Мазмун ва мундариҷаи ғоявии ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ

Мазмун ва мундариҷаи ғоявии ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ. Мазмун ва мундаричаи гоявии газалиёти Амир Хусрави Дехлави.


Мусаллам аст, ки то асри XIV доираи мавзӯъоти ғазал маҳдуд буд. Асосан дар ин жанр мавзӯи ишқу ошиқӣ, тавсифи табиат, маю мутриб, истиғнои маъшуқ, нолаю шевани ошиқ мақоми шоиста дошт. Амир Хусрав ҳам дар ғазалиёти хеш ҳамин мавзӯъотро интихоб карда буд. Муҳимаш ҳамин буд, ки ғазалиёти шоир бо сабки сода эҷод шуда, дар онҳо фасоҳату балоғати сухан, самимият ва оҳангнокии ғазалиёт ба дараҷаи камол расиданд. Метавон таъкид намуд, ки дар сурудани ғазал ба Саъдии Шерозӣ пайравӣ карда, ӯро пири хеш медонад ва бо ифтихор мегӯяд:

Хусрави сармаст андар соғари маънӣ бирехт
Шира аз хумхонаи мастӣ, ки дар Шероз буд.

Дуруст аст, ки Хусрав бо Саъдӣ ҳамзамон буданд. Вале Саъдӣ аз Хусрав солортар маҳсуб меёфт. Агар Саъдӣ соли 1292 аз дунё гузашта бошад, Хусрав соли 1325 вафот кардааст, яъне 33 сол баъдтар. Хусрав аз эҷодиёти Саъдӣ вуқуфи комил дошт. Ба ҳар ҳол ин ду бузургвор ба якдигар ғоибона шинос буданд ва якдигарро эҳтиром мекарданду аз эҷодиёти якдигар огоҳ буданд. Бахусус Хусрав асарҳои назмию насрии Саъдиро хонда, аз онҳо баҳра бардошта ба ғазалиёташ пайравӣ кардааст. Ҳамон ширинӣ ва содагии ғазалиёти Саъдиро дар ғазалиёти Хусрав метавон ба хубӣ мушоҳида кард. Дар байте, ки дар боло ёд шуд, Хусрав таъкид менамояд, ки аз маънии ғазалиёти Саъдӣ маст шуд ва маҳз аз хумхонаи мастӣ, ки дар Шероз буд, шираашро бигрифт Ҳамин тавр, сарчашмаи илҳом ва мазмунофарии Амир Хусрав асосан ғазалиёти шӯрангезу оламгири Саъдии Шерозист.

Ғазалиёти Амир Хусрав мисли ғазалиёти Саъдӣ ба эҷодиёти асрҳои пасин, аз ҷумла XV ва XVI таъсири калон расонданд. Масалан, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар асари ёддоштиаш «Бадоеъул-вақоеъ» базму нишотҳои аҳли фазлу адабро, ки дар ҳузури амирону шоҳон, вазирону ҳокимон баргузор мегардиданд, тавсиф намуда, ёд мекунад, ки аҳли нишот ба ғазалиёти Саъдию Амир Хусрав, Мавлоною Ҳофизи Шерозӣ бештар таваҷҷуҳ доштанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амир Хусрав дар ғазали «Дил ҷавон ҳанӯз» айёми ҷавониашро дар поёни умраш ёд карда, таъкид менамояд, ки ҳанӯз ёди бутон аз ёд нарафта, ҳанӯз дар банди зулфи ёр гирифтор аст. Агар сад таънаю маломат аз халқ шунавам ва нафринам кунанд, парвое надорам:

  1. Тан пир гашту орзуи дил ҷавон ҳанӯз,
    Дил хун шуду ҳадиси бутон бар забон ҳанӯз.
  2. Умрам ба охир омаду рӯзам ба шаб расид,
    Мастию бутпарастии ман ҳамчунон ҳанӯз.
  3. Оҳанг карда сӯйи бурун ҷони гумраҳам,
    Кофирдилони ҳусн дар он сӯзи ҷон ҳанӯз.
  4. Олам тамом пур зи шаҳидони фитна гашт,
    Турки маро хаданги бало дар камон ҳанӯз.
  5. Бедор монд шаб ҳама халқ аз нафири ман,
    В-он чашми ниммаст ба хоби гарон ҳанӯз.
  6. Ҳар дам карашмаҳои вай афзуну он гаҳе
    Хусрав зи банди ӯ ба умеди амон ҳанӯз.

Шоир дар ин ғазал ишқи поки инсонӣ, ишқи заминиро ёд кардаасту тавсиф ҳам. Дар байти аввал пирию ҷавонии умр ба ҳам муқобил гузошта шудаанд ва адиб аз санъати тазоду муқобила бамаврид истифода бурдааст ва дар байти дуюм рӯзу шаб тазоди якдигар омадаанд ва ҳамон фикри болоро қудрат бахшидаанд. Дар байти сеюм дар зимни ибрози «кофирдилон» шоир рақибони хеш, яъне ағёрро мазаммат менамояд. Дар ин маврид санъати киноя ва истиора (кофирдилон – ағёр) мақсади қаҳрамони лирикиро хеле ба ҷо инъикос намудаанд. Ҳамин тавр, ғазали «Ҳанӯз» шоирона, дар айёми пиронсолагии Амир Хусрав иншо шуда, маънӣ бо анвои санъати воло ифшо гардидааст.

Бештари ғазалиёти Хусрав ирфонӣ буда, дар онҳо ишқи илоҳиро ситудааст. Ҳатто дар достонҳои «Хамса» ҷо-ҷо ғазал овардааст. Яъне як тозагие дар сабку услуби достоннигорӣ ворид намудааст ва адибони асрҳои оянда ин сабку услубро инкишоф додаанд.

Мавзӯҳои вобаста

ҚаблӣДостони «Дувалронӣ ва Хизрхон»
БаъдӣМақоми қасида дар девонҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