Рубоиёти Хокони

Дар ин саҳифа рубоиёти Хокони оварда мешаванд. Аз рубоиёти Хоқонӣ >>

Эй дӯст, ғами ту сар ба сар сӯхт маро,
Чун шамъ ба базми дард афрӯхт маро.
Ман гиряву сӯзи дил намедонистам,
Устод тағофули ту омӯхт маро.

Ғам кард риёзи ҷон маҳу соли маро,
Оина надорад дили бадҳоли маро.
Сайёд зи баски дӯстам медорад,
Бастаст дар оғӯши қафас боли маро!

Эй гавҳари гумбуда, куҷо ҷӯемат?
Пойобила дар кӯйи бало ҷӯемат?
Аз ҳар даҳане ягон-ягон пурсемат?
В-аз ҳар ватане ҷудо-ҷудо ҷӯемат?!

Имшаб шаби он нест, ки дар хона раванд,
В-аз ёри ягона сӯи бегона раванд.
Имшаб шаби онаст, ки ҷонҳои азиз
Дар оташи иштиёқ мастона раванд!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Эй рӯи туро ранг чу гулнор, махусп,
В-эй лаъли лабони ту шакарбор, махусп.
Эй наргиси пурхумори хунхор, махусп,
Имшаб шаби ишратаст, зинҳор махусп!

Рубоиёт аз устод Рустами Ваҳҳоб

ҚаблӣРубоиёт аз Сайфиддини Бохарзӣ
БаъдӣРубоиёти Айнулқузот