Методҳои омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ

Ҳар як илм объекти омӯзиши худро тавассути роҳу ва воситаҳои гуногун меомӯзад, ки онҳоро дар илм методи омӯзиши илм меноманд. Истилоҳи «метод» аз калимаи юнонии «методос» – роҳу воситаҳои тадқиқот, назария, таълимот гирифта шудааст. Методҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ гуфта тарзу усулҳои гирифтани донишҳои объективии воқеияти давлатию ҳуқуқиро меноманд, ки аз ҷониби ҳамаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ истифода мегарданд. Усулу воситаҳои гуногуни фаҳмиш дар ҳаёти ҳаррӯза низ истифода гардида, дорои хусусияти эмпирикӣ (амалӣ) буда, низоми мустаҳками худро надошта, муттасил беихтиёрона истифода бурда мешаванд. Дар ҷараёни фаҳмиши илмӣ ба метод талаботҳои махсус пешниҳод карда мешавад. Метод бояд ба сатҳи вазифаҳои фаҳмиши предмети омӯхташаванда ҷавобгӯ бошад. Танҳо тавассути методи сифатан ҷавобгӯ ба гирифтани донишҳои объективӣ оиди воқеият ноил шудан мумкин аст. Аммо барои ин бояд худи методҳо омӯхта шуда, ба талаботҳои ҷараёни фаҳмиш мутобиқ гардонида шаванд. Метод монанди як фонусе аст, ки шахси ланг низ бо он дар роҳ аз шахси бефонус рафта пеш мегузарад.

Таълимот дар бораи методҳо, таснифоти онҳо, истифодаи самаранокии онҳо ва асоснокии назариявии методҳои дар илм истифодашавандаро методология меноманд. Истилоҳи «методология» аз ду калимаи юнонӣ «метод» (роҳи тадқиқот) ва «логос» (илм, таълимот) гирифта шудааст. Методология аз маҷмӯи тамоми донишҳо оиди методҳои фаҳмиши илм иборат аст. Дар зери мафҳуми методология низоми тамоми он методҳое, ки дар омӯзиши илми мушаххас истифода мегарданд, фаҳмида мешавад.

Методологияи фанни таълимии ҳуқуқ – ин самти тадқиқоти он буда, ба қонуниятҳои фаҳмиши илмӣ ва коркарди методҳои муносиби омӯзиши предмет ва вазифаҳои фаҳмиш бахшида шудааст. Дар методологияи фанни таълимии ҳуқуқ донишҳои асосии методологии низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ истифода бурда мешавад. Методологияи фанни таълимии ҳуқуқ қисми махсуси таркибии он буда, дар доираи он қонуниятҳои ҷараёни фаҳмиши предмети мавзӯҳои тадрисшавандаи ин фанни таълимӣ омӯхта шуда, натиҷаи коркарди воситаву усулҳои дуруст ва самараноки тадқиқи низоми давлатию ҳуқуқии ҷамъиятро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Тамоми донишҳоро илм ба воситаи ҷараёни фаҳмиш мегирад. Дар ҷараёни фаҳмиш роҳу восита ва тарзу усулҳои гуногуни омӯзиши предмет истифода бурда мешаванд. Ин шаклҳои алоқамандии илм ва предметро методҳои фаҳмиши илмӣ меноманд.

Дар фарқият аз предмет, ки дар он объекти омӯзиши илм муайян карда мешавад, метод чӣ гуна омӯхтани предмети худ ва гирифтани донишҳо оиди онро аз ҷониби илм муаяйн мекунад. Гирифтани донишҳои объективию воқеии илмӣ аз истифодаи дурусти методҳои омӯзиши предмет вобаста аст. Омӯзиши методҳо имконият медиҳад, ки кадоме аз онҳо барои фаҳмиши зуҳуротҳои давлатию ҳуқуқии ҷамъият муносиб буда, бо кадом тартиб онҳо бояд дар давраҳои гуногуни фаҳмиши илмӣ истифода бурда шаванд. Методи омӯзиши илм аз маҷмӯи усулҳо, воситаҳо, принсипҳо ва қоидаҳо иборат буда, тавассути онҳо предмет омӯхта шуда, донишҳои нав гирифта мешавад. Метод тарзҳои омӯзиши зуҳуротҳо, предметҳо ва ҷараёнҳоро дар бар гирифта, роҳҳои мунтазами омӯзиши фаҳмиши илмӣ ва барқарор намудани ҳақиқату ростӣ мебошад. Ҳамин тариқ, методҳои омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ гуфта он роҳу восита ва тарзу усулҳоеро меноманд, ки ба воситаи онҳо предмети фанни мазкур омӯхта мешавад.

