Амир Хусрави Деҳлавӣ (зиндагиномаи Амир Хусрави Дехлави)

Зиндагиномаи / ҳаёт ва фаъолияти Амир Хусрави Деҳлавӣ  (1253 – 1325). Хаёт ва фаъолияти Амир Хусрави Дехлави.


Рӯзгори Амир Хусрав

Амир Хусрави Деҳлавӣ / Амир Хусрави Дехлави
Амир Хусрави Деҳлавӣ

Волидайни Амир Хусрав дар Шаҳри Сабз рӯзгори бофароғат доштанд. Вале рӯзгори ононро омад-омади Чингизиёни хунхор нороҳат кард. Падари Хусрав марди майдон ва шахси бовиқоре буд ва дар қатори ҳазорҳо мардум аз ин тундбоди шум зору нолон ватанро тарк намуда, ҷониби Ҳинд роҳ пеш гирифтанд.

Ҳамин тавр, Сайфиддин Маҳмуд – падари Хусрав дар дарбори султонҳои Деҳлӣ ба хизмат пардохт ва дар шаҳрчаи Патёлаи наздики Деҳлӣ макони зист ихтиёр кард.

Соли 1253 дар ҳамин шаҳрча Амир Хусрав чашм ба ҷаҳон бикшод. Аммо хурсандии ин оила дер давом накард. Панҷаи хуношоми Чингизиён диёри биҳиштосои Ҳиндро низ панҷа бизад ва боз ҷангҳои хунин саросари ин кишварро ноором гардонид. Султонҳои Ҳинд барои истиқлолу озодӣ ба по хестанд ва алайҳи душмани ғаддор миён бастанд. Падари Хусрав Сайфиддини Маҳмуд, ки марди сипоҳӣ буд, дар ин набардҳо алайҳи чингизиён сахт биҷангид ва далерию шуҷоат нишон дод. Вале дар яке аз муҳорибаҳои сахттарин дар назди шаҳри Деҳлӣ аз дасти шамшери ҷонситони муғул ҷон бидод. Он вақт Хусрав нав ба 8 қадам монда буд.

Ин ҳодисаи нохуш рӯзгори ғарибонаи ин оиларо боз ғамангезтар ва нохуштар гардонд. Хусрав аз худ калон чор бародари дигар бо номҳои Иззуддин, Алишоҳ, Тоҷуддин ва Зоҳид дошт. Таъмин кардани рӯзгор барояшон осон набуд. Ба ҳамин маънӣ баъдтар Хусрав он рӯзгоронро ёд карда мегӯяд:

Сайф аз сарам бирафту дили ман дуним монд,
Дарёи ман равон шуду дурри ятим монд.

Аммо хушбахтона, бобои Хусрав аз тарафи модар Имодулмулк ба имдодашон бирасид ва аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ ба аҳли хонавода дасти ёрӣ дароз кард. Хусрав тавонист дар зери қаноти бобои хайрандешаш Имодулмулк пайраҳаи илму донишро тай кунад. Хусрав некиҳои бобояшро тамоми умр фаромӯш накард.

Ҳамин тавр, дар пеши донишмандон ва уламои соҳибном илмҳои маъмули онвақтаро омӯхт ва аз бар намуд. Махсусан дар илми шеъру мусиқӣ бемисл гашт ва дар айёми хурдсолӣ устодони ин фанҳо имтиҳонаш бикарданд

Гузашта аз ин, Хусрав пайваста эҷодиёти шоирони пешин, девонҳои шуарои мутааххиринро меомӯхту аз бар менамуд. Ба ин восита истеъдоди модарзодиашро сайқал медод. Ҳамаи ин натиҷаҳои дилхоҳ дод. Овозаи камолаш ба гӯши султонҳои Ҳинд расид ва ӯро ба дарбор даъват намуданд. Соли 1273, ки он вақт танҳо аз бист баҳори рӯзгораш бархӯрдор гардида буд, по ба дарбори Чаҳҷу гузошт. Ду сол дар ин даргоҳ надими хоccаи султон гардид. Боре амакбачаи Чаҳҷу Буғрохон – ҳокими Мултон меҳмони Чаҳҷу гардид ва бо Хусрав суҳбат намуд. Барояш суҳбат басо самимӣ буду хушаш омад ва фармуд, ки ба Хусрав туҳфаҳои лоиқ бидиҳанд ва пасон ӯро ба дарбори хеш – ба Мултон даъват намуд. Ин рафтору кирдори Буғрохон ба Чаҳҷу бисёр сахт расид. Нахуст ба рафтанаш иҷозат надод ва сониян аз пайи нест кардани Хусрав гардид. Хусрав нияти Чаҳҷуро фаҳмид. «Чанд рӯзе бигзашт, гузаштаҳо ҳанӯз аз хотираш нарафта буд. Хост, ки маро нишони бало созад. Бинобар ин роҳи Сомонияро пеш гирифтам» – менависад Хусрав.

Пас аз муддате шоир аз Сомония боз ба Деҳлӣ бозмегардад ва ба дарбори Ғиёсиддини Балабон ба хизмат мепардозад. Вале дере нагузашта, писари Ғиёсиддин Муҳаммадсултон, ки дар Мултон ҳоким буд, аз падар илтимос мекунад, ки Хусравро ба наздаш ба Мултон бифиристад. Хусрав ба Мултон меояд ва дар ҳамин ҷо ба Ҳасани Деҳлавӣ вохӯрда, риштаи дӯстӣ мебанданд. Ин дӯстии ду шоири тавоно то поёни рӯзгорашон гусаста намегардад. Вале ин суҳбатҳо, нишоту базмҳои ошиқонаю орифона, маҷлисҳои шеъру суруд, дар назди ин шоҳзодаи шеърдӯсту шоирпарвар Муҳаммадсултон дер давом накард. Соли 1286 лашкари муғул ба Мултон ҳуҷум карда, мулкро хароб гардонид. Дар ин ҷанг Муҳаммад ба қатл расид. Хусрав ва Ҳасан бошанд, асири лашкари муғул гардиданд. Муддате нагузашта, онҳо аз асирии муғулҳо раҳо ёфтанд.

