаанд. Вале дар онҳо хусусиятҳои жанрии ғазал, аз қабили матлаъ ва мақтаъ ва тарзи қофиябандии ғазал риоя нагардидаанд. Қофиябандӣ ба тарзи маснавӣ (аа,бб,вв) омадааст.
Ғояи асар ва таҳлили нақшҳои асосии достон
Амир Хусрави Деҳлавӣ, ҳангоме ки достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-ро иншо кард, аллакай шоири машҳур буд. На танҳо дар сарзамини Ҳинд мақому манзалат дошт, балки дар Моваруннаҳру Хуросон ва Эрону Осиёи Сағир шуҳратёр гардида буд. Шоир достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-ро дар айёми пирӣ иншо намуд.
Муроди Хусрав аз эҷоди ин достон чист? Нахуст, достон фоҷиавист. Бидуни ҳалок гардондани қаҳрамони асосӣ – Хизрхон достон пур аз саҳнаҳои ҷангу хунрезист. Ҷанг дар байни султонҳою хокимони Ҳинд барои тоҷу тахт, барои сарвату боигарӣ ба тафсил омадааст. Ҳатто бародарон барои тоҷу тахт якдигарро кӯр карда, оқибат якдигарро қатл намуданд. Хусрав ҳамаи ин ҳодисаҳоро бо чашми худ дида, аз бераҳмии инсон дилхун гардид.
Дигар, дар байни мусулмонҳою ҳиндуҳо муборизаҳои шадид мерафт. Дар ин муборизаҳои мазҳабӣ садҳо ҳазор ҳиндую мусулмон ҷон ба Ҷонофарин медод. Шоир ҳамчун як фарди инсонпарвар ва некхоҳ хост, ки дар байни мазҳабу динҳои дар ин сарзамин вуҷуддошта сулҳу осоиш бошад, инсонҳо, аз ҷумла ҳокимон, султонҳо хуни якдигарро нарезонанд. Дар байни ҳиндую мусулмон тухми нифоқ, бадбинию кудурат накоранд, ошиқи якдигар бошанд.
Барои дилдодагону ошиқон дину оин набояд садди роҳ шавад. Ҳамин тавр, хост бо ин достони худ пеши роҳи ин ҷангу хунрезиҳоро бигирад. Вале чунонки дидем, шоир ноумед гашт. Ишқи поки инсон таҳқир карда шуд ва Хизрхони вафодор дар ишқи ҳиндудухтар Дувалронӣ ҷон дод, ҷамъияти онрӯзаи Ҳинд ислоҳ нагардид ва бадбахтона, то имрӯз ҳам дар сарзамини паҳновари Ҳинд ин дарди ҷонкоҳ шифо наёфтааст. Имрӯз ҳам дар Кашмир дар байни мусулмонҳою ҳиндуҳо мубориза давом дорад, ки мову шумо ба ин падидаи номатлуб шоҳидем.
Аз мазмуни достон чунин бармеояд, ки Хизрхон дар роҳи ишқ устувор мемонаду ҷон медиҳад. Ӯ мусулмонзодааст. Вале Дувалронӣ зинда мемонад, мисли Лайлию Ширин худкушӣ намекунад. Чаро ӯ ба ин амали «анъанавӣ» даст назад? Магар ишқи ӯ нисбати Хизрхон пок, самимӣ ва устувор набуд? Дар ҳалли ин масъала бисёр пажӯҳишгарони ин достон ҳайронанд. Мо ҳам достонро такрор ба такрор хондем. Як далел моро сари ҳамин андеша овард.
