Феълҳои асосӣ дар замони гузашта

Акнун феълҳои асосии забони англисиро дар замони гузаштаи наздик яъне “The past indefinite tense” аз назар мегузаронем. Ҳангоми омухтани замони “ҳозира-оянда” ва замони “ҳозираи давомдор” шумо бо як силсила феълҳои асосӣ шинос шудед. Дар замони гузаштаи наздик феълҳои асосӣ ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: феълҳои дуруст ва феълҳои нодуруст.

Феълҳои дуруст аксарияти феълҳои асосиро ташкил мекунанд. Онҳоро барои он феълҳои дуруст меноманд, ки ҳангоми ба замони гузашта ворид шуданашон аз рӯи қоидаи муайян амал мекунанд. Дар замони гузашта феълҳои дуруст ба худ бандаки “ed” қабул мекунанд. Муқоиса кунед:

I work – Ман кор мекунам.

I worked – Ман кор кардам.

I play – Ман бозӣ мекунам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

I played – Ман бозӣ кардам.

I help – Ман ёрӣ мерасонам.

I helped – Ман ёрӣ кардам.


Феълҳо дар замони гузаштаи наздик аз рӯи шахсу шумора тағйир намеёбанд, яъне барои ҳамаи шахсҳо як хел истифода мешаванд.

I wanted – Ман хостам.

We wanted – Мо хостем.

You wanted -Ty хостӣ.

You wanted – Шумо хостед.

Не wanted – Ӯ хост.

They wanted – Онҳо хостанд.

She wanted – Ӯ хост.

It wanted – Вай хост.

Акнун якчанд ҷумлаҳо месозем:

The children washed their hands. – Бачаҳо дастонашонро шустанд.

Munira baked a big cake. – Мунира торти калон пухт.

My sister cleaned our flat. – Хоҳарам хонаамонро рубучин кард.


Қоидаҳои имлои бандаки “ed”

Бандаки “ed” бо қоидаҳои зерин дар охири феълҳо меояд:

  1. Агар феълҳо босадоноки “е” ба охир расанд, бандаки “ed” дар шакли “d” ҳамроҳ карда мешавад.

Live – lived, smile – smiled, like – liked, bake – baked.

  1. Агар феъл бо ҳамсадо ба охир расад ва ҳарфи пеш аз охирин садоноки кутоҳ бошад, ҳамсадои охирин ду бор навишта мешавад.

stop – stopped, plan – planned.

  1. Агар феъл бо садоноки “у” тамом шавад ва ҳарфи пеш аз охирин ҳамсадо бошад, пеш аз ҳамроҳ шудани бандаки “ed” садоноки “у” ба садоноки “i” иваз карда мешавад:

study – studied, carry – carried.

Бандаки “ed” бо қоидаҳои зерин талаффуз мешавад:

  1. Агар феълҳо бо овозҳои “d” ва “t” тамом шуда бошанд, бандаки “ed” пурра, яъне “ид” талаффуз мешавад:

want – wanted [вонтид] mind – minded [майндид]

  1. Пас аз овозҳои ҳамсадои бечаранги “k”, “р”, “s” бандаки “ed” [т] талаффуз мешавад:

work- worked [вукт] help – helped [ҳелпт] pass – passed [паст]

  1. Дар ҳамаи ҳолатҳои боқимонда бошад, бандаки “ed” ҳамеша “d” талаффуз мешавад.

live – lived, clean – cleaned


Акнун феълҳои нодурустро аз назар мегузаронем. Аз он сабаб, онҳоро феълҳои нодуруст меноманд, ки онҳо ба замони гузашта на аз рӯи як қоидаи муайян, балки бо роҳҳои гуногун мегузаранд. Мисолҳои зеринро муқоиса кунед:

I drink- Ман менушам.

I bring- Ман меорам.

I drank- Ман нушидам.

I brought- Ман овардам.


Чӣ хеле ки дида истодаед, феълҳои дар боло зикршуда дар замони гузаштаи наздик ба худ бандаки “ed” қабул накардаанд, балки бо роҳҳои гуногун решаашон тағйир ёфтааст.

Акнун якчанд феъли нодурустро дар зер дар замони ҳозира ва гузашта меорем. Диққат диҳед, ки чӣ гуна дар замони гузашта шаклҳои онҳо тағйир меёбад.

Begin – began

Fly – flew

Bite – bit

Give – gave

Buiid – built

Put – put

Buy – bought

Read – read

Catch – caught

See – saw

Eat – ate

Sit – sat


Чӣ хеле ки мушоҳида мекунед, кор бо феълҳои нодуруст як андоза мушкилтар аст. Пеш аз ҳама саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр бояд донист, ки феъл дуруст аст ё нодуруст. Бояд донист, ки шумораи феълҳои нодуруст 200 то мебошад ва ягон қоидаи фарқ кардани онҳо вуҷуд надорад. Аз ин сабаб, дар аксарияти китобҳои таълимии забони англисӣ ва луғатномаҳои забони англисӣ руйхати он феълҳо дар охир ҷой дода шудааст ва ягона роҳи фарқ кардани онҳо ин аст, ки бояд онҳоро аз ёд кунед. Мо низ руйхати аксарияти феълҳои нодурустро дар сомона ҷойгузин хоҳем кард. Акнун бо баъзе аз феълҳои нодуруст дар замони гузаштаи наздик ҷумлаҳо месозем.


We began our work early. Mo корамонро барвақт cap кардем.

They built a new house. Онҳо хонаи нав сохтанд.

His father came from the shop. Падари ӯ аз мағоза омад.

She ate her dinner. Ӯ хуроки нисфирузиашро хурд.

My friend gave me a new watch.  Рафиқам соати наверо ба ман дод.


Гузариш ба мавзӯи “ЗАМОНИ ГУЗАШТАИ НОМУАЙЯН” << 

Рӯйхати мавзӯҳои забони англисӣ дар инҷо >>ЗАБОНИ АНГЛИСӢ


Феълхои асоси дар замони гузашта, дар забони англиси, бо забони  точики, Коидахои имлои бандаки “ed

ҚаблӣФеълҳои модалӣ дар замони гузашта
БаъдӣЗарфҳои замон дар замони гузашта (забони англисӣ)