Феълхои мутлак ва давомдор.
Феълҳои мутлақ амали ба анҷомрасидаро ифода мекунанд: гирифтам, дидам, хондааст, суҳбат кардем, хонда шудам.
Феълҳои давомдор амали бардавом ва баанҷомнарасидаро ифода мекунанд: мехондам, хонда истода будам, хонда истодаам, мехонад, мегӯяд, меравад.
Машқи 392. Матнро хонда, феълҳои мутлақ ва давомдорро ёбед ва шарҳ диҳед.
Расули Худованд хачирсавор ба рӯйи замин гашта, аз хӯрҷини калоне ба ҳамаи халқҳо забон тақсим мекард. Ба назди хитоиҳо рафта, ба онҳо забони хитоӣ дод. Ба назди арабҳо рафта, ба онҳо забони арабӣ дод. Ба юнониҳо забони юнонӣ дод, ба русҳо –русӣ. Ба франсавиҳо –франсавӣ. Забонҳои гуногун буданд: яке нарму дигаре сахт, яке хушоҳангу дигаре хушобуранг. Халқҳо аз ин неъмат шод гардида, ҳар кадоме ба забони худ сухан оғоз карданд.
Инак, он Расули Худованд хачирсавор ба Доғистони мо расид. Вай навакак ба гурҷҳо забон дод, ки сонитар ба он забон Шота Руставели достони худро иншо мекунад. Навбат ба мо ҳам расид. Иттифоқан ҳамон рӯз дар кӯҳсори Доғистон бӯрон буд. Барф дар дараҳо печутоб хӯрда, ба осмон мебаромад, на роҳ менамуду на хонаҳо…
-Не, – гуфт забон тақсим мекардагӣ, ки кайҳо ришу мӯйлабаш ҳам ях карда буд, – ман ба ин кӯҳу камар часпида намегардам, боз дар ин хел ҳаво.
-Ҳар кӣ чӣ хел хоҳад, гирад, -гуфт.
Забонҳои ба замин рехтаро бӯрон бардошта, ба дараву кӯҳҳо пароканда кард. Ҳамин вақт ҳамаи доғистониҳо аз хонаҳои худ давида баромаданд. Онҳо саросема, якдигарро тела дода, ба сӯйи ин бӯрони неъматбахш, ки ҳазорҳо сол мунтазираш буданд, шитофтанд. Ба донаҳои гаронбаҳо дарафтода, ба ҳар кӣ ҳар чӣ расад, чидан гирифтанд.
Пагоҳӣ хестанд, ки ба рӯйи замин офтоб нур мепошад. Нигаранд, кӯҳ! Акнун ин «кӯҳ». Номи онро гирифта, гап задан мумкин. Нигаранд –баҳр! Акнун ин «баҳр»! Номашро гирифта, гап задан мумкин…
Ҳамаи одамон берун зада баромада, бо як овоз нидо карданд: «Кӯҳ!». Гӯш карданд – аз они ҳама ҳар хел баромад. Аз ҳамон вақт аварҳо, лазгиҳо, дарғиҳо, қумоқҳо, тотҳо, лакҳо пайдо шуданд. Аз ҳамон вақт инҷониб ин якҷоя Доғистон ном дорад.
Расул Ғамзатов
Савол ва супориш
- Дар ҷумҳурии мо мардум бо кадом забонҳо гап мезананд?
- Гӯед, ки матн ба кадом услуб мансуб аст.
- Аз матн чӣ натиҷагирӣ кардед? Чаро?