Ҳар як предмет вобаста ба мазмуну моҳияташ хусусиятҳои ба худ хосро дорад. Ҳар як мавзӯи омӯхташавандаи фанни таълимии ҳуқуқ дорои предмети худ буда, объекти омӯзиши илми алоҳидаи ҳуқуқӣ мебошад. Ба монанди, предмети ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ дар навбати худ объекти омӯзиши илми ҳуқуқҳои номбаршуда мебошанд. Аз ҳамин сабаб дар фанни таълимии ҳуқуқ маҷмӯи томи методҳои фаҳмиш истифода бурда мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Методҳо одатан вобаста ба асосҳои тақсимнамоӣ ба гурӯҳҳои гуногуни таснифоти тақсим мешаванд. Дар илми ҳуқуқ таснифоти методҳо вобаста ба амалашон ба методҳои умумиилмӣ, байниилмӣ ва хусусии ҳуқуқӣ истифода бурда мешавад. Ба сифати асоси методологии ин таснифот одатан методи материалистӣ ва методи диалектикӣ баромад менамоянд. Методҳои мазкур дар тамоми илмҳо истифода гардида, ҷараёни фаҳмиши илмиро омӯхта, асоси методологии ҳамаи дигар методҳо мебошанд.

Методҳои умумиилмӣ дар ҳамаи илмҳо ё аксарияти онҳо дар давраҳои гуногуни фаҳмиш барои расидан ба мақсадҳои мушаххаси фаҳмиш истифода мешаванд. Онҳо нисбати методҳи умумӣ ҳамчун методҳои махсус (методи низомнокӣ, методи расмии мантиқӣ, методи таърихӣ, методи таҳлили муқоисавӣ) баромад менамоняд. Методҳои байниилмӣ гуфта он усулу воситаҳое меноманд, ки дар илмҳои гуногун коркард гардида, дар илми ҳуқуқшиносӣ барои тадқиқотҳои махсус истифода бурда мешаванд (методи оморӣ, методи математикӣ, методи тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ, методҳои психологӣ). Методҳои хусусии ҳуқуқӣ дар доираи илҳои ҳуқуқшиносӣ коркард гардида, истифода бурда мешаванд (методи тафсири ҳуқуқ, методии муқоисавии ҳуқуқӣ, методи тарҳрезии ҳуқуқӣ, методи расмии ҳуқуқӣ).

Таснифоти методҳои омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ ба намудҳо чунин аст: методҳои умумӣ ва методҳои махсус.

Методҳои умумии омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ гуфта он роҳу восита ва тарзу усулҳоеро меноманд, ки тавассути онҳо тамоми илмҳо аз ҷумла илмҳои ҳуқуқшиносӣ омӯхта мешаванд. Методҳои умумии омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ аз методҳои умумиилмӣ ва методҳои байниилмӣ иборат аст. Ба методҳои умумиилмӣ методи диалектикӣ, методи материалистӣ, методи баромадан аз абстракт ба мушаххас ва баракс, методи эҳтимолият, методи эмпирикӣ, методи таърихӣ, методи мантиқӣ, методи ратсионалӣ ва ҳоказо дохиланд. Ба методҳои байнилмӣ методи низомнокӣ, методи қиёсӣ, методи мушаххаси сотсиологӣ, методи оморӣ, методи психологӣ, методи мушоҳидавӣ, методи анкетӣ ва ҳоказо дохиланд.