Амир Хусрав овардааст, ки чун волидайни Хизрхону Дувалронӣ тӯй мекунанду ду дилдода ба ҳамдигар расиданд, онҳо аз якдигар коми дил ситонданд ва Дувалронӣ дуҷон шуд, яъне ҳомиладор гардид. Ба ҳар ҳол вай фарзанд аст, давоми умр. Фарзанди ба дунёомада аз Хизрхони мусулмон асту аз Дувалронии ҳинду. Ин фарзанд пайванди дилҳост. Оянда тавлид шуда, дилҳоро ба ҳам муттаҳид, муттафиқ мегардонад. Ба ин восита Хусрав хостааст, ки заҳмат ва саъю кӯшиши ӯ дар ин роҳ барабас наравад, оянда суде биёрад ва оянда фарзанди онҳо хешро на мусулмон гӯяду на ҳинду. Ӯ хешро инсон бидонад, инсон бишиносад ва дар оянда поягузори сулҳу салоҳ, ягонагию иттиҳоди дину халқиятҳои сарзамини Ҳиндустон бигардад. Ҳамин аст ҳадафи шоир, муроду мақсади Хусрав аз зинда мондани Дувалронии дар ишқ нокому синабирён.
Хусрав бо ибораи “яке гаштани ду ҷон” омезиши комил, ҷисмониву маънавии ду танеро васф мекунад, ки ояндаи ду миллати мухталиф ҳастанд.Бори дигар ба сурати дигар дар як пайкар таҷҷасум кардани башарро мебинем.
Таҳлили нақшҳои асосии достон
Дар достон нақшҳои Дувалронӣ ва Хизрхон асосӣ буда, қобили таваҷҷуҳанд. Дигар чеҳраҳо мисли модари Хизрхон Офоқбону, падари Хизрхон султон Аловуддин барои кушодани симои ҳақиқии қаҳрамонони асосӣ – Дувалронӣ ва Хизрхон хизмат кардаанд.
Хизрхон ишқи пок дорад ва барои ба мақсад расидан дар ин роҳ устувор аст, саъю талош дорад. Вале мубориз нест. Ба гапи падару модар гӯш медиҳад. Ба ҷуз зорию тавалло, ашк рехтан, нолаи пурсӯз намудан роҳи дигар надорад, ё ҳоҳиши дигар надорад. Барои ӯ давлату сарват, ҷоҳу мансаб ҳеҷ аст. Бинобар ин мегӯяд:
Агарчи давлатамро субҳгоҳ аст,
Вале бе ту ҷаҳон бар ман сиёҳ аст.
В-агар худ ҳаст ганҷе бешуморам,
Баҳои ним ҷав нозат надорам.
Бисёр рафтору кирдори Хизрхон ба Маҷнуни Низомӣ монандӣ дорад. Ҳамоно дар роҳи ишқ устувору мубориз набудан, ба тақдир тан додан онҳоро ба ҳам наздик гардондааст. Масалан, вақте ки Хизрхонро ба духтари тағояш арӯсӣ мекунанд, ӯ ягон муқобилият нишон намедиҳад. Хизрхон дар як мактубаш, дарди дилашро ба тарзи зайл баён кардааст, ки бисёр риққатовар аст:
В-агар ҳамхобае дорам дар оғӯш,
Ба ҷойи соф дурде мекунам нӯш.
Нишинам бо вайу дил дар хаёлат,
Бипӯшам чашму бинам дар ҷамолат.
Дувалронӣ ҳиндудухтари пок ва дар роҳи ишқ устувор тасвир ёфтааст. Ӯ ҳам зоҳиран зебосту ҳам ботинан. Муҳаббати Дувалронӣ нисбати Хизрхон самимӣ ва беолоиш аст. Бо вуҷуди он ки Хизрхон нисбати ӯ хиёнат карда, бо духтари тағояш сар ба болин монд, боз аз гуноҳи Хизрхон мегузарад, боз ҳамроҳи Хизрхон бо амри дил ба зиндон меравад. Лаҳзаҳои дар зиндон будани ин ду дилдода рӯзҳои фаромӯшнашаванда ва ҳаёти хушбахтонаи Дувалронӣ маҳсуб меёфт. Хусрав дар достон ин лаҳзаҳоро бисёр ҷолиб ва шоирона ба қалам додаст:
Даме бо ман нишин, эй ёри дилбанд,
Ки бар рӯйи ту бикшоям даре чанд.
Агар банде ниҳад айём бар ман,
Хушам, к-аз зулфи туст ин дом бар ман.