Хусрав чун аз асирӣ раҳо ёфт, боз ба назди пайвандон ва назди модари меҳрубонаш ба Патёлӣ омад ва аз дидори модари меҳрубон шод гардид.

Амир Хусрав чанд муддат бо модару фарзандон дами беғам бизад. Аз суҳбати дӯстону дидори ёрони меҳрубон шоду мамнун буд. Бештар ба корҳои эҷодӣ банд гардид. Достонҳои таърихиашро дар ҳамин давра иншо кард. Модараш Давлатноз дар паҳлуяш буду бо суханони модарона илҳомаш мебахшид. Вале ҳар чиз аввалу анҷом дорад ва умри инсон ҳам. Давлатноз соли 1299 болои дастони фарзанди мушфиқу меҳрубонаш Хусрав ҷон дод. Аз марги модар шоир ҷомаи мотам пӯшид ва дидагонаш ашкборон гардид. Хусрав ин сӯзу гудоз ва ин дарду алами хешро дар достони «Маҷнун ва Лайлӣ» баён намудааст.

Оре, модар модар аст. Хусрав ҳам аз марги шахси азизаш дили пурғам ва чашми пурнам дошт.

Амир Аловуддин (1296-1316) Хусравро боз ба дарбор даъват менамояд. Азбаски шеърдӯсту шоирпарвар набуд, ба Хусрав чандон аҳамият надод. Аловуддин танҳо барои нишон додани салобати давлати хеш уламою удаборо гирд оварда буд, вале онон наметавонистанд, ки дарборро ба ихтиёри худ тарк кунанд.

Амир Хусрав бештар аз султон Ҷалолиддини Фирӯзшоҳ некиҳои зиёд дида буд. Ӯро ба мансаб расонид ва ба унвони ифтихории амирӣ сазовор гардонид. Амир Хусрав подоши некиҳои ӯро хеле хуб ёд кардааст:

Чунин бахшише, к-аз ту ҳам ёфтам,
Зи шоҳони пешина кам ёфтам.

Амир Хусрави Деҳлавӣ фарзандони зиёд дошт.

Амир Хусрав дар ҷо-ҷойи асарҳояш аз фарзандонаш ёд кардааст. Масалан, ду духтар – Афифа ва Мастура, писаронаш Масъуд, Хизр, Рукнуддин, Айнуддин, Малик Аҳмад ва Муҳаммад – ҳамагӣ 8 нафар фарзанд доштааст. Малик Аҳмад марди фозил ва орифу шоири намоёни замони худ мегардад.

Ҳамин тавр, Амир Хусрави Деҳлавӣ дар синни 72-солагӣ 27 сентябри соли 1325 дар шаҳри Деҳлӣ вафот мекунад. Ҷасади шоирро дар паҳлуи пири рӯҳонияш Низомуддини Авлиё ба хок месупоранд.

Мавзӯҳои вобаста

Савол ва супориш

  1. Давраи тифлӣ ва ҷавонии Амир Хусрав чӣ хел гузашт?
  2. Чӣ мусибат ба сари хонаводаи Хусрав омад?
  3. Чаро аз Хусрави ҳаштсола бузургон имтиҳон гирифтанд?
  4. Ба дарбори султони Ҳинд ба чӣ хотир шоирро даъват намуданд?
  5. Дар дарбор шоир ба кадом корҳо машғул буд?
  6. Хусрав дар бораи модари хеш чӣ гуфтааст?
  7. Чаро шоирро Деҳлавӣ мегӯянд? Оё ин ба ҳақиқат рост меояд?
  8. Дар бораи миқдори абёти худ Хусрав чӣ мегӯяд?
  9. Хусрав аз кадом ҷиҳат ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ пайравӣ намуд?
  10. Достонҳои дар мавзӯъҳои таърихӣ иншокардаи шоир дорои кадом хусусиятҳо ҳастанд?
  11. Мавзӯи қасидаҳои Хусравро гӯед.
  12. Онҳо аз қасидаҳои Саъдӣ фарқ доранд?
  13. Ҷомӣ ба кадом қасидаи Амир Хусрав ҷавоб гуфтааст?
  14. Мавзӯъҳои ғазалиёти шоирро гӯед ва бо мисолҳо фаҳмонед.
  15. Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» бо кадом хусусиятҳояш аз достонҳои ишқии шоирони гузашта фарқ карда меистад?
  16. Мақсади Хусрав аз эҷоди ин достон дар чист?
  17. Амир Хусрав нисбати дину мазҳабҳо чӣ андеша дошт?
  18. Чаро Хусрави Деҳлавиро Амир Хусрав мегӯянд?
  19. Ин унвонро кай ва кадом султони Ҳинд ба ӯ дод?
  20. Таъсири эҷодиёти Хусравро ба адабиёти пасини форсу тоҷик дар чӣ мебинед?
ҚаблӣМақом ва шуҳрати Мавлоно дар асрҳои баъдина
БаъдӣМероси адабии Амир Хусрави Дехлави