Методҳои махсуси омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ гуфта он роҳу восита ва тарзу усулҳоеро меноманд, ки тавассути онҳо мавзӯҳои омӯхташавандаи фанни таълимии ҳуқуқ тадқиқ мегарданд. Онҳо барои омӯзиши объектҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ истифода мегарданд. Истифодаи ҳар як методи махсуси омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ ба худ хусусиятҳои хосро дорад. Ба методҳои махсуси омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ методҳои омӯзиши тамоми низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ дохил мешаванд. Ба монанди, методҳои танзимнамоии назариявӣ-ҳуқуқӣ ва таърихӣ-ҳуқуқӣ (методи расмӣ-ҳуқуқӣ, муқоисавӣ-ҳуқуқӣ, низомӣ-таркибӣ, шаклӣ-ҳуқуққӣ, таҳррезии ҳуқуқӣ, мушоҳидаи ҳуқуқӣ, таърихӣ, генетикӣ, мантиқӣ); методҳои танзимнамоии маъмурӣ-ҳуқуқӣ (ҳокимият ва тобеият, иҷозатдиҳӣ, манъкунӣ, амрдиҳӣ); методҳои танзимнамоии гражданӣ-ҳуқуқӣ (баробарҳуқуқии тарафҳо, соҳибихтиёрии тарафҳо, манфиатнокии тарафҳо); методҳои танзимнамоии молиявӣ-ҳуқуқӣ (тавсиядиҳӣ, мувофиқакунонӣ); методҳои танзимнамоии ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ (татбиқи санксияҳои меъёрҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ, муқаррар намудани манъи ҷиноят, татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусиятҳои тиббӣ, озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, ваколатдор намудани шаҳрвандон ба ҳуқуқи мубориза бар зидди таҷовузҳои ба ҷамъият хавфнок) ва ҳоказо[1].

[1]Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе: «Эҷод», 2005. – С. 44-51; Общая теория государства и права: Учебник. / Под ред. В.В. Лазерева – М.: «Юристъ», 2001. – С. 33-37; Холиқов А.Ғ. Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон (аз давраи пайдоиш то интиҳои асри ХIХ). Қисми 1. – Душанбе: «Маориф», 2002. – С. 9-12; История государства и права России. Учебник. / Под ред. Ю.П. Титова. – М.: «Проспект», 2002. – С. 4-6; Холиков А.Г., Диноршоев А.М. Права человека. // Под ред. д.ю.н., проф. Холикова А.Г. – Душанбе, 2009. – С. 18-28; Алехин А.П., Кармолицкий А.А., Козлов Ю.М. Административное право Российской Федерации: Учебник. – М.: «Зерцало», 1997. – С. 31-38; Курс административного права и процесса. / Ю.А. Тихомиров. – М., 1998. – С. 84-85; Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми I. Китоби дарсӣ. // Зери таҳрири Усмонов О.У. – Душанбе: «Матбуот», 2001. – С. 18-22; Гражданское право. Том I. Учебник. / Под ред. А.П. Сергеева, Ю.К. Толстого. – М.: «Проспект», 1999. – С. 7-12; Раҷабов М.Н. Ҳуқуқи гумрукии ҶТ: Васоити таълимӣ. / Муҳаррири масъул проф. Ш.М. Менглиев. – Душанбе, 2001. – С. 13; Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Ҳуқуқи меҳнатии ҶТ (қисми умумӣ). Китоби дарсӣ. / Зери назари н.и.ҳ., дотс. Шанасридинов Н. – Душанбе: «Сино», 2006. – С. 11-16; Никонов Д.А., Стремоухов А.В. Трудовое право: Курс лекций. – М.: «Норма», 2007. – С. 15-18; Ҷабборов Р.Б. Ҳуқуқи экологии ҶТ: Китоби дарсӣ. – Душанбе, «Диловар-ДДМТ», 2004. – С. 55-57; Бринчук М.М. Экологическое право (право окружающей среды): Учебник для высших юридических учебных заведений. – М.: «Юристъ», 1999. – С. 72-74; Ҳуқуқи андоз. Китоби дарсӣ. // Зери таҳрири умумии д.и.ҳ., проф. Исмоилов Ш.М. – Душанбе: «Қонуният», 2003. – С. 28-29; Староверова О.В. Налоговое право: Учебное пособие для вузов./ Под ред. проф. М.М. Рассолова, проф. Н.М. Коршунова. – М.: «Юнити-дана», 2001. – С. 8-9; Финансовое право: Учебник. / Отв. ред. Н.И. Химичева. – М.: «Юристъ», 2000. – С. 41-43; Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Ҳуқуқи кишоварзӣ. Китоби дарсӣ. – Душанбе: «Қонуният», 2000. – С. 9-10; Аграрное право: Учебное пособие. / Отв. ред. д.ю.н., проф. С.А. Боголюбов и к.ю.н. Е.Л. Минина. – М.: «Норма», 2000. – С. 6-7; Ершова И.В. Предпринимательское право: Учебник. – М.: «Юриспруденция», 2006. – С. 8-9 ва ғ.

ҚаблӣҚонуни инкори инкор
БаъдӣНизоми фанни таълимии ҳуқуқ