Дувалронӣ ҳусни расо, ақли воло дорад. Дар роҳи ишқ ба ҳама душвориҳо тоқат мекунад. Умед дорад, ки рӯзе ба мурод мерасад. Ҳамин хисол дар тинати Хизрхон ҳам аст. Вақте ки бародараш Муборакшоҳ ба ӯ амр мекунад, ки маҳбубаатро ба назди ман фирист, то ту аз марг раҳо ёбӣ, Хизрхон мурданро авло медонад аз он, ки аз Дувалронӣ даст бишӯяд.
Дар достон табиати зебои Ҳинд, баҳори нозанин басо шоиста тавсиф ёфтааст. Инсон ҳамчун як олиҳаи зебои ин табиат бо ҳусну ҷамоли худододу расояш бо камоли маҳорат ба қалам дода шудааст. Шоир ақли расо, ишқи поки духтарони ҳиндуро дар симои Дувалронӣ нишон додааст, ҷамъбаст намудааст. Дувалронӣ дар ин пора хешро аз назари хеш, яъне аз назари зан баҳо дода, бо камоли ифтихор мегӯяд:
Ҳанӯзам абрувон муҳкамкамонанд,
Ҳанӯзам ғамзаҳо пайконфишонанд.
Ҳанӯзам наргиси хунрез маст аст,
Ҳанӯзам зулфи кофар бутпараст аст.
Лабам ҳамшираи тунги набот аст,
Рухам ҳамчашмаи оби ҳаёт аст.
Дар достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» нақшҳои манфӣ, аз қабили султон Алоуддин, Муборакшоҳ, Малик Кофур амал кардаанд ва ҳар кадоме дар асар симои хешро дорад ва бо рафтору кирдори худ аз якдигар фарқ мекунанд. Масалан, султон Алоуддин шахси таърихист ва Амир Хусрав реалистона ва ҳаққонӣ амалиёти ӯро дар достон нишон додааст.
Султон Алоуддин ҳамчун шоҳи кишваркушо, ғосиб, зулмпарвар ва бераҳм ба қалам дода шудаст. Барои ӯ давлату сарват муҳим аст. Инсон, аз ҷумла зану фарзанд ҳам арзише надоранд. Ӯ ба муқобили падар ва фарзандонаш ҷангид ва чашмони Хизрхонро кӯр кард. Дар бераҳмӣ, разолату қабоҳат писари султон Алоуддин аз падар камӣ надорад, балки ҳазор бор бадтар аст. Ҳангоме ки ӯ ба сари кудрат меояд, нахуст бародарон ва хешовандони худро ба қатл мерасонад. Чунонки дар боло ишорат рафт, ӯ Хизрхонро низ кушт, то ки ба маҳбубаи ӯ соҳиб шавад.
Нависанда саъю талош варзидааст, ки нақши модарро дар ин достон ба тарзи динамикӣ инъикос намояд. Масалан, дар оғози достон модари Хизрхон Офоқбону ҳамчун як зани ба расму русум ва дину оини мусулмонӣ муътақид нахост, ки писараш Хизрхон бо ҳиндудухтар ақди никоҳ бандад. Вале оҳиста-оҳиста камбудии хешро фаҳмида, ислоҳ мешавад ва фарзанди худро ба мурод мерасонад. Албатта, дар ин маврид Хусрав нақши модарро муассир нишон дода, дар симои Офоқбону онро ҷамъбаст намудааст. Яъне, дар анҷоми достон нақши Офоқбону ҷанбаи мусбӣ гирифтааст.
Хулоса, достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар адабиёти тоҷику форс, чунонки дидем, тозагиҳои зиёд дорад. Дар либоси бадеият, нишон додани ҳодисоту воқеоти замон ва ба ин восита нишон додани камбудию нуқсонҳои ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Амир Хусрав буд ва метавон бо як боварии том гуфт, ки тири адиб ба нишон расид.
| Мавзӯҳои вобаста |


















